Ҳалокати 8 корманди полис дар Қундуз

Бар асари ҳамла ба як постгоҳ дар шимоли Афғонистон 8 корманди полис кушта шуданд. Як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳамла субҳи рӯзи панҷшанбе дар вилояти Қундуз ба вуқӯъ пайваст. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт.