Ҳукумати шаҳри Душанбе комиссиюни нави ҷамъиятиеро таъсис додааст, ки ҳадафи он мубориза алайҳи ришва ва фасод унвон мешавад. Ин иқдоми шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар чаҳорчӯби иҷрои Стратегияи мубориза бо фасод барои солҳои 2008–2010 рӯи даст гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки то кунун дар Тоҷикистон Агентии мубориза бо фасод, ниҳоди расмии давлатӣ фаъол аст ва дар тамоми шаҳру вилоят идораҳои худро дорад. Аз сӯи дигар дар чанд моҳи пеш фармони Президенти Тоҷикистон дар мавриди ташкили зерсохторҳои давлатии мубориза бо коррупсия дар ҳар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроия содир карда буд.
Аммо ниҳоди шаҳрдорӣ иҷтимоист ва соҳибназарон бар ин боваранд, ки таъсиси ин коммиссиюн иддаоҳо дар мавриди муассир набудани ниҳоди давлатии мубориза бо фасод, яъне Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсияро собит мекунад.
Ришва – пешравии кор?
Таъсиси комиссиюни ҷамъиятии мубориза бо фасод дар ҳукумати шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки бо вуҷуди фаъолияти беш аз се солаи Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсия, мавориди ришваситонӣ ва фасод дар Тоҷикистон, ба хусус ниҳодҳои давлатӣ коҳиш наёфтааст. Кор ба ҷое расидааст, ки дар ҳеҷ ниҳоди давлатӣ кори шахс бидуни пардохти ришва тамом намешавад.
Аслимоҳ, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, «то ҳол ман идораеро намедонам, ки бе ришва корат тамом шавад. Куҷое меравӣ, бояд ришва диҳӣ. Масалан, барои он ки фарзандатро ба мактаб диҳӣ, ҳатман ба муаллима пул медиҳӣ, ки писаратро қабул кунад ва дарс диҳад. Назди духтур равӣ, барои и доруву дармон ва маслиҳат пул медиҳӣ. Ҳатто боғча, умуман ҳар куҷое, ки корат афтид, пора ва ришва дар қадами аввал аст».
Фасод ва муборизаи Агентӣ
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши созмони Транспаренс Интернэшнл, Тоҷикистон дар заминаи фасод дар миёни даҳ кишвари аввал ҷойгир аст. Ҳарчанд масъулони Агентии мубориза бо коррупсия ба гузориши созмонҳои байналмилалӣ шак доранд ва мегӯянд фасод танҳо дар ин кишвар не, балки дар тамоми дунё ба назар мерасад.
Ин масъулон бар ин боваранд, ки Агентии коррупсия фаъолияташро дар мубориза бо фасод тақвият дода ва корҳои ҷиддиеро ба анҷом расонидааст. Таҳлили фаъолияти ин ниҳод нишон медиҳад, ки бештари кормандони даавлатие, ки ба иттиҳоми ришва ва фасод боздошт шудаанд, умдатан кормандони сатҳи поёнӣ ва гоҳ–гоҳе масъулони зинаи миёнаи муассисаҳои давлатӣ будаанд.
Агар «дастовард»-и охири ин ниҳод, боздошти Файзуллоҳ Бобоҷонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисор ва писари додситони кулли пешини Тоҷикистонро ба назар нагирем. Аммо дар муддати се соли фаъолияти Агентӣ ҳеҷ як мақоми баландпоя, манзур вазиру кабир бо ришва ва фасодкорӣ боздошт нашудааст. Дар ҳоле, ки ба таъкиди соҳибназарон мардум ҳаррӯз аз назди кохҳои боҳашамату даккаданги ин афрод ва мошинҳои гаронарзиши хориҷии онҳо мегузаранд ва бо ишораи даст, мегӯянд ин аз фалону беҳмандон масъули давлатӣ аст.
Комиссиюн – кумак ба Агентии мубориза бо фасод?
Дар ҳамин ҳол Абуносири Боқӣ, ҷомеашиноси тоҷик мӯътақид аст, ки коммисиюни ҷамъиятии мубориза бо фасоди шаҳри Душанбе ва таъсиси чунин созмонҳои иҷтимоӣ барои муассир шудани фаъолияти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон кумак хоҳад кард:
«Бубинед, мубориза бо фасод кори дастаҷамъист ва бе ҷалби ҷомеа ба ин кор ришва ва фасодро наметавон решакан кард. Комиссиюни ҷамъиятии назди ҳукумати шаҳрдорӣ низ иқдомест, ки қабл аз ҳама барои фаъолияти муассир доштани Агентии мубориза бо фасод кумак хоҳад кард, то мавориди ришваситонӣ ва аз ин қабил аъмоли нопок ҷилавгирӣ шавад. Зеро мардум ба ин кор ихтиёран ҷалб мешаванд ва ҳарчанд ба таври анонимӣ ё бидуни гуфтани ному насаб ва маҳалли иқоматашон, вале барои аз байн бурдани фасодкорӣ кумаки худро мерасонанд».
Шаҳрдорӣ: «Ришва надиҳед!»
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Душанбе дар ҳайати ин коммиссиюн бар иловаи тамоми раҳбарони сохторҳои шаҳрдорӣ, намояндагони аҳзоб ва расонаҳоро низ шомил кардааст. Ҳамакнун дар муддати як моҳи ахир ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе», минбари ҳукумати пойтахт дар ин кори хайр камари ҳиммат баста ва «Шаҳрвандон ришва надиҳед!» бо чунин шиор огаҳиеро дар ҳар шумора чоп мекунад, ки аз талошҳои як ҳаракати мардумӣ алайҳи фасод дарак медиҳад.
