Манъи даъвати хонандагон ба масҷид

Шӯрои уламои Тоҷикистон бо дархости Кумитаи дини кишвар ба имомхатибони масоҷид дастур додааст, ки аз даъвати хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён ба масоҷид худдорӣ кунанд.
Ин тадобири дигари ҳукумати Тоҷикистон аст, ки тайи солҳои ахир ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши, ба истилоҳ, исломишавии ҷомеаи пиёда мешавад.

Дастури ахир дар пайи муроҷиатҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳия шуд, ки ҳангоми сафарҳояш ба манотиқи Тоҷикистон аз мардум даъват кард, то фарзандҳои худро барои таҳсил дар мадрасаҳои машкук ба хориҷа нафиристанд.

Даъват ба “зиракии сиёсӣ”

Президент Раҳмон гуфт, ки ин пойгоҳҳо аз ҷавонони тоҷик террористу тундгаро ва душмани миллат месозанд. Оғои Раҳмон ҳамчунин мардумро ба "зиракии сиёсӣ" даъват намуд ва ба даст доштани руҳониён дар ҷанги дохилии солҳои 90-и Тоҷикистон таъкид кард.

Суҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стратеги назди раёсатҷумҳур, мегӯяд, таъкидҳои президент ба густариши тундгароӣ асос бар таҳқиқот доранд
Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, таъкидҳои раисҷумҳур бар густариши терроризму экстремизм аст, ки ҳамеша буданд ва сӯҳбатҳои ӯ асос бар таҳқиқоте доранд, ки дар дохилу хориҷи кишвар омода шудаанд. Вай афзуд:

«Президент як бори дигар мардуми Тоҷикистонро огоҳ карданд, ки ҳушёриашро гум накунад. Ман фикр мекунам, уламои саршинос ва шайхҳои Тоҷикистон ҳам тарафдори он ҳастанд, ки мазҳабу фаҳмиши исломи роиҷ дар Тоҷикистон арзиши фарҳангии Тоҷикистон аст ва ҳифзи ин манфиатҳо кори ҳам президент, ҳам ҳар фарди Тоҷикистон аст».

Дар посух ба суоли «оё ҳукумати Тоҷикистон аз густариши нуфузи исломи сиёсӣ дар шахси Ҳизби наҳзати исломӣ ва руҳониёни кишвар хавф пайдо кардааст?» оқои Шарипов гуфт, пояҳои сохтори давлатдории Тоҷикистон хеле қавӣ аст ва нерӯе барои афкандани онҳо дар дохилу хориҷ вуҷуд надорад.

Ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи Тоҷикистон

Масъулин мегӯянд, таҳлилҳо дар бораи вазъи кишвар, аз ҷумла дину мазҳаб, дар Кумитаи дин, Маркази исломшинос ва низ Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳур омода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол Gallup, як созмони байнулмилалӣ зимни таҳқиқе рӯи нақши дин дар кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистонро дар ҷои 56-ум қарор дода, ба хулосае расидааст, ки диндортарин кишварҳои ҷаҳон қашшоқтарини онҳоянд. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ лагери сотсиалистӣ мавқеи аввалинро дорад ва 84% пурсидашудагон тасдиқ кардаанд, ки дин барои онҳо муҳим аст ва 12% гуфтаанд, дар ҳаёти онҳо ҳеҷ мақоме надорад.

Иддае аз коршиносон бар инанд, ки дин дар қиёс бо сиёсату иқтисод бештар рушд мекунад, ки авоқиби нохуши амниятӣ дар пай хоҳад дошт. Онҳо мегӯянд, вақте қонуниятҳои иқтисоду сиёсат кор намекунанд, қонуниятҳои дин қавӣ ва доираи нуфузаш васеъ мешавад ва ин авомил то куҷо дар рушди кишвар нақш хоҳанд дошт, бояд омӯхта шаванд.

Решаҳои равандҳои тундгароӣ

Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, мушкилоте, ки имрӯз дар заминаи дину мазҳаб, аз қабили тавсеаи мазҳабу созмонҳои ғайрианъанавии тундгаро ва террористӣ, ба сари кишвар омадаанд, натиҷаи фаъолиятҳои бесамари иқтисодиву сиёсии ҳукумати Тоҷикистон бар омадааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд: «Зуҳуроте ба монанди экстремизм ва терроризм якбора ба вуҷуд намеоянд. Инҳо солҳои тӯлониро тақозо мекунанд. Аммо чаро имрӯз мавзӯи сӯҳбат шуданд, воқеан ҷои суол аст. Шояд худи мақомот посух гӯянд, ки чаро вақтҳои ахир дар сӯҳбатҳо ва лексикон ин калимот зуд-зуд пайдо шудаанд. Ин ҳам дар ҳолатҳое, ки мавзӯъҳо бояд гуногун бошанд, аммо аксари сӯҳбатҳо дар атрофи экстремизму терроризм аст».

Дар ҳамин ҳол, Рустам Ҳайдаров, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, решаи нигарониҳои Тоҷикистон дар ташдиди муборизаи Амрикову Русия таҳти ниқоби мубориза бо терроризм ва экстремизм дар минтақа аст. Вай афзуд, ҳукумати Тоҷикистон аз он хавф дорад, ки бо хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз Афғонистон нерӯҳои сиёсии мазҳабӣ тақвият пайдо хоҳанд кард:

«Тоҷикистон давлати дунявӣ ҳам бошад, ҷомиа мусалмонист. Хоҳ-нохоҳ дар ҳаёти мардум ислом нақши муайянеро бозӣ мекунад. Дар ин маврид гуфтан, ки таҳдидҳо аз сӯи экстремистон ва террористон вуҷуд дорад, онҳо давлати исломӣ месозанд, як қадар беасос аст. Таҳлили дуруст аввал бояд кард, баъд тасмим гирифт. Вагарна хатои бузург мешавад».

Бархе дигар аз коршиносон сӯҳбат аз таҳдиди экстремизму тундгароӣ дар сатҳи олиро аз шеваи қадимии сиёсатмадорон унвон мекунанд, ки дар бисёр ҳолатҳо барои тағйири тамаркузи мардум аз як мавзӯъ ба масъалаи дигар истифода мешавад.. Ин гуруҳи таҳлилгарон изҳоротҳои пурсару садои мақомот дар мавриди тундагароиву терроризмро ба таҳаввулоти ахир дар кишвар рабт медиҳанд, ки барои ҳукумати ин кишвар низ ғайримунтазира будаанд ва акнун зараруте пеш омадааст, ки заъфҳои мақомот пӯшида шаванд.