Мадина ва модари солхӯрдаашро дар назди маркази бӯҳронии кумитаи кор бо занон ва оила вохӯрдам, ки барои расидагӣ ба мушкили хонаводагӣ ва дархости кӯмак омада буд. Ӯ мегӯяд, вазъи иҷтимоӣ, волидонашро водор кард, ки дар 17 солагӣ ӯро ба шавҳар диҳанд.
Мадина мегӯяд, давоми ду соли зиндагии оиладорӣ, ӯ пайваста аз сӯйи шавҳараш, ки болои ӯ зани дуввум ҳам гирифта буд, мавриди лату куб қарор гирифтаву азият мекашид. Ҳоло ӯ 22 сол дорад ва бо ду фарзанд аз шавҳар ҷудо шудаву ба гуфтаи модараш, ба як зани дардманд табдил ёфтааст. Мадина худ нахост дар назди микрафон сӯҳбат кунад, вале модараш гуфт:
«Шавҳараш ҳоло хонадор шудааст ва бо мо ҷанҷол дорад, мехоҳад духтарчаашро бо худ бигирад, вале Мадина намехоҳад фарзандашро ба онҳо диҳад, чунки падарандари домодам одами чандон пок нест ва метарсем мо. Духтарамро азоб медоданд, худашон маҷбур мекарданд, ки ба бозор барояд, савдо кунад ва ҳам ту аз хона баромадӣ гуфта мезаданд. Ҳозир духтарам худаш ва ҳам фарзандонаш беморанд. Шавҳараш аслан кӯмак кардан намехоҳад ба онҳо».
Мизони хушунатҳо боло меравад
Ин дар ҳолеcт, ки маъмурони милисаи Точикистон, танҳо дар шаш мохи гузаштаи соли чорӣ бештар аз 400 чинояти марбут ба хушунати хонавдагӣ, аз ҷумла куштору худкушӣ ва таҷовузу латукубро ошкор кардаанд ва ҳоли ҳозир бештар аз 2000 оилаи носолимро таҳти назорат доранд, ки дар ин хонаводаҳо қариб ҳамарӯза хушунату зӯроварӣ ва муноқиша рух медодааст.
Ин вазъ, мақомоти масъули кишварро водор кард, то бо ҳимояти молии САҲА дар Душанбе барои аввалин бор бахши нозирони мубориза бо хушунати хонаводаиро таъсис бидиҳанд.
Ҳамакнун, ҳар нафаре, ки дар хонаводаи худ ба хушунати ҷисмониву равонӣ ё зӯроварӣ дучор мешавад метавонад ба нозирони ин шӯъбаи ҷадид муроҷит кунанд ва гуфта мешавад ба фарқ аз марказҳои боварӣ, ки бештар ба ҷабрдидаҳо машварати равониву ҳуқуқӣ медиҳанду барои дарёфти роҳи ҳал онҳоро кӯмаку роҳнамоӣ мекунад.Дар ин шӯъбаҳо хушунатгаронро ба қайд гирифта, дар ҳолатҳои зарурӣ, бо кӯмаки ниҳодҳои масъул онҳо ба ҷавобгарии ҷиноиву маъмурӣ кашида мешаванд.
Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти ин шӯъбаҳое, ки сирф бо хушунату зӯроварии хонаводагӣ мубориза мебаранд, метавонанд ҷараёни муроҷиати занону афроди хушунатдидаро афзоиш диҳад, зеро :
«Бо таваҷҷуҳ ба менталитети шаҳрвандони мо, ки на ҳамеша барои ҳимоя аз ҳуқуқи худ ба милисахона муроҷиат мекарданд, ин марказҳои нозирони вижа дар берун аз сохторҳои интизомӣ таъсис ёфтаанд ва дар онҳо танҳо занон фаъолият мекунанд, ва ин албатта барои занону духтарони хушунатдида имкон медиҳад ба хотири расидагӣ ба мушкилоти худ озодона ба марказҳо муроҷиат кунанд».
Таҷрибаи нахустин дар Осиёи Марказӣ
Таъсиси 5 маркази нозирони вижа барои мубориза бо хушунату зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон ин нахустин таҷриба дар кишвраҳои Осиёи Марказӣ будааст. Дар ин марказҳо беш аз 20 нозирони омӯзишдида барои кор дар самти мубориза бо зӯроварӣ хонавдагӣ ҷалб шудаанд. Парвина Хоҷаева ҳам яке аз аввалин нозирон оид ба зӯровари дар оила аст. Ӯ дар бораи фаъолияти барои шароити Тоҷикистон ҷадид гуфт:
«Вақте, ки занон ба мо муроҷиат мекунанд, мо мушкили онҳоро мебинем. Агар шавҳараш ӯро латукуб карда бошад, ташхис мекунем, агар ҷиноятӣ маъмурӣ бошад, ба ҷарима мекашем ӯро. Агар зӯроварии зиёд карда бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Мо бо созмонҳои масъули дигар ҳам кор мекунем ва кӯшиш мекунем ҳаматарафа ба мушкили занону афроди хушунатдида расидагӣ кунем».
Ба гуфтаи ҷомеашиносон, хушунати хонаводагӣ маъмулан дар Тоҷикистон ва аз сӯйи масъулин ниҳодҳои интизомӣ чун як масъалаи шахсии хонаводаҳо дониста мешавад ва вақте занону духтарон ё афроди латукубшуда ба нозирони минтақавӣ муроҷеъат мекунанд, посух мегиранд, ки ин кори оилавӣ аст ва милисаҳо дахолат нахоҳанд кард.
