Суолҳои бепосухи инфиҷори Хуҷанд

Ҳамлаи интиҳории рӯзи ҷумъа ба раёсати минтақавии корҳои дохилии Тоҷикистон дар Хуҷанд суолҳои зиёдеро ба бор овардааст, ки аксари онҳо то ҳол посух надоранд. Таҳлилгарон бештар сари мавзӯи ҳуввияти ҳамлаварон сӯҳбат мекунанд ва фарзияҳои мухталифро пеш меоранд.
Суолҳои дигаре, ки коршиносон матраҳ мекунанд, ин аст, ки оё ин ҳодиса ба фирори 25 нафар аз маҳбаси Кумитаи амнияти миллӣ рабт дорад ё хайр? Оё ин танҳо як ҳодиса аст ё боз давом хоҳад кард?

Нигарониҳои мардуми Тоҷикистон

Бояд гуфт, барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон таркиши интиҳорӣ сурат гирифтааст. Ин ҳодиса ҷомеаро, ки хабарҳои марбут ба маргталабҳоро аз Афғонистону Ироқ мешунид ва ҳайратзада мешуд, шадидан нигарон кардааст. Шаҳрвандон аз он нигаронанд, ки агар ин шеваи мубориза дар Тоҷикистон реша давонад, сарнавишти миллат чӣ хоҳад шуд.

Ҳуҷуми интиҳории рӯзи ҷумъа бо чаҳор қурбонӣ ва як идда мардуми маҷруҳ Хуҷандро такон дод ва шаҳрвандонро дар дохилу хориҷ ноороҳат кард. Ин ҳодиса дар сояи фирори 25 нафар аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ ва шурӯи амалиёти бозошти онҳо дар ноҳияи Ваҳдат рух дод. Ва акнун мардум ҳадс мезананд, ки оё ин ҳодиса кори дасти кадом шахс ё гурӯҳе бошад? Ин амали якдафъаина ҳаст ё боз ҳам идома хоҳад ёфт?

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ, мегӯяд, таркиш кори дасти душманони миллат аст
ҲНИТ таркишро маҳкум кард


Рӯзи ҷумъа Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зимни баргузории як нишасти оҷил ҳуҷуми интиҳори дар Хуҷандро ба шиддат маҳкум кард. Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва вакили порлумон гуфт, ки ин амал кори дасти афродест, ки оромиву суботро намехоҳанд ва эҳтимолан сокини Тоҷикистон нестанд.

“Бахусус, ки мо дар марҳилаи таҷлили истиқлолияти кишвар ҳастем, метавон гуфт, ки иҷрои чунин аъмол аз ҷониби фарзандони миллат баъид аст. Шояд кори касоне бошад, ки онҳо дар сангар, дар муқобили ин миллат истода ҳастанд, шояд дасти онҳо бошад”.


Коршинос: Ин таркиш нишонаи ташаннуҷи вазъ аст


Лилит Геворгян, таҳлилгари масоили сиёсии кишварҳои шӯравии собиқ аз пажӯҳишгоҳи Ҷейн Дефенси Лондонро дар ҳоле пайдо кардам, ки хабари таркиши Хуҷандро мутолеа мекард. Ӯ мегӯяд, ин ҳодиса ба гумони ғолиб метавонад кори дасти гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинояткор ва ё ифротгароҳои мазҳабӣ бошад. Дар ҳоле, ки ӯ эҳтимоли иртиботи ҳодисаи фирори маҳбусон аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ бо ҳуҷуми интиҳорӣ дар Хуҷандро рад кард, вале гуфт, ки ин ҳама мусалламан нишонаи муташанниҷ шудани вазъ дар Тоҷикистон аст.

“Нишонаи шиддатгирии вазъ дар Тоҷикистон аз интихоботи ахири парлумонии ин кишвар бармеомад. Ин далел ки ҳизби исломии Тоҷикистон амалан тавонист раъйи зиёди тарафдоронашро ба даст оварад, маънои онро дорад, ки ин гурӯҳи сиёсӣ алорағми фишору маҳдудият тавонист нишон диҳанд, ки фаъол аст. Вале ба андешаи ман, ҳоло дар шароити кунунӣ ҳизбҳои аслии сиёсии Тоҷикистон омода нестанд дар кишвар тавассути кудато ё таркише даст ба тағйири қудрат бардоранд”.

Аркадий Дубнов, коршиноси рус, бар ин назар аст, ки инфиҷор дар Хуҷанд бо фирори маҳбусон иртиботи қавӣ дорад
А.Дубнов: Таркиш бо фирори зиндониён рабт дорад


Аз нигоҳи таҳлилгари мустақили рус Аркадий Дубнов, ҳодисаҳои фирори зиндониён аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии кишвар, ки 23 август иттифоқ уфтод, бо таркиши Хуҷанд иртиботи қавӣ дорад.

“Ман бо нигарониҳои таҳлилгароне розӣ ҳастам, ки мегӯянд, саҳнаи сиёсии Тоҷикистон як дараҷа гарм шуда, нирӯҳои мухолифи режими Раҳмон дубора фаъол шудаанд. Мурофиаҳои пӯшидаву ношаффофи додгоҳӣ ва ҳукмҳои тӯлоние, ки барои содир кардани ҷиноятҳои номуайян дода мешавад, наметавонад боиси ба миён омадани муқовимат нашавад”.

Таркиш чӣ пайомад хоҳад дошт?

Аксар коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки баъди ин ҳодиса ҳукумат фишорро болои гурӯҳҳои норозӣ бештар хоҳад кард, ки боз ҳам пайомадҳои хуб нахоҳад дошт. Лилит Геворгян аз Ҷейн Дефенс мегӯяд, таркиши интиҳории ахир баёнгари он аст, ки фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро боз ҳам пуршиддат мешавад ва аз ҳоло бояд пайомадҳои онро андеша кард.

“Айнан ҳамин чизро мешавад дар робита бо Қафқози Шимолӣ - ҷумҳуриҳои Чеченистон, Ингушистон, Кабардино-Балкар гуфт, ки чанд сол пеш барои онҳо низ ингуна ҳамлаҳо бегона буд. Вале ҳоло ин гурӯҳҳо фаъолияти худро сареъ ҳамоҳанг мекунанд, онҳо тағйири сохторӣ дидаанд. Ҳамчунин новобаста ба бераҳбар мондани Ҳаракати исломии Ӯзбакистон фаъолияти он кам нашудааст. Ҳоло гурӯҳҳои Қафқози Шимолӣ фаъолияти худро ба ҳайси ҷумбиши мазҳабӣ тағйир дода, ба ҷумбиши сиёсӣ табдил шудаанд. Айнан ҳамин ҳолат дар Осиёи Марказӣ ҳам мушоҳида мешавад”.

Хонум Геворгян мегӯяд, танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз шиддатёбии бештари вазъ ин аст, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаҳои гурӯҳҳои мухолифин, аз ҷумла намояндаҳои гурӯҳҳои мухталифи мазҳабӣ сари мизи гуфтугӯ нишинад ва ихтилофҳои мавҷударо бо роҳи музокирот аз байн бубарад. Аксар соҳибназарон мегӯянд, ки мизони баланди нодориву бекорӣ, маҳдудияти фаъолиятҳои сиёсӣ, инҳисори қудрат ва оядаи норӯшан бисёре аз шаҳрвандони кишварро ба суботу оромӣ дар ин давлат ноумед кардааст. Таҳлилагрони умури терроризм мегӯянд омилҳои номбурда барои истихдоми баъзе ҷавонҳо ба гуруҳои даҳшатафкан замина фароҳам мекунад.