Ҷавонеро, ки дар мулоқоти раиси ҷумҳур бо донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳо ногаҳонӣ аз миёни анбӯҳи одамон ба назди микрафон омад ва ба Эмомалӣ Раҳмон мактуби шикоятиашро дод, бисёриҳо дар хотир доранд.
Баъд аз баромади расмии раиси ҷумҳур, қисмати суолу посух оғоз гардид. Донишҷӯёни факултаҳои мухталиф аз рӯйи барномаи қаблан тарҳрезӣ шуда сипосӣ худро ба президент баён намуданд.
Баромади ғайримунтазира
Аммо баромади ин писар воқеъан ҳам ғайриинтизор буд. Ҳарчанд масъулин монеъи баромадаш шуданд, аммо бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, имкони сухан гуфтанро пайдо кард ва ҳатто мактубашро бо дасти худ бурда ба президент супурд :
«- Ассалому алейкум мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ман дар хонаи бачаҳо ва мактаб интернати рақами 1 тарбия гирифтаам. Чандин сол аст, ки ба ҳукумати кишвар нома менависам, лекин ягон чора дида намешавад. Ман мушкилии зиёд дорам, гуфтаниҳо дорам ба Шумо. Вақти Шуморо намегирам, ҳама суханро дар ин нома навиштаам, мехоҳам ба шумо бидиҳам. Ман як модари бемор дорам, маъюб аст мемирад, аммо инҳо маро мезананд, намемонанд ба наздатон оям. Базӯр баромадам.... Илтимос кӯмак кунед....
Раиҷумҳур: - Нағз таҳсил кун, ман супориш медиҳам...»
Ин ҷавони ҷасур кист?
Ин ҷавони 20 сола, худро Шамсиддин Мирзоев муааррифӣ кард. Вай баъд аз ҷасурона ба минбар баромадану мулоқоти рӯ ба рӯяш бо раиси ҷумҳур, дар кишвар маъруф ҳам гардид.
Дар соли аввали факултаи физикаи Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекунад. Шамсиддинро дар хобгоҳи омӯзишгоҳи касбии информатика ва техникаи воқеъ дар маҳалаи 46 –уми пойтахт аз як ҳуҷраи васеъи ифлос, ки аз чашрп рахти хоб ва як мизи шикастае иборат буд, ки дар гӯшаи ҳуҷра вазифаи ошхонаро иҷро мекард, пайдо кардам.
Ин хобгоҳро ҳам, Шамсиддин баъд аз хатми омӯзишгоҳ бояд тарк гӯяд, аммо бо иҷозаи роҳбарият, феълан ба таври муввақат дар онҷо ба сар мебарад. Вай дар мавриди муҳтавои мактубаш ба раисҷумҳур чунин гуфт:
"Мазмуни он иборат буд, ки ман як модари бемор дорам, нафақааш кам аст. Чандин сол дар кӯча зиндагӣ мекардам, ҷойи зист надорам. Ба мисли ман чандин бачаҳо дар кӯча зиндагӣ мекунанд. Барои ҳамин гуфтам, илтимос Ҷаноби Олӣ ба ман кӯмак кунед. Рӯзҳоям хеле сахт мегузарад"
Интизороти Шамсуддин аз раиси ҷумҳур
Озодӣ- Аз раисҷумҳур чи кӯмакро интизоред?
Шамсиддин: - Худи Ҷаноби Олӣ моро дастгирӣ кунад , шароитамон вазнин аст. Ман хоҳиш кардам, ки агар тавонанд ба ману модарам ҷойи зист диҳанд. Ман дар донишгоҳ хонам, ба ман дафтару китоб намерасад. Ҷаноби Олӣ агар тавонад барои таҳсил, барои зиндагӣ маро сарпарастӣ кунанд. Навиштам, ки Донишгоҳи миллӣ на бо хобгоҳ ва на бо идрорпулӣ таъмин намекунад. Ман борҳо ба ҳукумат муроҷиат кардам, аммо чора надиданд, баъд тасмим гирифтам, ки ба худашон муроҷиат кунам».
Баъд аз баромади Шамсиддин дар пойтахт чунин овоза паҳн шуд, ки гӯё вай ақл бохтааст. Аммо худаш мегӯяд ӯ ақлбохта нест, балки барои беҳбуд ёфтани зиндагиаш мубориза мебарад. Чун бар он назар аст, ки ӯ низ ба доштани зиндагии арзанда ҳуқуқ дорад.
