Оғози нишасти ғайрирасмии сарони СПАД дар Арманистон

Қарор аст, дар нишасти ғайрирасмии сарони созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои 20-21-уми август дар Севани Арманистон баргузор мешавад, президентҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон вазъи Қирғизистон ва нақши созмонро дар эътидоли вазъи ин кишвар баррасӣ кунанд.
Дар ин робита Сергей Приходко, ёвари раисиҷумҳури Русия, ба хабарнигорон гуфтааст, кишварҳои узв роҳҳои мусоидат ба эътидоли авзоъ дар Қирғизистон ва такмили механизмҳои вокуниши сареъи созмон ба ҳолатҳои изтирориро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Приходко, президентҳо на танҳо вазъи Қирғизистон, балки умуман ҳолати феълӣ дар Осиёи Марказӣ ва таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти онро низ баҳс хоҳанд кард. Вай мегӯяд, аз он ҷо, ки ин нишаст ғайрирасмист, ҳар яке аз президентҳои кишварҳои узв ҳақ доранд, масъалаи дилхоҳи хешро ба рӯзномаи гуфтугӯҳо шомил кунад.

Ба ин тартиб, Приходко, аз номи кишвари худ гуфтааст, қарор аст, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, ки дар ҳоли ҳозир раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон аст, пешниҳод хоҳад кард, ки иҷлосияи навбатии ин шӯро дар шаҳри Маскав баргузор шавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон пас аз истироҳати кӯтоҳмуддат дар Сочӣ ба Арманистон сафар ва дар мулоқоти ғайрирасмии сарони созмони Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои ҳамсуд (СПАД) ширкат мекунад

Мавзӯи калидӣ - вазъи Қирғизистон
Вазъи Қирғизистони хушнатзада аз мавзӯъҳои калидии ҳамоиши СПАД дар Арманистон аст

Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, гуфтааст, кишвараш умедвор аст, ки вохӯрии президентҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар осишгоҳи Севани Арманистон дар рӯҳияи дӯстона ҷараён хоҳад ёфт. Вай низ иқрор кардааст, ки ҳарчанд масъалаҳои зиёде ба баррасии раҳбарон пешниҳод шудаанд, авзоъ дар ҷануб дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳад гирифт.

Лавров гуфтааст, "рӯйдодҳои Қирғизистон бояд сабақи муҳиме ба кишварҳои узв шумурда шавад ва бояд дар ин замина дараҷаи омодагӣ ва коршоямии созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ матраҳ гардад, ҳарчанд вазъи Қирғизистон ба иллати шароити дохилии сиёсияш мудохилаи СПАД-ро тақозо намекард."

Бо вуҷуди ин, афзуд, вазири умури хориҷии Русия, зимни муроҷиати ҳукуматдорони Қирғизистон раисиҷумҳури Русия ҷаласаи сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои узвро баргузор кард ва дар он тасмим гирифта шуд, ба Қирғизистон имдоди модӣ, фаннӣ ва таслиҳотӣ расонда шавад.

Созмони дар ҳоли ҷонканӣ ва сакарот


Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, СПАД-ро "созмони дар ҳоли ҷонканӣ" номидааст
Таъкиди Лавров ба он ки кишвараш умедвор аст, нишасти президентҳои ҳафт кишвари узв дар Арманистон дар фазои дӯстона ҷараён хоҳад ёфт, ба эҳтимоли зиёд, ихтилофоти ахири байни Русия ва Беларус рабт мегирад. Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфтааст, ки дар нишасти сарон ширкат хоҳад кард ва назари худро ба созмоне, ки дар ҳоли ҷонканӣ ва сакарот аст, баён хоҳад дошт.

Ҳамчунин дақиқ нест, ки раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов дар нишасти Севан ширкат хоҳад кард ё на. То охирин лаҳза маълумоте пахш шудааст, ки ӯ ба ин мулоқот нахоҳад омад. Аммо дар сурати зоҳир шудани Каримов дар нишасти Севан аз эҳтимол дур нест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба "муҳосираи нақлиётӣ"- Ӯзбакистон нисбати Тоҷикистон ишора хоҳад кард, ки хилофи маншури созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамбастагии ду кишвар дар як созмони ҳампаймонҳост.

Ӯзбакистон ба таъсиси Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъ дар созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мухолиф буд ва ҳарчанд Беларус дертар қарордоди таъсиси ин нерӯро ба имзо расонд, Тошканд ба баррасии он бознагашт. Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, гуфт, кишварҳое, ки санадро имзо кардаанд, ҳамчунин ба таъсиси гурӯҳи ҳифзи қонун ва тартибот дар ҳайати Нерӯҳои муштараки вокуниши сареъ машғул хоҳанд буд, ки бо қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона ва умури изтирорӣ расидагӣ хоҳанд кард.

Ба ғайр аз ин Лавров ишора кард, ки президентҳо масъалаи ташкили нерӯҳои муштараки посдори сулҳро баррасӣ хоҳанд кард, то дар амалиёти ҳифзи сулҳ дар кишварҳои увз ширкат кунанд. Ба эҳтимоли зиёд, бо ин роҳ созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки дар рӯйдодҳои Қирғизистон худро даступобастаи низомномаи хеш дид, мехоҳад, барои вокуниш ба воқеаҳои ҳамсон дар оянда дасти боз дошта бошад.