Нигаронии Раҳмон аз таҳсилоти мазҳабӣ дар хориҷа

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Фархор аз волидайни ҷавононе, ки дар мадориси исломии хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, хостааст, ки фарзандони худро аз он кишварҳо боз гардонанд. Ӯ гуфтааст: "Онҳо ҳама террорист ва экстремист мешаванд".
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар Тоҷикистон донишкадаи давлатии исломӣ амал мекунад ва беҳтар аст, ҷавонони тоҷик дар ҳамин донишарда таҳсил кунанд ва дар сурати зарурат тавассути Кумитаи дина барои таҳсил ба хориҷ фиристода шаванд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ва мақомоти маҳаллӣ дастур додааст, ки назорт аз болои фаъолияти масҷидҳоро пурзӯр кунанд.

Аммо бархе аз соҳибназарон дар робита ба руҷӯъи ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мадрасаҳои хориҷӣ мегӯянд, ки сабаби ин ҳол, аслан сатҳи пасти тадрис дар донишкада ва мадрасаҳои динии Тоҷикистон аст.

Бино ба маълумоти мавҷуда, дар ҳоли ҳозир, ҷавонони тоҷик дар кишварҳое назири Миср, Арабистони Саъудӣ, Яман, Эрон ва Покистон таҳсил мекунанд.

Назари коршиносон ба даъвати президент

Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси тоҷик дар умури дин, даъвати раисҷумҳурро тасмими дуруст ва саривақтӣ унвон кард.

Вай гуфт, иддае аз хатмкардагони макотиби исломии хориҷӣ дар Тоҷикистон мушкили амниятиву диниро ба вуҷуд овардаанд. Оқои Раҳнамо гуфт:

«Мутаассифона, таҷриба нишон дод, ки ҳамзамон бо илми динӣ, ақида, идеология ё бинишҳои сиёсиву мазҳабии дигшарро ҳамроҳ меоранд. Ҳеҷ яке аз ин ақидаҳо, афкор, мактабҳои фикрию фиқҳию сиёсиро мо наметавонем маҳкум кунем. Вале муҳиту ҷомиаи Тоҷикистон якмазҳабист. Аз ин хотир, ворид шудани як мазҳаби ғайриҳанафӣ ба ин муҳит хоҳ-нохоҳ оғози як низоъ аст».

Оқои Раҳнамо гуфт, аммо мактабҳои динии дохилии Тоҷикистон оё то куҷо тақозои ҷомиа дар омӯзишҳои исломиро бароварда карда метавонанд, мушкили дигар аст, ки ҳаллаш бар дӯши ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Оқои Раҳнамо афзуд, аммо сатҳи таълим дар муассисаҳои дохилӣ бо мадрасаҳои хориҷӣ ҳампоя нест.

Вале коршиноси мустақил Маҳмуди Латифӣ бар ин назар аст, ки таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои хориҷӣ мушкилофар нест, агар онҳо зери назорати намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон бошанд. Вай мегӯяд, дар тамоми кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла кишварҳои Ғарб низ андеша бегона аст ва агар муҳассилини тоҷик замина ва тарбияи хуби ватандӯстӣ ва худшиносӣ дошта бошанд, дар ҳеҷ куҷо ба ақидаҳову андешаҳои тундравӣ нахоҳанд гароид.

Тоҷикистон тайи солҳои ахири шоҳиди мухолифатҳои мазҳабӣ дар дохили кишвар низ шудааст. Аммо ин мухолифатҳо ба зудӣ фурӯ нишонда шуданд ва ҳоло дар кишвар ҳамаи мазоҳиб ва созмонҳои ғайриҳанафӣ, ба монанди Салафияву Ҳизбуттаҳрир ва Ҷамоаи таблиғ манъ ва ғайриқонунӣ эълом шудаанд.