Бинобар ин, ғолибан ҷабрдидаҳо дари марказҳои буҳронӣ ва созмонҳои байналмилалии кор бо занону ҳомиёни ҳуқуқро мекӯбанд. Нурсултон Шоҳназирова, ҳуқуқшиноси маркази «Боварӣ» дар назди кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, қариб ҳамарӯза ба онҳо беш аз 10 ҷабрдида бо масоили мухталифи оилавии худ муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ғолибан занон аз сӯйи шавҳарони худ латукӯб шудаву бо фарзандонашон аз хона берун карда мешаванд.
“Мана ҳамин дирӯз як духтарак омада буд, 28 сола, ақди нигоҳи расмӣ дорад. Вале шаваҳараш боз як духтари 20 соларо гирифта, ӯро бо фарзандонаш аз хона пеш карда, дигар нигоҳубин намекунад. Мо машварат додем, ки ба додгоҳ бо нома муроҷиат кунад, чун тибқи қонун дузанагӣ манъ аст. Духтарак рад кард, ӯ мегӯяд намехоҳад шавҳарашро шарманда кунад, метарсад. Ин ҳам аз ноогоҳии худи духтарону занони мо. Агар шавҳар чунин муносибат дошта бошад пас чаро бояд чашм пӯшем мо."
Пажӯҳишҳои созмонҳои иҷтимоӣ муайян кардааст, ки ҳудуди 30 дар сади занон дар Тоҷикистон ба бадрафторӣ ва хушунати хонаводагӣ аз сӯйи шавҳаронашон рӯ ба рӯ ҳастанд.
Хушунат монеъи рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ
Хушунат нисбати занон дар хонавода як мушкилӣ доғ аст, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демкоратия дар кишварҳо монеа эҷод мекунад, вале пешбинӣ ва мушшахас нашудани ягон масъулияту муҷозот алайҳи хушунату зуроварии хонаводагӣ дар қонунгузории Тоҷикистон ин вазъро боз ҳам печидатар мекунад мегӯяд, Ивар Виккӣ сафири Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон. Ӯ дар зимн, қабули ҳарчи зудтари « Қонун дар бораи пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ»-ро, ки 3 сол пеш таҳия шудааст, зарур хонд.
«Лоиҳаи қонун дар бораи хушунати хонаводагӣ то ҳол қабул нашудааст. Ин қонун маъмурини милисаро водор ба он мекунад, ки ҳимояи мардумро аз ҳар гуна хушунату ҳуқуқвайронкуниҳо на корӣ хонаводагӣ балки вазифаи худ бидонанд.»
Ва аммо ҷомеашиносон мегӯянд, сари ҳар қадам ба бадрафтории ҷисмониву равонӣ ва латукуб гирифтор шудани занон набуди баробарии ҷинсӣ, дар баробари афзоиши мизони худкушӣ ва дигар амалҳо, як сабаби ворид шудани занони зиёд ба кӯчаи танфурӯшӣ ҳам шудааст. Ба мисли қаҳрамони дигари мо, духтари 16 солае, ки соле пеш падараш ӯро аз хона пеш кардааст. Қисса чунин аст, ки модараш ӯро барои кӯмак ба хонаи холааш мефиристад ва дар роҳ духтар аз сӯйи ронандаи таксӣ таҷовуз мешавад.
«Падарам аз ман рӯй гардонд ва маро аз хона ронд. Барои ҳамин баромада ба шаҳр омадам ва бо як духтар шинос шудам, ки маро хариду фурӯш кард ва ҳамин тавр зиндагӣ дорам дар шаҳр.»
Ва аммо Гулҷаҳон Бобосодиқова, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Занҳои маълумоти оилдор» мегӯяд, имрӯз хушунат на танҳо дар нисбати занон рух медиҳад, балки мардону кӯдакон ҳам мавриди хушунату зӯроварӣ қарор мегиранд. Ва омилҳои аслии ин мушкилро хонум Бобосодиқова қабл аз ҳама ба вазъи иқтисодии хонаводаҳо рабт медиҳад:
«Аз як ҷиҳат, сабаб дар бисёр паст будани маърифати ҳуқуқии ҳам занҳо ва ҳам мардҳои мо аст ва дигар ин, ки баъзе анъана ё стереотипҳои шахшуда дар ҳаёти мо аст, ки он чизе, ки дар оила ҳаст аз хона берун баровардан намехоҳем ва дар натиҷа занону кӯдакон азият мекашанд. Хулоса, ин ҳама аз проблеммаҳои иқтисодӣ замина мегиранд ва боис ба сар задани муноқишаву ҷиноятҳо дар хонавода мешаванд ».
Ба ин тартиб, ба таъкиди таҳлилгарон, агар аз ин мушкил ҷилавгирӣ нашаванд имкон дорад оянда ба генофонди миллӣ садамаи ҷиддӣ ворид кунад. Ҳоло танҳо умеди созмонҳои ҳимоя аз ҳуқуқи занон ба лоиҳаи «Қонун дар бораи ҳимояи иҷтимоӣ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ » аст, ки бояд бо бозгашти вакилони парлумони кишвар аз таътил ба онҳо пешниҳод шавад.