Бо вуҷуди сафарбарии нерӯҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон барои таъқиби 25 нафар аз маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ, ҷустуҷӯи ин афрод то кунун натиҷае надодааст. Ин 25 нафар зиндонӣ шаби 23 август аз боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе фирор намуда буданд.
Ин афрод, ки тавассути Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои сангин, назири куштор, талош барои сарнагунии ҳукумат, даҳшатафканӣ, қочоқи маводи мухаддир ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум шуда буданд, бо ҳамла ба нигаҳбонони боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, панҷ нафари онҳоро ба қатл расонида, ба ҷои номаълум ғайб задаанд.
Дар байни зиндониёини фирорӣ 6 шаҳрванди Русия, 2 шаҳрванди Узбакистон ва 4 афғон низ будаанд. 14 фирории боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамзамон, фирори Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев ва ду бародарзодаи Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва ду бародари Неъмат Азизов, ки дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон дар соли гузашта муҷрим шинохта шуданд, низ тайид шудааст.
Рӯйхат ва акси зиндониёни фирорӣ як рӯз пеш аз сӯи Кумитаи амнияти миллӣ тавассути хабаргузории "Ховар" ва телевизонҳои расмӣ нашр шуд.
Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки назорат дар куллия масирҳои эҳтимолии фирори ин маҳбусин тақвият дода шудааст.
Ба манзури таъқиби маҳбусони фирорӣ, мақомот ба водии Рашт нирӯи изофӣ, бо шумули зиреҳпӯшҳо эъзом карда, бино ба гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, эҳтимоли аз Интерпол кӯмак хостани Душанбе дар роҳи боздошти онҳо низ матраҳ аст.
Тоҷикистон чунин дархости ҳамсонро аз Русия ва ҳамсоякишвари Афғонистон низ карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Қирғизистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон низ гуфтааст, марзҳои худ бо Тоҷикистонро ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли вуруди ин афрод ба қаламрави худ, таҳкими бештар бахшидааст.
Қаблан, раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба ниҳодҳои вобастаи кишвараш дасттур дода буд, ки ба мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ кӯмак кунанд.
Пайи пои фирориён
Бархе расонаҳои хабарӣ рӯзи гузашта аз қавли манобеъи худ дар вазоратҳои амният ва дохила гузориш доданд, ки дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Файзобод чаҳор мошине пайдо шудааст, ки ба гумони қавӣ маҳбусони фирорӣ аз ин мошинҳо барои фирор истифода кардаанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи манобеъи амниятӣ таҳқиқоти аввалия ва бозбинии мошинҳои пайдошуда нишон додаааст, ки зиндониёни фирорӣ дар берун аз маҳбас низ ҳамкор доштаанд.
Хабари дигаре то кунун дар ин робита ироъа нашудаааст.