Мораторияи дусола чӣ дод?

Моратория ё таъвиқи дусолаи баррасии фаъолияти молии бахши хусусӣ аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ба поён расид, ки дар 25-уми июни соли 2008 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд. Аммо акнун суоли мартаҳ аст ин аст, ки бардошт аз он чист?
Кумитаи андози Тоҷикистон гуфйтааст, ки маъи бозрасии дусолаи фаъолияти бахши хусусӣ ба нафъи давлат ва буҷаи Тоҷикистон анҷом нашудааст.

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, ки бархе аз соҳибкорон ва тоҷирон, ин моратория ё таъвиқро чун фурсате барои сарпечӣ аз пардохти андоз истифода кардаанд.

Вай афзуд агар то эъломи моратория ҳаҷми даромад аз андоз ба буҷа беш аз 34 дарсад буд, тӯли 6-моҳи охири моротория, даромад ба будҷа то 28 дарсад кам шуд. Ҷаноби Давлатов афзуд, дар ин муддат аз 381 корхонаи хурду миёнаи хусусӣ, 85 дарсадаш аз додани андоз сарпечӣ карда, наздик ба 30 миллион сомонӣ ба будҷа ворид нашуд.

Ба ин далел, ҷаноби Давлатов тамдиди моратория ва ё таъвиқро кори бефоида ва бар зарари давлат хонд. Дар навбати худ тоҷирону соҳибкорон низ аз тамдид нашудани муҳлати моратория аз сӯи давлат нигарон нестанд. Зеро ба эътиқоди бахши аъзами кормандони бахши хусусӣ, онҳо тӯли 2-сол ин мораторияро эҳсос накардаанд.

Ва чун пештара ҳафтае як бор фаъолияти онҳо мавриди баррасии ин ё он идораи давлатӣ аз Кумитаи андоз гирифта то ниҳоди зиддисӯхтору идораи об ва милисаҳои қаторӣ мешуданд.

Бардошти соҳибкорон аз моротория

Азизулло Раҷабов, раиси Иттиҳодияи деҳқонони Хатлон дар ин бора чунин изҳори назар кард: «Дар давоми ду сол, ду бор ревизия карданд аз кумитаи андоз, прократура, бунёди иҷнимоъӣ, хадамоти зиддисӯхтор ва ғайра. Ҳар сари вақт давоми 2 сол моро тафтиш мекарданд. Хулоса ман вуҷуди мораторияро эҳсос накардам».

Лашкари Мирзоев, мудири ширкати пахтаи Кӯлоб, моратория ё таъвиқро дар шароити феълии ҷумҳурӣ ва фасодзадагӣ гоми бефоида медонад. Ба гуфтаи вай, хуб мешуд, агар давлат соле як бор ҳама корхонаҳо ва бахши хусусиро ҳамаҷониба баррасӣ мекард. Дар он сурат натиҷа ҳосил мешуд.

Лашкари Мирзоев аз худсарии кормандони ниҳодҳои давлатӣ гила кард ва гуфт: «Барои ман фарқ надорад. Моратория буд ё набуд. Ростӣ аз соҳибкор шудани худ безорам. Идораҳои давлатӣ, бахусус коррупсия имкон намедиҳанд кор кунем. Ҳар рӯз тафтиш. Натиҷаи кор ҳеҷ.»

Фахриддин Неъматов, тоҷири Душанбешаҳр мегӯяд, ки ду соли таъвиқ як навъи озодӣ ба соҳибкорону тоҷирон аз тафтишҳои беҳуда буд. Ва ин моратория дар рушди бахши хусусӣ то ҷое кӯмак кард.

Ҷаноби Неъматов афзуд: «Моратория натиҷаи хуб дорад. Тоҷир ва соҳибкор озодӣ ҳис кард ва мутмаин шуд, ки президент аз бахши хусусӣ пуштибонӣ мекунад. Ман ба назари раиси кумитаи андоз мутлақан розӣ нестам. Ҳеҷ соҳибкор аз додани андоз сарпечӣ намекунад. Мушкил дар кори худи кумитаи андоз аст, ки хуб кор намекунанд. Дар бархе аз маворид худи кормандони ин кумита андозҳоро рӯпӯш мекунанд. Ба назари ман тамдиди мӯҳлати моратория ё таъвиқ ва ё бо дигар усул ва шева аз сар гирифтани он ба нафъи давлат ва рушди соҳибкори ва тиҷорат аст».

Ин дар ҳолест, ки вазорату кумитаҳои давлатӣ назару таҳлилҳои худро дар бораи моратория ба давлат пешниҳод карданд. Ва ҳукумат ба натиҷае расидааст, ки тамдиди моратория ба нафъи давлат набудааст. Ва баид ба назар мерасад, ки давлат дубора ба ин усули кор баргардад.