Зиёрати Чилучорчашма

Чилучорчашма зиёратгоҳ ва оромгоҳи маъруф дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон, воқеъ дар 230-километрии ҷануби шаҳри Душанбе аст, ки дар миёни мардум ҳамчун 44 чашмаи шифобахш, мавзеъи дорои таърихи беш аз ду ҳазорсола ва қадамҷойи ҳазрати Алӣ, аз ёрони Расули Худо, шинохта шудааст.
Ҳамарӯза ҳазорҳо пиру барно аз ҳама кунҷу канори Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба зиёрати ин мавзеъ омада, ба хотири шифои дардҳояшон аз оби дармонбахши чашмаҳо нӯшидан мекунанд.

Ривоятҳо дар бораи чашма



Ба иддаои муаррихон, зиёратгоҳи мазкур ҳанӯз дар асри яки пеш аз милод арзи ҳастӣ карда, аммо авҷи шӯҳраташ ба асри 8-уми милодӣ, пас аз омадани ислом ба водии Қубодиён рост меояд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоили Чилучорчашмагӣ, мудири зиёратгоҳи мазкур, ривояте ҳаст, ки асппарвари лашкари Ҳазрати Алӣ - Бобо Қамар дар муҳорибае ба хотири пойдории ислом дар Бадахшон захмӣ шуда, дар хоб мавзеи чилучорчашмаро мебинад. Аммо касе намедонад, ки Чилучор чашма дар куҷо воқеъ аст:

«Аз сипоҳиёни ислом чанд гурӯҳ ташкил шуда, ба ҷустуҷӯи 44 чашма баромаданд. Ба сардории Қутайба ибни Муслим, ибни Наср, гурӯҳе дарёи Амуро убур кард, ба води Мовароуннаҳр ворид шуд ва ҳамин Чилучор чашмаро дар вилояти Қубодиён пайдо мекунад. Дар китобҳо омадааст, ки рӯзи чоршанбе, 16-уми моҳи саратони соли 36-и ҳиҷрии қамарӣ, дар вилояти Қубодиён, дар водии Бухорои шарқӣ, дар тори Чилучор чашма ҷасади Бобои Қамар ба хок супурда шуд, ки аз ҳамон вақт инҷониб, мардум ба зиёрати қабри Бобо ба ин ҷо меоянд. Ровиён ривоят кардаанд, ки рӯзи ҷумъаи ҳамон ҳафта Ҳазрати Алӣ бо аҳли карамаш омада қабри Боборо зиёрат мекунад, ки аз мамон вақт инҷониб мар дум ин мавзеъро ҳамчун қадамҷойи Ҳазрати Алӣ низ зиёрат мекунанд…»

Асли номи Бобои Қамар - Саидҷаъфар ибни Нӯъмон ибни Нуфал буда, ки то замони пайдоиши ислом 24 сол подшоҳи давлати Шом буд, аммо баъд аз пайдоиши ислом тарки подшоҳӣ намуда, дар ислом ба ҳайси асппарвари оддӣ хизмат кардааст.


Зиёратгоҳи беморон


Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоили 44-чашмагӣ, одамон ҳамчунин барои дармон ёфтан ба дардҳои худ низ ба зиёратгоҳи мазкур меоянд. Вай афзуд, олимони Тоҷикистон аз панҷ пажӯҳишгоҳи илмии кишвар, муайян кардаанд, ки ин 44 чашмаи зиёратгоҳ ба 17 гурӯҳи об тақсим шуда, 16 намуди минералҳо дар он мавҷуд аст:

«Яке аз минералҳои нодир дар оби Чилучор чашма нуқра будан дар обаш аст, ки дар тамоми ҷаҳон нест, ба истиснои оби Зам-зам, ки бештар ҳоҷиён аз ҳаҷҷ онро меоранд. Ҳамин қадар нодир ва муфид аст. Бинобар ҳамин, ин обро метавонед солҳо нигоҳ доред, гарму хунук кунед, хусусият, тамъ ва фоидаовариашро гум намекунад. Вақте дар соли 1980 тавассути кайҳон пажӯҳиш кардаанд, ки оби Чилучор чашма аз куҷо меояд. Танҳо ҳамин қадар маълум шуд, ки он аз чуқурии беш аз 3400 метр берун меояд. Яъне то ҳанӯз дақиқ нест, ки он аз куҷо маншаъ мегирад…»

Одамонро софу беолоиш ва дармонбахшии оби чашмаҳои ин мавзеъ ва низ моҳиҳои зебову чашмрабои он мафтун кардааст. Зоирон мегӯянд, бахусус, аз тамошои гулмоҳӣ дар оби шаффоф сер намешаванд. Аммо моҳиҳои ин чашмаро доштан ва ё истеъмол кардан қатъиян манъ будааст, чун ин моҳиҳо нуқраро аз об ҷудо карда мехӯрдаанд. Нуқра дар ҳарорати 130 дараҷа тасфад, он ба заҳр табдил меёфтааст ва табиист, агар моҳиҳои Чилучор чашмаро рӯйи оташи 600-дараҷаи бирёнед, он аз худ заҳр ҳосил мекардааст.

