Обама Иди Фитрро ба мусулмонон табрик гуфт

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, Иди Фитрро ба мусулмонони ҷаҳон табрик гуфт ва афзуд, ин ид бозтоби аҳамияти таҳаммулпазирии динӣ ва нақши мусбати мусулмонон дар ҳаёти Амрикост. Вай ҳамчунин ба хайру саховат барои осебзадагони сел дар Покистон даъват кард.