Ба гуфтаи Ҷамилаи Мақсуд, хабарнигори ин нашрия, натиҷаҳо дар ин замина низ назаррасанд: «Дар муддати якуним моҳе, ки ба ин кор даст задем, зиёдтар аз 100 нафар сокини шаҳри Душанбе ба мо муроҷиат карданд. Муроҷиаткунандагон аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки ин кор сурат гирифта ва онҳо озодона дар бораи далелҳои ришваситонӣ ва монанди инҳо сӯҳбюат мекунанд. Дар ҳоле, ки ин афрод мегӯянд онҳо наметавонанд чунин озодона ба ҳар сохтори дигари давлатӣ, ба хусус Агентии мубориза бо коррупсия дар маврид далелҳои рӯ рӯ шуданашон бо ришвахорӣ ва фасод ҳарф зананд. Мо ба навбати худ тамоми муроҷиати шаҳрвандонро сабт мекунем ва дар ҳар охири ҳафта онҳоро гирд оварда ва ба коммиссиюни ҷамъиятии шаҳр пешниҳод месозем. Коммиссиюн низ онҳоро мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод ва чорахоҳад андешид. Албатта ин муроҷиатҳо ба Агентӣ ироа мешаванд».
Худдории мардум аз муроҷиат ба Агентӣ
Масъулони шаҳрдории Душанбе низ мегӯянд замони кӯтоҳи фаъолияти ин комиссиюн собит карда, ки дар воқеъ мардум мехоҳанд бо ин ниҳоди ҷамъиятӣ ҳамкорӣ кунанд, танҳо ба шарте, ки ному нишони онҳо ошкор нашавад. Воқеан шеваи муборизаи Агентии мубориза бо коррупсия дар қадами аввал аз тариқи бозрасиҳои муҳосиботи корхонаву идора аст, ки дар сурати ифшои камомади молӣ иқдомоти баъдӣ барои фасодкорӣ дар ин муассиса рӯи даст гирифта мешавад.
Аз тариқи муроҷиатҳо низ ин ниҳод алайҳи ришваситонӣ ва фасодкорӣ мубориза мебарад, аммо афроди муроҷиаткунанда ба нашрияи «Вечерний Душанбе», гуфтаанд, ки коғазбозиву кашокашӣ ва пурсупосҳои пайиҳам барои парвандасозӣ тавассути Агентӣ онҳоро аз ҳамкорӣ бо ин ниҳод дур мекунад.
Ниҳоди вижаи иҷтимоӣ
Ин дар ҳолест, ки қабл аз таъсиси ин Агентӣ аҳзобу созмонҳои Тоҷикистон ва ҷомеашиносон бар ин буданд, ки дар Тоҷикистон як ниҳоди вижаи иҷтимоӣ алайҳи фасод ташкил шавад. Зеро ин қишри ҷомеа мӯътақиданд, ки ҳеҷ гоҳ Агентӣ наметавонад алайҳи вазире ё мансабдори сатҳи баланд барои фасод парвнада боз кунад. Ҳатман ки шафофият дар ин сурат аз байн меравад.
Ҳамакнун соҳибназарон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки эҳтимол дорад, муроҷиати шаҳрвандон ба коммиссиюни ҷамъиятӣ, ки дар ниҳоят ба Агентии мубориза бо коррупсия ироа мешавад, нодида гирифта мешавад ва ё боз ҳам бидуни натиҷа мемонад. Зеро хешутаборчигӣ ва маҳалчигӣ яке аз сабабҳои густариши фасод дар ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешавад.
ҲНИТ зидди фасод
Нахустин талошҳо барои басиҷ кардани мардум дар мубориза бо ришвахорӣ ва фасод тавассути Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар охири соли гузашта рӯи даст гирифта шуда буд. Маҳз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзат дар анҷумани қабл аз интихоботи порлумонӣ дар моҳи декабри соли гузашта аз як ҳаракати мардумӣ хабар дод ва аз аъзо ва тарафдорони ҳизб хост дар сурате, ки дар баробари фасод тавони муқобилият надоред, пас ақаллан аз додани ришва худдорӣ кунед. Албатта ин паёме буд, ба ҳукумат, ки ин ҳаракати мардумиро дастгирӣ кунад ва дар мубориза бо фасод аз неруи ҷомеа истифода намояд.
Ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода, аз масъулони ҲНИТ амалкарди аъзо ва тарафдорони ҳизб дар заминаи надодани ришва натиҷа ҳам додааст, ба хусус аз лиҳози равонӣ. Зеро ба таъкиди Сайфуллозода, аъзои ҳизб дар рӯ ба рӯи ришваситонон аз додани ришва худдорӣ кардаанлд ва гуфтаанд ин рисолати ҳизбии онҳо ва аз сӯи дигар рисолати инсонии онҳост. Дар бархе аз маворид ба гуфтаи Сайфуллозода чунин амлкард мояи тааҷҷуб ва ҳайронии ришваситонҳо шудааст.
Албатта хеле сахт аст, то ҷомеаи Тоҷикистон аз ришвагирӣ ва ришвадиҳӣ халос шавад, аммо соҳибназарон баринанд, ки муборизаи муштараку мунсифонаи давлат ва ҷомеа ва дар ниҳоят муборизаи равонӣ алайҳи падидаи номатлуби фасод босамар хоҳад буд.