Фурудгоҳи Айнӣ: Тоҷикистон дар дуроҳаи интихоб

Ҳафтаи гузашта баъди тармими ҷиддӣ фурудгоҳи Айнӣ мавриди истифода қарор гирифт. Аз ин фурудгоҳи низомӣ, кӣ баҳра хоҳад бурд,Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Русия ва ё Ҳинду Амрико?
Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, бо он, ки ин фурудгоҳ дар гузашта моли шӯравӣ буду ахиран аз сӯи мутахассисини Ҳинд таъмиру навсозӣ шудааст, моликияти Тоҷикистон аст. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон дар ин бора гуфт:

«Дар ҳоли ҳозир, мо дар бораи истифодаи фурудгоҳи Айнӣ ба ҳеҷ як кишвар қарордод имзо накардаем. Ва ин фурудгоҳ дар ихтиёри нерӯи ҳавоӣ ва нерӯи дифои зидди ҳавоии Тоҷикистор қарор дорад».



Русия интизори иҷрои тавофуқи соли 2008

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои хабарии Русия, президент Раҳмон ва Медведев ҳамтои русияш, дар 30-уми августи 2008 дар Душанбе қарордодеро дар бораи истифодаи муштараки фурудгоҳи Айнӣ имзо кардаанд.

Ва тибқи ин қарордод, бояд замони мавриди истифода қарор гирифтани ин фурудгоҳ, 5 адад ҳавопаймои ҷангии боздорандаи модели СУ-25, ҳамчунин чархболҳои МИ-24 ва МИ-8-и Русия дар ин фурудгоҳ мустақар шавад. Вале сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ин навиштаҳоро беасос хонд.

Фурудгоҳи Айнӣ дар атрофи шаҳраки Ҳисор, дар 25 километрии ғарби Душанбешаҳр қарор дорад. Дар ҳудуди ин фурудгоҳ дар замони шӯравӣ ҳамчунин яке аз марказҳои таъмири чархболҳои артиши шӯравӣ дар Осиёи Миёна низ мавҷуд буд.

Фурудгоҳи Айнӣ ахиран аз сӯи мутахассисони Ҳинд таъмиру навсозӣ шуда, бо навтарин васоили аэронавигатсионӣ ва дифоъӣ муҷаҳҳаз шуда, дар он тамоми навъҳои ҳавопаймоҳои низомӣ ва ғайри низомӣ метавонад фуруд ояд, зеро тӯли хатти парвози ин фурудгоҳ 3200 метр аст.

Ба далели он, ки ин фурудгоҳ аз сӯи мутахассисони Ҳинд навсозӣ шуд, бархе аз коршиносон дар ихтиёри Ҳинд қарор гирифтани ин фурудгоҳро мумкин хондаанд. Вале ба эътиқоди бархе дигар аз коршиносон, Тоҷикистон ба далели равобити хубаш бо Покистон ин фурудгоҳро дар ихтиёри Ҳинд қарор нахоҳад дод.

Амрико қасди истифода аз Айниро надорад

Масъалаи ба фурудгоҳи Айнӣ кӯчидани неруи ҳавоии Фаронса мустақар дар фурудгоҳи Душанбешаҳр низ матраҳ буд. Ва гумоне аз сӯи Русия низ вуҷуд дорад, ки гуё Амрико барои истиқрори нерӯи ҳавоии худ дар фурудгоҳи Айнӣ талош дорад.

Аммо Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷии Амрико пас аз дидору гуфтугӯи ахираш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон вуҷуди ҳамчунин талошро рад кард.

Ин дар ҳолест, ки Русия аз талоши худ дар робита ба фурудгоҳи Айнӣ даст накашидааст ва ин мавзӯъ дар гуфтугӯҳои ахири руасои ҷумҳурии Русия ва Тоҷикитон дар Сочӣ матраҳ буд.

Ва ба навиштаи расонаҳои хабарии Русия Медведев аз Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш тақозо кардааст, то раиси ҷумҳури Тоҷикистон ваъдаи дар соли 2008 дар робита ба фурудгоҳи Айниро додаашро ба ёд биёрад.

Ин дар ҳолест, ки Русия мехоҳад ин фурудгоҳро комилан аз худ кунад, вале Тоҷикистон намехоҳад ин фурудгоҳро ройгон дар ихтиёри Русия қарор диҳад.