Пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон боқӣ мемонад

Аҳдномаи байни Русияву Арманистон дар бораи дифоъ, ин таҳкими ҳамон созишномаи соли 1995 миёни ин ду кишвар аст, ки ба нерӯҳои низомӣ ва ҳавоии Русия иҷозат медиҳад ба пойгоҳи низомӣ воқеъ дар ғарбӣ Арманистон дастрасӣ дошта бошанд.
Ҳамзамон ин аҳднома, ҳузури Русияро дар онҷо аз 25 то 49 сол, яъне то соли 2044 тамдид мекунад. Маъмурияти нерӯҳои Маскав низ тавсеъа хоҳад ёфт ва акнун ба иловаи ҳимояи манфиатҳои Федератсияи Русия тазмини амнияти Арманистон низ изофа шудааст.

Истиқболи Арманистон аз таҷдиди паймон

Бино ба аҳднома, Маскав Ереванро бо аслиҳаи ҳозиразамон ва муҳимоти низомии вижа таъмин хоҳад кард. Дар пойгоҳи кунунӣ, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия Миг- 29, мушакҳои S-300 ва сарбозони русӣ ҷойгир мебошанд.

Дар мусоҳиба бо телевизиони Русия Эдуард Налбандян, вазири корҳои хориҷаи Арманистон созишномаи навро истиқбол намуд:

“Мо имзои ин созишномаро, ки бандҳои бисёр хуб дорад ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем. Ин бандҳо назири амнияти баробар ва тақсимнопазир барои ҳамаи кишварҳои минтақаи Евро-Атлантика ва Евроосиё яъне таъмини амнияти ягон кишвар ба зарари амнияти дигар кишвар ё инзивоъи ягон кишвари дигар ғайриимкон аст. Ҳамин тавр мо ин ташаббусро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мекунем.”

Эдуард Шармазанов, сухангӯи ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳи президент Саркисян гуфт, аҳднома на танҳо марзҳои Арманистонро дифоъ хоҳад кард, балки ба имкони он, ки Озарбойҷони ҳамсоя кӯшиш хоҳад кард низоъи Қарабоғи Кӯҳиро бо истифода аз нерӮи низомӣ ҳал кунад, роҳ намедиҳад.

Қарабоғи кӯҳи минтақаи ҷудоиталаби Озарбойҷон аст, ки аксаррияти аҳолиашро арманиҳо ташкил медиҳанд. Арманистону Озарбойҷон барои ин минтақа шаш сол бо ҳам ҷангиданд. Аз соли 1994 ба ин тараф Қарабоғ таҳти идораи арманитаборон мебошад.

Ҳармазанов афзуд, ки гомҳои охири Арманистон барои таҳкими амнияташ дар вокуниш ба изҳороти Озарбойҷон бардошта шудааст, ки гуфтааст барои дубора таҳти контроли худ даровардани Қарабоғ бо истифода аз нерӯ омодагӣ мегирад. Ӯ изҳор намуд, ки илова ба Озарбойҷон кишвараш бо Туркия низ ҳаммарз аст, ки аз ҳампаймонони Боку дониста мешавад.

Аммо на ҳама бовар доранд, ки Арманистон аз аҳдномаи нав суд мебарад.

Таҳлилгарон ишора мекунанд ки дар аҳдномаи нав, танҳо дар бораи дифоъи Арманистон гуфта мешавад. Ин дар ҳолест, ки Қарабоғ расман бахши Озарбойҷон мебошад ва ба ҳамин хотир ҳам аҳднома ин минтақаро дар бар намегирад. Ва аммо задухурдҳои эҳтимолии нерӮҳои Арманистон на дар қаламрави Арманистон балки дар Қарабоғ ба амал хоҳад омад.

Арманистон аз ҳамсояҳои худ хавф дорад

Павел Фелгенгауер, таҳлилгари шинохтаи Русия гуфт, аҳднома на дар бораи дифоъи Русия аз Арманистон дар муқобили Озарбойҷон аст балки пешгирӣ кардан аз дахолати Туркия мебошад.

Жерард Либаридян, собиқ мушовири амнияти миллии Арманистон бар ин ақида аст, ки тибқи созишнома. Русия ҳатто ӯҳдадор нест то аз Арманистонро дифоъ кунад аммо ин аҳднома дастҳои Русияро барои дахолат боз мекунад.

Вафо Гулузода собиқ мушовири президенти Озарбойҷон гуфт аҳднома ба Русия имкон медиҳад ҳузурашро дар Арманистон тавсеъа бахшад:

“Қаламрави Арманистон ин қаламрави Русия аст ва Русия ҳузури низомиашро дар Арманистон афзоиш медиҳад, дар муқобили НАТО ва Амрико агар онҳо алайҳи Эрон ҷанг кунанд, чун ки мехоҳад қавӣ бошад ва дар Арманистон, яъне Арманистони русӣ ё ин ки дар қаламравия Русияи Арманистон аслиҳаи таъсирбахш дошта бошад.”

Ҳамроҳ бо пойгоҳҳои низоми дар ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Гурҷистон Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон аҳднома ҳузури низомии Русияро дар марз бо Туркия узви паймони атлантикаи шимоли НАТО бесобиқа таҳким мебахшад.