Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар робита ба фирори 25 нафар маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ва масъалаи боз кардани парванда нисбат ба масъулини боздоштгоҳ бинобар бесалоҳиятӣ ва бемасъулиятӣ ҳангоми иҷрои вазифа, дар ҳоли баррасист.
Хабаргузории "Азия плюс" аз қавли мақомоти додситонӣ навиштааст, ки ин парванда бар асоси чанд асли Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла барои ба даст овардан ва истифодаи силоҳ, гурехтан аз маҳалли маҳрумият аз озодӣ ва дуздии воситаи нақлиёт боз шудааст.
Ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон чаҳор рӯз идома дорад, аммо то кунун натиҷае надодааст. Бенатиҷа анҷом шудани ин талошҳо боиси афзоиши нигаронии ҷомеа шудааст. 25 нафар зиндонӣ шаби 23 август аз боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе фирор намуданд.
Масъулини ситоди фаврии ҷустуҷӯи зиндониёини фирорӣ ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки нерӯҳои вижа дар саросари кишвар ба ҷустуҷӯ ва таъқиби ин фирориён машғуланд, вале маълумоте, ки ироаи он барои матбуот ва мардум зарур бошад, феълан ҳосил нашудааст. Ва дар сурати пайдо шудани чунин маълумот ва зарурати нашри он, нишасти хабарӣ доир хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, бархе манобеъи дигар гузориш медиҳанд, ки танҳо изи ба ҷой гузоштае, ки нерӯҳои амниятӣ аз маҳбусони фирорӣ пайдо карданд, чанд мошине мебошад, ки дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Ромит ёфт шуда ва эҳтимол меравад, ки фирориён аз ин мошинҳо истифода карда бошанд.
Аммо бархе дигар манобеъ мегӯянд, ки нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ аз ироъаи бозёфтҳои худ дар таъқиби маҳбусони фирорӣ ба хотири халал ворид нашудан ба идомаи ҷустуҷӯ ва гум нашудани пайи пои фирориён худдорӣ мекунанд.
25 маҳбусе, ки дар боздоштгоҳи муаваққати Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешунад, шаби якшанбе ба душанбеи 23 август, баъди кушани панҷ посбони зиндон тавонистанд фирор кунанд. Онҳо зимни фирор, либосҳои худро бо либосҳои низомӣ иваз намуда ва ҳамчунин як миқдор силоҳ ва муҳимоти посбонҳои зиндонро низ бо худ бурдаанд.
Ин афрод тавассути Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои сангин, назири куштор, талош барои сарнагунии ҳукумат, даҳшатафканӣ, қочоқи маводи мухаддир ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум шуда буданд.
Дар байни зиндониёини фирорӣ 6 шаҳрванди Русия, 2 шаҳрванди Узбакистон ва 4 афғон низ будаанд. 13 фирории боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамзамон, фирори Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев ва ду бародарзодаи Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва ду бародари Неъмат Азизов, ки дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон дар соли гузашта муҷрим шинохта шуданд, низ тайид шудааст.
Рӯйхат ва акси зиндониёни фирорӣ дар матбуоти чопи рӯзи панҷшанбе ва тавассути хабаргузориҳо ва шабакаҳои телевизонӣ нашр шудааст.
Нерӯҳои вазорати умури дохила, Кумитаи амнияти миллӣ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамагӣ барои боздошти маҳбусони фирорӣ басиҷ шудаанд.
Ба ин манзур мақомот ба водии Рашт, ки эҳтимол меравад, бархе аз фирориён ба он ҷо гурехта бошанд, нирӯи изофӣ, бо шумули зиреҳпӯшҳо эъзом кардаанд.
Тоҷикистон ҳамчунин аз мақомоти Русия ва ҳамсоякишвари Афғонистон низ кӯмаки ҳамкорӣ дар ҷустуҷӯ ва боздошти маҳбусони фирориро кардааст.
Қаблан, раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба ниҳодҳои вобастаи кишвараш дасттур дода буд, ки ба мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ кӯмак кунанд.