Маркази робитаҳои иҷтимоии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки таркиш дар дискоклуби "Дӯстӣ" бар асари бархурди ду гурӯҳи ҷавонон сурат гирфита ва танҳо як амали авбошӣ аст.
Дар натиҷаи таркиши як бомби худсохта 7 нафар захмӣ шудаанд, ки вазъи 2 тани онҳо сангин унвон мешавад.
Дар ҳоле, ки қабл аз ин хабаргузории "Авеста" ба нақл аз манобеъи худ дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ин воқеаро ҳамлаи ҳадафмандонаи террористӣ унвон карда буд.
Аммо намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, инфиҷор дар натиҷаи беэҳтиётӣ бо абзори протехникӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ин манбаъ гуфт, ки бар асари таркиш 6 нафар захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Шоймуродов, навбатдори Вазорати умури дохилӣ, дар сӯҳбати телефонӣ ба Озодӣ гуфт, аз сабаби ин ки мизҳои дискоклуб шишагӣ будаанд, ҳангоми таркиши абзори пиротехникӣ аз ҳам пошида, ба 6 нафар дар ин клуб зиён расонидаанд.
Соати 2-и шаб, замоне ки мо ба ҷои ҳодиса рафтем, гурӯҳе аз маъмурони пулис атрофи дискоклубро муҳосира карда буданд. Дар саҳни ҳавлии дискоклуб як мошини навбатдори милиса ва як мошини ёрии таъҷилӣ ҳам буд. Чанд тан аз сарбозон ва мошинаи навбатдори фаврии Вазорати мудофиа низ дар назди дискоклуб, ки дар сари роҳ ҷой гирифтааст, меистоданд.
Бо ин вуҷуд, маъмурони пулис аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ намуданд ва ҳатто мавриди таркиш дар бинои дискоклубро ба навъе инкор карданд. Яке аз онҳо гуфт, ки ягон рӯйдоди муҳиме сар назада, балки дар дискоклуб байни ҷавонҳо даргирӣ ба вуқӯъ пайвастаасту халос. Вале дар айни замон ин маъмурони пулис, ки теъдодашон ба даҳ нафар мерасид, нагузоштанд, ки мо аз наздик ҷои таркишро бубинем ва наворбардорӣ кунем.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи яке аз пизишкони бахши қабул дар бемористони маҳаллаи мавсум ба «1-ум Советский», онҳо дар соатҳои аввалияи инфиҷор, се нафар аз захмиёнро, ки гуфта мешавад раҳгузар будаанд, қабул намуда баъдтар онҳоро ба бемористони Қарияиболо интиқол додаанд.
Хабарнигори мо, ки субҳи имрӯз аз маҳалли ҳодиса дидан намудааст мегӯяд, ки бинои дискотека осеби зиёд надидааст ва мақомоти интизомӣ ҳоло маҳалли ҳодисаро иҳота намуда монеъи вуруди мардум ба онҷо мешаванд.
Аммо ронандагони таксиҳои назди дискоклуб, ки шоҳидони ҳодиса будаанд, иқрор карданд, ки дар нимаи аввали шаб дар «Дӯстӣ» таркише ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар пайи он мошинҳои ёрии таъҷилӣ чанд нафарро бо худ бурдаанд.
Бо ин вуҷуд, вазъият ором буд. Ба назар мерасид, ки манзилҳои атрофи бинои дискоклуб осебе надидаанд. Мардуми бештаре ҳам дар кӯча гаштугузор намекарданд. Як сокини минтақа гуфт, садои баланде ва баъд аз чанд фосила ожир ё сигнали мошинҳои ёрии таъҷилиро шунидааст
Тамосҳои пайвастаи мо ба навбатдори Вазорати умури дохилӣ барои рӯшан кардани натиҷаи ин таркиш тақрибан бидуни натиҷа анҷом меёбад. Зеро онҳо низ мегӯянд, ки ҳанӯз пайомад ва хисороти ин таркиш баровард нашудааст ва ҳанӯз маълум нест, ки ин таркиш аз таҷҳизоти газӣ ба вуқӯъ омада ё нафаре маводди мунфаҷираро тарконидааст.
Ин таркиш ду рӯз пас аз таркиши дигаре дар шимоли кишвар, шаҳри Хуҷанд садо дод. Субҳи рӯзи ҷумъа мошини бомбагузоришуда аз дарвозаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои соозмонёфта ворид гашта, дар саҳни он мунфаҷир гашт, ки бар асари ин воқеа худи ҳамлагар ва 2 корманди милиса кушта шуда, 26 маъмури дигари милиса ва 2 нафари мулкӣ ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.