Панҷ намуд ҳалво ва панҷ намуд ояту бовару хосияти омода кардани онҳо дар рӯзи иди фитр дар деҳоти Тоҷикистон мӯҳтавои матлабест дар маҷаллаи «Фарҳанг ва андеша»-и Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ.
Мадуми Тоҷикистон имсол ду идро пайи ҳам пешвоз мегиранд, Солгарди истиқлоли кишвар ва иди фитрро. Аммо чунин ба назармерасад, ки мардум дар муқоиса бо ҷашни истиқлол бештар барои хубу сазовор истиқбол кардани иди фитр мекӯшанд. Ва ба нарху навои ба осмон дакахӯрдаи бозор нигоҳ накарда, талош доранд, ки дастурхони идонаашон бошукӯҳтар аз соли гузашта бошад. Масалан гувоҳи ин метавонад бозорҳои серодам ва савдои гарми дӯконҳои ширинифурӯшӣ бошанд. Ва низ такудави бонувони тоҷик дар гирди деги ҳалво, орзуқу чак-чаку чагалдак ва низ сари танури чаппотиву кулча ва фатирҳои варақӣ, ки зеби дастурхони идона мебошанд.
Дар чунин рӯзҳои серкориву сертарадудии занон, мо озими ноҳияи Ваҳдат шудем ва вақте кадбонуҳои боҳунарро суроғ кардем, моро ба хонаи Мисқол, зани 55 солаи сокини ҷамоати Ваҳдатобод роҳнамойӣ карданд. Холаи Мисқол дар миёни ҳамдеҳагони худ ҳамчун ҳалвопази чирадаст машҳур аст.
Мегӯянд ҳалвои сафедаку ширӣ ва сиёҳакро ҳеҷ кас дар ин гирду атроф мисли вай пухта наметавонад. Ба гуфтаи худаш, дар арафаи идҳои рамазону қурбон,занҳои ҷавон пушти дараш навбат меистанд, ки дар пухтани ҳалвоҳои мухталиф кӯмакашон кунад.
Бо камтарин иштибоҳ ва ё баланду паст шудани оташи зери дег, ҳалво метавонад вайрон шавад ва ба таври дилхоҳ омода нашавад. Хонум Мисқол ин ҳунарашро ба чанд ҳамдеҳааш омӯхтааст, вале онҳо бе иштиоки ӯ ва ё маслиҳаташ ҳалво намепазанд.
Холаи Мисқол дар сӯҳбат бо мо гуфт, ӯ тамоми хусуят ва боварҳову ояҳое, ки мансуб ба пухтани ҳалво аст, аз модараш омухтааст. Вай ба ин бовар аст, ки бояд ҳалвро аз назари мардум дуртар ва дар танҳоӣ пухт вагарна пай меояд ва вайрон мешавад.
Ӯ гуфт пеш аз пухтани ҳалво орзуву ниятҳояшро сари дег мегӯяд ва пасон ба пухтани халво шуруъ мекунад. Орзуи кардаи ӯ ин будааст, ки пимсараш сиҳату саломат аз муҳоҷират баргардад ва хонадораш кунад.