Фирори зиндониён ва тадбирҳои бенатиҷаи мақомот дар ҷустуҷӯи онҳо, боздошти Низомхон Ҷӯраев дар Маскав, даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз волидайн барои баргардонидани фарзандонашон аз кишварҳои исломӣ аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта мебошанд.
Нашрияи «Пайкон»дар сармақолаи худ бо номи «Фирориён дар Бағдод?» зимни чопи акси 8 нафар аз фирориён навиштааст:
«Беш аз як ҳафта аз фирори маҳбусони СИЗО-и рақами 1 мегузарад, аммо то ҳол ягон натиҷа надодааст. Боз нашавад, ки аз рӯи талаботи «гунаҳкор дар Бағдоду пайи пояшро дар Файзобод меҷӯянд», амал кунанд зеро дар давоми ин муддат шояд баъзе ҳадсҳое, ки коршиносон мезананд, аз эҳтимол ба ҳақиқат наздик шавад»
"Пайкон" дар ҳамин шумораи худ, зери сарлавҳаи «Маскав Низомхон Ҷӯраевро бо чӣ иваз мекунад» аз ҷумла навиштааст:
«Албатта суолҳое, ки дар бораи боздошти Низомхон Ҷӯраев посух мехоҳанд, зиёданд. Аз ҷумла чаро Маскав тасмим гирифт, ки Низомхонро ба Душанбе супорад? Ва чаро маҳз дар рӯзҳое, ки зиндониён аз маҳбас фирор кардаанд? Ё ин ҳама ҳодисаҳои тасодуфианд, ки ҳафта ба ҳафта пайи ҳам рух дода истодаанд?»
Нашрия менависад, дар бораи боздошти Низомхон Ҷӯраев тахминҳои соҳибназарон гуногунанд. Худи хоҳари Низомхон, Зарофат Ҷӯраева боздошти бародарашро ба ҳодисаи фирори маҳбусон рабт додааст.
Нашрия русизабони "Азия-плюс" дар мавриди ин ҳодисаи пурсарусадо ва камназир, зери номи «Ми ждём перемен...» навиштааст, фирори сарсахтонаву беибоёнаи маҳбусон аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, зарбаи шадиду ногаҳоние ба обрӯи ҷумҳурӣ зад.
Нашрия менависад, ҳарчанд коршиносон дар ин ҳодиса дасти исломиён ва ё кишварҳои хориҷро мебинанд, аммо коршинони АП итиминон доранд, ки ин ҷо иллат дар кори мақомоти додгоҳӣ аст, ки шеваи корашон ҳамеша муҷозоти ноодилонаву ғайриқонии одамон ва помол кардани ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳост.
Нашрия аз қавли Хоҷи Акбар Тураҷонзода- сиёсатмадор ва аз сарварони ҳаракати исломии Тоҷикистон навиштааст, «Ин ҷо сухан дар мавриди беадолатӣ меравад. Масалан як гурӯҳи ҷавононро, ки дар қазияи Тавилдара муттаҳам донистаанд, аз 28 то 30 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Суол ин аст, ки ин навҷавононро барои чӣ ба ин муддатҳои тӯлонӣ паси панҷара фиристоданд? Ҳатто дар замони шӯравӣ, бадтарин ҷинояткорро, ки алайҳи ҳукумати шӯравӣ фаъолият бурдааст чунин муҷозоти шадиду гӯшношунид намекарданд».
Нашрияи "Фараж" дар сармақолаи худ, ки «Барои мо экстеримист тайёр мекунанд» ном дорад, ба бозтоби даъвати ахири раиси ҷумҳури Тоҷикистион Эмомалӣ Раҳмон пардохтааст, ки зимни сафари худ ба Хатлон ва дигар навоҳии атрофи пойтахт, аз падару модарони ҷавонони донишҷӯ кард, ки бояд фарзандонашонро аз кишварҳои исломӣ бозпас гардонанд. Дар акси ҳол ин ҷавонон ҳамчун хоини ватан дониста мешванд.
Нашрияи мазкур бо такя аз мавзеъгири коршиносон, ин мавзӯъро матраҳ карда менависад, агар дар дохили кишвар сатҳи омӯзиши ислом ба талабот ҷавобгӯ бошад ва хостаҳои ҷавононро бароварда созад, шояд хоҳиши таҳсил кардани ҷавонони тоҷик дар кишварҳои исломӣ ба монади Покистону Ирон аз миён бурда шавад.
Нашрияи «Нигоҳ» митинги этирозии мардуми норозӣ аз ҳукми додгоҳро дар мавриди муҷазоти 5 нафар ҷавонони норакӣ, қонушиканиҳои мақомоти милиса ва додгоҳро дар кашфу ҳалли ин қазия мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст.
Нашрия менависад, «Ҷавонон пас аз шунидани ҳукми додгоҳ, ки онҳоро аз 5 то 6 солӣ аз одзодӣ маҳрум карда буд, ба ғазаб омада ба таконидани панҷара шурӯъ карданд. Мардуми дар толорбуда сару садоҳо баланд карда мегуфтанд: Розӣ нестем! ноодилона аст ҳукми суд! Бояд ҷавонон озод шаванд!». Кӯшиши милиса барои ором кардани мардум бенатиҷа анҷом ёфт. Кор аз кор гузашт»
«Нигоҳ» инчунин дар мақолаи таҳлилии худ бо номи «Роҳати ҷугиҳои Колхозободу азияти тоҷикон дар Русия» мушкилоти дар пай доштаи буду боши лулиҳоро дар он кишвар таҳлил намудааст.
Нашрия менависад, «лулиҳо ва тарзи зиндагӣ ва ҷиноятҳое, дар Русия содир мекунанд, ба монанди дуздӣ, одамфиребӣ, нашаҷаллобиву нигҳдоштани силоҳ, доғ ба руйи муҳоҷирони тоҷик меафканад ва ҳангоми баррасиии қазияҳои онҳо, мақомоти маҳаллӣ ва васоитаҳои ахбори умуми Русия онҳоро лулиҳои тоҷик ё "таджмксикие сигани" ном мебаранд. Ва ба назар чунин мерасад, ки бадном кардани тоҷикон дар Русия, вазифаи ҷонии ҳар расонаи итилоотӣ гаштааст».
Ва нашрияи «Миллат» шумораи навбатии худро идона ороставу пешкаши хонадагон гардонидааст, зеро аз таъсиси ин нашрияи мустақил ва пурхонандаи Тоҷикистон расо 5 сол сипарӣ шуд.
Дар ин шумораи идонаи худ, «Миллат» дар баробари муҳимтарин ҳаводиси як қафтаи сипаришуда, инчунин назару пешниҳодоти мухталифи коршиносону соҳибназаронро дар мавриди роҳи тайкарда дар 5 соли мавҷудияташ ва бурду бохти худро дар масири ин роҳ гирд овардааву ба гуфтаи дастандаркоронаш, тасмим дорад дар идомаи роҳи мушкилу пурмасъулияти худ истифода барад.
Мо низ, солгарди ин нашрияро барои кормандон ва хонандагонаш муборакбод мегӯем.
Ин буд шарҳи мухтасари мавзӯҳоии аслии нашрияи чопи Душанбе дар ин ҳафта.