Тибқи хабарҳои расида, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба тавофуқ расидаанд, ки гаравгонҳои якдигарро аз банд раҳо кунанд. Гуфта мешавад, баъди гуфтушуниди тарафайн, рафту омади шаҳрвандони ду самти марз аз тариқи қаламрави ҳамдигар ба маҷрои пештараи худ баргашт.
Ба иттилои дафтари матбуоти хадамоти марзбонии кумитаи амнияти Қирғизистон, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ин кишвар ва муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон баъди гуфтушунид ба чунин натиҷа расиданд, ки гаравгонҳоро ба якдигар таслим кунанд.
Ихтилофи назарҳо аз байн рафтааст
Мувофиқи натиҷаҳои ин гуфтушунид, посгоҳҳои иловаги низ аз байн бардошта хоҳанд шуд, ки баъди вуқӯи ҳодисаҳои марбут ба боздошти афсарон, марзбонон ва як гурӯҳ шаҳрвандон таъсис ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол сокинони ноҳияи Сӯх ва деҳаи Шоҳимардони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон аз муҳосира наҷот ёфтаанд.
Дафтари матбуоти хадамоти марзбонии қирғиз мегӯяд, фармондеҳон перомуни ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ низ табодули назар намуданд, ки аз ихтилофи назарҳо дар бораи истифодаи захираҳои об ва чарогоҳҳои марбути қаламрави вилояти Ботканд маншаъ гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки полковники нерӯҳои марзбонии кирғиз Зиёдулло Бегматов ва подполковник Исматулло Анорбоев, охири моҳи август дар вайрон кардани марзи Ӯзбекистон мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи Тоштемир Эшалиев, мудири шӯъбаи дифои ҳукумати вилояти Ботканд, ду афсари нерӯҳои марзбонии кишвараш, ки барои пеш бурдани музокира бо ҳамтоёни ӯзбеки худ ба ҷои таъйинкардаи онҳо ҳозир шуда буданд, хилофи чашмдошт дар вайрон кардани марзи давлатии Ӯзбекистон муттаҳам дониста шуданд.
Вай афзуд, лейтенанти нерӯҳои марзбонӣ Мелис Приев ва марзбони қаторӣ Нурҷаҳон Саримсоқов, ки дар гарав ба сар мебурданд, аз банд озод шуданд. Ҷониби Ӯзбекистон гуфтааст, ки подполковник Исматулло Анорбоев то пайдо кардани сержанти хурди нерӯҳои марзбонӣ Хабитов ҳамчун гаравгон дар дасти онҳо боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, ки сержант Хабитов ва боз чанд шаҳрванди Ӯзбекистон 21 август аз тарафи афроди ҷиноии Қирғизистон дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканди ин кишвар дастгир шуда буданд. Дар ҳамин ҳол шаҳрвандон аз банд раҳо гардида, вале маҳали зисти сержант Хабитови ӯзбек номаълум боқӣ мондааст.
Мушкилоти тоҷиктаборон афзудааст
Аммо ин таҳаввулот дар ҳаёти мардуми ноҳияи тоҷикнишини Сӯхи вилояти Фарғона чӣ таъсире гузошт?
Камолиддин Азизов, як сокини ин ноҳия мегӯяд, баъди ҳодисаҳои гаравгонгирӣ, ноҳияи Сӯх дубора дар муҳосираи ҳаматарафа қарор гирифт.
Ба гуфтаи вай, рафту омади сокинони Сӯх ба минтақаҳои дигари вилояти Фарғона ғайриимкон гардид, мушкилоти мардум беш аз пеш афзуд. Камолиддин Азизов мегӯяд, ҳатто ашхосе, ки ба аёдати беморонашон ба шифохонаи марказии вилоят рафта буданд, чанд рӯз дар он тарафи марз дармонданд ва натавонистанд, ки ба хонаҳои худ баргарданд.
Ба таъкиди Камолиддин Азизов роҳи ягонаи баромад аз ин бумбаст, ҷудо кардани даҳлез ё коридор аз тариқи марзи Қирғизистон барои сокинони ноҳияи Сӯх мебошад. Вай таъкид кард, ки роҳи дигар вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, хоставу нохоста бастани марз зуд-зуд ба вуқӯъ мепайвандад ва ҳамаи мушкилот ба сари мардуми ноҳияи Сӯх меафтад. Камолиддин Азизов мӯътақид аст, ки бастани марзҳо бештар аз роҳи сунъӣ сурат мегирад, ки дар наҳоят ба ташаннуҷ рӯбарӯ шудани авзоъ дар ин минтақа низ шудааст.