Ассосиаисияи тоҷирони хурду миёнаи Тоҷикистон ва бархе аз коршиносони бахши иқтисод ба ин назаранд, ки кодекси андози Тоҷикистон таҷдиди назар мехоҳад.Ва яке аз монеъаҳои аслии ба созмони тиҷорати ҷаҳони мулҳақ нашудани Тоҷикистон, теъдоди андозҳои зиёд ва суднадошта аст, ки ба қавли коршишиносони байналмилалӣ ва дохилӣ, ба рушди иқтисод ва бахши хусуси монеъа эҷод мекунад
Дар ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон 21 намуди андоз ситонида мешавад. Дар Қирғизистони ҳамсоя, ки узви созмони тиҷорати ҷаҳонӣ аст, танҳо ҳафт намуди андоз вуҷуд дорад.
Ва имрӯз бозорҳои дохилии мо пур аз либосҳои мардонаву занона ва кӯдаконаи дӯхта ё тавлидшуда дар Қирғизистон аст. Зеро дар Қирғизистон барои ворид кардани дастгоҳҳои нассоҷӣ ва хаётӣ, молиёт ва пардохти иловаи гумрукӣ вуҷуд надорад.
Вале корхонаи хаётии Тоҷикистон барои ворид кардани мошини дузандагӣ ва дигар таҷҳизот, андози ду каратаи НДС ё молиёти афзуда бар арзиш ва аворизи гумрукӣ месупорад, ки либоси дӯхта дар ин корхона ду баробари либоси дӯхта дар Қирғизистон гарон тамом мешавад.
Аз андозҳои гарон тоҷирон рӯ ба гурезанд
Ин мол ба далели қиматӣ ба фурӯш намеравад ва корхонаи варшикаст мешавад. Ба гуфтаи Матлуба Улҷабоева, раиси ассосиатсияи тоҷирони хурду миёнаи Тоҷикистон, ба ин далел, бархе аз тоҷирон Тоҷикистонро тарк карда тиҷорати худро ба Қирғизистон ва кишварҳои арабӣ бурданд. Саидбек Сафарбеков –раиси ширкати «Шириниҳои Шарқ» аз ҷумлаи ҳомин тоҷирон аст.
Вай гуфт: «Мо қариб сад дар сад фаъолияти ширкати худ дар Тоҷикистонро маҳдуд кардем. Далел, фишорҳои ҳаматарафа. Барои мисол, милисаи маҳаллаи Роҳи оҳан мағозаи моро мӯҳр задааст. Милиса, идораи сӯхтор ва ғайра ба мо фишор меоранд, таҳдид мекунанд, ки мағозаро мебандем».
Раиси ширкати «Шириниҳои Шарқ» гуфт, ки ба ивази худсариҳои мақомоти давлатӣ, гаронии андозҳо низ ба тоҷир фишор меорад, ки дар Қирғизистон фишори андоз эҳсос намешавад. Вай афзуд агар дар Тоҷикистон ду баробар НДС ё андози афзуда бар арзиш супорӣ дар Қирғизистон он як бор аст ва 12 дарсадро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон 20 дарсад аст.
Вай афзуд:«Дар Қирғизитон кор кардан осон аст. Ҳеҷ кадом идораи давлатӣ моро таҳдид намекунад. НДС дар Қирғизистон 12 дар сад аст. Дар Тоҷикистон 18 ило 20 дарсад. Кор дар Қирғизистону Қазоқистон нисбат ба Тоҷикистон ҳудуди 20-30 дарсад аз ҳисоби андоз фарқ мекунад».
Ба гуфтаи Зайдулло Саидов-тоҷири Душанбешаҳр, дар Тоҷикистон ҳама воситаҳо барои рушди санъати заргарӣ мавҷуд аст. Вале ба далели андози аксиёи эъмол кардан, дар Тоҷикистон ин бахш рушд намекунад. Ва маҳсулот ба далели қимат тамом шуданаш бозоргиру даромаддор нест.
Вай афзуд: «Андозҳои зиёду гарон молро қимат мекунад. Ва ба ин далел, дар бозор рақобат намекунанд. Барои мисол, барои маҳсулоти заргарӣ ва иловаи андоз, 5 дарсад андози аксизи эъмол шудааст, ки дар ҳеҷ кишвари дунё нест».
Ба гуфтаи бисёре аз тоҷирон, андоз барои ворид кардани дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсолот дар Тоҷикистон сангин аст, ки миёни бисёр тоҷирон ва соҳибкоронро мешиканад.
Зайдулло Саидов дар ин бора гуфт : «Таҷҳизоти истеҳсоли, ки ворид мешавад андозу аворизи гумрукӣ дорад. Тоҷир аз дастгоҳи воридкарда, ки ҳоло оидот ба даст наовардааст, андоз месупорад. Ин ба рушди бахши тавлидӣ монеъа эҷод мекунад».
Cиёсати андозбандии мо фурӯшандаи брилиантро мемонад
Ба эътиқоди Имомназар Ҳақназар, иқтисоддон, сиёсати андозбандии Тоҷикистон фурӯшандаи брилиантро мемонад, ки тамоми сол дар интизори харидори бадавлат менишинад. Дар ҳоле, ки нонфуруш ҳар рӯз бо пули кам нон мефурӯшад. Ва дар ниҳоят аз брилиантфурӯш оидоти зиёдтар ба даст меорад.
Ва ба ин далел, пешниҳод дорад, ки бахши зиёди андозҳои зиёдатӣ лағв шаванду андозҳои боқимонда сабуктар карда шаванд. Ва дар ниҳоят, давлат мисоли нонфуруш аз кам-кам, андози зиёд ба даст меорад. Ва ба гуфтаи Имомназари Ҳақназар, тағйири сиёсати андозбандӣ ба ин шева аз як сӯ сарпечӣ аз пардохти молиёт аз сӯи тоҷиру соҳибкор ва корхонаҳоро коҳиш медиҳад, аз сӯи дигар ба сарозер шудани сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон роҳро ҳамвор мекунад.
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон танҳо тасмим дорад дар имтиёзи андозҳо таҷдиди назар кунад. Ва дар ин бора гурӯҳи корӣ ташкил шудааст.