Аммо пажӯҳишҳои тиббӣ тасдиқ кардааст, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, бемориҳои рӯҳӣ, гӯшу гулӯву бинӣ, ҷигар, санги талха ва безурётӣ бисёр муфид мебошад.

Шокир Аҳроров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, мегӯяд, дар ҳақиқат ба шифобахшии оби Чилучор чашма ихлос дорад, зимнан ба хотири зиёрати ин мавзеъ ва дармон ёфтан ба бемории фишорбаландиаш садҳо километр роҳро паймуда, ҳамроҳ бо пайвандонаш ба ин ҷо омадааст:

«Ду сол пеш бо ихлос ва ният ба ин ҷо барои зиёрат омада будам. Баъд аз ҳамон зиёрат, қудрати Худоро бинед, ки ҳама корам бобарор шуд, ду мошин гирифтам, хона харидем. Бачаҳоямро овардам, то онҳо ҳам аз ин оби мӯъҷизаноку шифобахш бинӯшанд. Ният дорам, бо худ чанд бушка оби чашмаи мазкурро ба Суғд барам, то ба ҳамсояҳо ва дӯстон якпиёлаӣ диҳам, ба нияти шифо бинӯшанд, ба мурод бирасанд…»


«Дарахти мурод» дар Чилучорчашма


Дар Чилучор чашма ҳамчунин як пирдарахте 1048-сола ҳам мавҷуд аст, ки шояд аз кӯҳансолтарин дарахт дар Тоҷикистон бошад. Дар миёни зиёраткунандаҳо чунин шугун ҳаст, ки агар латтапораеро бо нияти фарзанддорӣ ва шифоёбӣ ба шохаи ҳамин дарахти дарозумр бубандӣ, ҳатман ба муродат мерасӣ.

Лутфия Қосимова, сокини ноҳияи Қумсангир, низ аз ҷумлаи афродест, ки ба дурустии ҳамин суннат бовар дорад:

«Акнун аз қадим мондааст ҳамин суннат. Мо агар бемор шавем, ният мекунем, ки ба ҳамин пирдарахт латта оварда мебандем. Ҳамон катӣ нағз мешавем. Одамон агар бефарзанд бошанд, ягон куртачаи кӯдаконаро харида, оварда ба ҳамин дарахт мебанданд ва ният мекунанд, ки фарзанддор шаванд. Як ҳамсояи мо ҳам баъди 12 соли зиндагии бефарзанд, як вақт куртачаи кӯдаконаро оварда ба ҳамин дарахт баста монд, Аҷобаташро бинед, ки вай духтарчадор шуд. Онҳо ҳам ба ҳамин чиз ихлос карданд…»


Суннате, ки Ҷӯра-шикорчӣ роиҷ кард


Ва аммо Ҳоҷӣ Исмоили Чилучорчашмагӣ, мудири зиёратгоҳи мазкур мегӯяд, бастани латтапора ба дарахтони зиёратгоҳ аз назари ислом ширк аст, дуруст нест. Вай мегӯяд, пайдоиши ин одати мардумӣ қиссаи ҷолибе дорад:

«Аз хотирам набаромада бошад, соли 1967 буд, ё 1968, дар ин ҷо як порае аз кинофилми «Ҷӯра-шикорчӣ»-ро ба навор гирифта буданд. Омада як қатор дарахтонро ранг карданд ва 60 метр лентаи филмро сабт карданд. Қаҳрамони филм – Ҷӯра-шикорчӣ, агар ба ёд дошта бошед, як латтапораеро гирифта, ба шохи дарахт мебандаду меравад. Баъд аз ҳамон мардум ба қаҳрамони ҳамин филм пайравӣ карданд, оҳиста оҳиста одат карданд. Ин аз назари ислом ва тиб дуруст нест, аммо ба як суннати миллӣ табдил ёфтааст…»

Вале бо ин ҳам, оби Чилучор чашма барои муолиҷаи безурётӣ бисёр муфид будааст. Дар давоми 12 соли ахир, наздик ба 600 ҷуфт аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон, ки солҳо фарзандталаб буда, дармони безурётии худро намеёфтанд, пас аз муолиҷа бо оби Чилучор чашма соҳиби фарзанд шудаанд.

Вале бо ин ҳама, масъулони зиёратгоҳ мегӯянд, ҳанӯз ҳам тамоми таърихи пайдоиш ва асрори шифобахшии Чилучор чашма пажӯҳиш нашудааст. Ҳамоно агар далели дармонбахшии оби чашмаҳоро наёбанд, аз Чилучор чашма ҳамчун мавзеъи мӯъҷизаофар ном мебаранд.