Шамсиддин дар ин замина гуфт:
«Ман ягон маротиба дар беморхонаи рӯҳӣ бистарӣ нашудааам. Ман дар мактаб, литсей ва донишгоҳ хуб мехонам. Фаъолияти нағз дорам. Аз муоинаи табибон гузаштам, маро гуфтанд, ки ман сиҳатам. Дар вақти дохилшудан ба донишгоҳ низ аз муоинаи табибони асаб гузаштам. Бемор набудам».
Озодӣ – Шумо ба ин мулоқоти раисҷумҳур даъватӣ будед?
Шамсиддин: - Не ман худам рафтам, ман ҳамин ҳаракатро кардам, ки ба худашон бароям. Чун чандин сол нома менависам, касе ба додам намерасад».
Раиси ҷумҳур ҳарфи ҷавононро мешунавад
Ба мисли Шамсиддин зиёд буданд нафароне, ки бо ҳар роҳу восита ба мулоқоти раисҷумҳур роҳ меёбанд ва барои расидан ба мушкилоти мухталифашон аз ӯ мадад мепурсанд.
Таҷриба низ нишон медиҳад, ки ба аксари ин нафарон расиҷумҳур кӯмак ҳам мекунад. Барои мисол, сарояндаи ҷавоне, ки аз монеъаҳои бюрократии соҳаи фарҳанг шикоят кард, ҳоло ӯро гоҳ - гоҳ дар телевизион метавон дид ва ё садояшро тариқи радиоҳои давлатӣ шунид.
Донишҷӯдухтаре, ки аз беадолатӣ дар вақти имтиҳоноти қабул шикоят кард, бо тавсияи раиси ҷумҳур ба факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ шомил шуд.
Аммо нафарони корафтода хеле зиёданд ва бахт ба рӯи на ҳамаи онҳо механдад, ки арзашонро бевосита ба президент расонанд.
Гуфта мешавад, агар ба арзу шикоятҳои мардум дар зинаҳои поёни расидагӣ кунанд, зарурат ба ин гуна муроҷиатҳои оммавӣ аз байн меравад. Вале чаро чунин нест? Чун маълум аст, ки нафарони корафтода ноилоҷ аз ин усули муроҷиат истифода мекунанд.
Мисли Шамсуддин ҷавонони бесарнавишт зиёданд
Муслима Абдулоева, ҷомеъашиноси тоҷик мегӯяд, заиф будани низоми кор дар бисёр зинаҳои поёни ҳукуматӣ ба он сабаб мегардад, ки шаҳрвандон ҳатто барои ҳалли масъалаҳои хурду реза ба раиси ҷумҳур муроҷиат кунанд:
« Дар он ҷомеъаҳои ҷаҳонӣ ин гуна муроҷиатҳо ба мисли арзу шикоятҳо ба тарзи демократӣ сурат мегирад. Дар мо бошад мардум одат накардааст, агар нафаре аз чизе шикоят кунад ба ӯ чун душмани ҳукумат ва ҷомеъа нигоҳ мекунанд. Дар ҳоле, ки онҳо чун шаҳрванд ба ин ҳақ доранд. Ана ҳамон ҷавон, ки аз суханҳояш бармеояд, аз чандин зинаҳои мақомот гузаштааст. Аммо бенатиҷа, барои ҳамин маҷбур шудааст, ки ба раисҷумҳур муроҷиат кунад. Ин амали ӯ ба ман писанд наомад. Барои ин ҳаст шахсони мутасаддӣ, ки ба ин масъалаҳо машғуланд. Савол бармеояд, ки ҳамаи арзу шикоятҳои мардумро президент дида барояд, дигарон чи кор мекунанд?».
Аммо бо вуҷуди ин ҳама, Шамсиддин, ҳар рӯзро дар интизории хабари хуш сипарӣ мекунад. Вай мегӯяд, бисёр хатмкунандаҳои мактаб-интернатро мебинад, ки ба наврасони хиёбонӣ табдил меёбанд.
Аммо вай, ки аз ин тарзи зиндагӣ ошно аст, намехоҳад дар оянда ба нафари бехонаву дар ва хиёбонӣ табдил ёбад.
Ӯ меафзояд бисёр мехоҳад таҳсилашро дар донишгоҳ бе мушкил идома диҳад ва дар оянда нафари бобрӯ ва ба ҷамъият муфид бошад.
Шамсиддин эътимод дорад, ки муроҷиати ӯ бе посух намемонад ва ҳатман барояш дасти кӯмак дароз мекунанд.