Шикояти муттаҳамони "даъват ба ҷиҳод"

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти даъвогии як сокини Доғистон ва як сокини вилояти Суғдро дар ҳоле ба баррасӣ гирифтааст, ки қаблан онҳоро додгоҳи Душанбе барои узвияташон дар созмони “Ҷамоати шариат” ва ҳамчунин барои “даъват ба ҷиҳод” муҷрим шинохтааст.
Ин барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон ду узви “Ҷамоати шариат”-ро пушти панҷара меандозанд.

Вале пайи пойи ин созмон аз кадом роҳ ба Тоҷикистон расид ва оё ҷонибдоронаш дар кишвари мусулмонӣ, аммо дунявии мо зиёданд ё кам?

Зуҳури "Ҷамоати шариат" дар Тоҷикистон

Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик, “Ҷамоати шариат”-ро ҷараёне мешиносад, ки дар замони ҷанги миёни Русияву Чеченистон ташкил шуда, хоси ҳамон минтақа аст.

“Шояд ягон намояндаи ин созмон ҳамин ҷо омада ва ошноӣ пайдо карда бошад. Вале ба сурати умум, дар Тоҷикистон созмони маъмулӣ нест”,-афзуд ӯ.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, агарчӣ мегӯяд дар бораи “Ҷамоати шариат” иттилои кофӣ надорад, вале мутмаин аст, ки ин ҷамоат низ аз ҷумлаи созмонҳои навпайдои динӣ буда, дар кишвар реша надорад: “Мегӯянд, ки ҳамин хел созмонҳои навпайдо дар Узбакистону Қирғизистон ҳам ҳастанд. Ба мисли салафиҳо. Вале онҳо дар Тоҷикистон он қадар насабзидаанд.”

Аммо дар саҳифаҳои мухталифи интернетӣ аз “Ҷамоати шариат” ба унвони созмони ифротгаро ном бурдаанд, ки дар оғози солҳои 2000 дар Доғистон таъсис ёфта, ҳадафи ташкили давлати исломиро дорад.

Созмони "Ҷамоати шариат" дар солҳои 2000-ум дар Қафқоз ташкил шудааст ва аз мухолифони ҳукумати рамии Чеченистон аст
Мубориза бо "душманони шариат"


Ин созмон дар аввал ба номи “Ҷаннат” маъруф буда, аслан алайҳи, ба гуфтаи масъулонаш, «душманони шариат» мубориза мекунад ва аксаран низомиҳо, нерӯҳои амниятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро мавриди ҳамлаҳои худ қарор медиҳад.

То кунун мақомоти Русия низ ин созмонро дар қатли 28 маъмури пулис, 43 сарбоз ва чанде аз мақомҳои давлатӣ, монанди Магомед Гусаев, вазири иттилоот ва равобити хориҷаи Доғистон, масъул шуморидаанд.

Ҳатто дар видеоҳое, ки ба номи Ҷамоати шариат дар саҳифаҳои интернетӣ гузоштаанд, дидан мумкин аст, ки онҳо дар даст аслиҳа доранду худро муҷоҳид муаррифӣ карда, мардумро барои пайвастан ба онҳо барои ниқоргирӣ аз “душманони ислом” даъват мекунанд.

Ҷамоати шариатро то ин дам ҳашт нафар раҳбарӣ кардаанд ва ин феҳраст бо номи Расул Макашарипов оғоз ёфта, бо номи Муҳаммадалӣ Ваҳҳобов, ки рӯзи 21-уми августи соли ҷорӣ ба унвони таҳиягари таркишҳои метрои Маскав кушта шуд, ба поён мерасад.

Нигарониҳо аз тавсеаи созмонҳои мазҳабӣ

Бо ин ҳол, нигаронии баъзеҳо дар Тоҷикистон ин аст, ки ҳузури чунин созмонҳои мухталифи динӣ, ба мисли салафияву аҳмадия ва ҷамоати шариату ҷамоати таблиғ метавонад вазъияти то андозае ороми мазҳабӣ дар кишварро халалдор кунад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи манобеи додгоҳи шаҳри Душанбе, "Ҷамоати шариат" бо ҷунбиши Толибон низ иртибот дошта, баъзе аз аъзои он дар қаламрави Афғонистон омӯзиши ҷангӣ дидаанд.

Аз ҷумла Султон Аҳмедов, як сокини Доғистон, ки ахиран додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро ҳамроҳ бо Толибҷон Солиев, як сокини вилояти суғд ба нӯҳ соли зиндон ҳукм кард.

Фахриддин Додометов, масъули парвандаи ин ду нафари муттаҳам ба узвият дар “Ҷамоати шариат” дар Тоҷикистон агарчӣ бо мо сӯҳбат накард, вале манбаъҳо мегӯянд, Султон Аҳмедов ва Роман Сеидов, як узви дигари "Ҷамоати шариат" дастур гирифта буданд, ки ба Тоҷикистон омада, оромии кишварро халалдор кунанд.

Онҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ вориди Тоҷикистон шуда ва дертар, баъд аз интихоботи порлумонӣ, боздошт шудаанд.

Ин ду нафарро Толибҷон Солиев, як масъули Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд пешвоз гирифтааст ва додгоҳ мушаххас кардааст, ки худи Толибҷон Солиев низ дар моҳи феврали соли 2007 дар шаҳри Сургут ба узвияти "Ҷамоати шариат" пазируфта шуда ва таълимоти ин гурӯҳро қабул кардааст.

"Сироят"-и Ҷамоати шариат ба муҳоҷирон

Бо ишора ба ин ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия зиндагӣ ва кор мекунанд, коршиносон мегӯянд, ки эҳтимоли “сироят”-и “Ҷамоати шариат” шудан ба аскарияти онҳо, ки бо доғистониҳову чеченҳо хамчун бародарони мусулмон робита доранд, таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар дохили кишвар гироиш ва пайравӣ аз созмонҳои навпайдои динӣ ба мисли “Ҷамоати шариат”, ки дар Тоҷикистон аъзову ҷонибдор надораду аз нуфузи хос ҳам бархӯрдор нест, коҳиш пайдо кардааст.

Тоҷикистон дар бист соли ахир маконе барои ҳузури даҳҳо созмонҳои мухталифи динӣ будааст, ки аксарияти онҳо ба далели ғайриқонунӣ будани фаъолияташон мамнӯъ эълон шудаанд.

То кунун додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти 11 созмони динӣ, аз Ҳизбуттаҳрир, Ҷунбиши исломии Узбакистон, Салафия ва Ҷамоати таблиғ аз ҷумлаи онҳоянд.

Аммо маълум нест, ки оё “Ҷамоати шариат” низ вориди ин феҳраст хоҳад шуд ё на.