Маркази таҳқиқоти иҷтимоӣ ва назарсанҷии «Зеркало» мегӯяд, ки 90 дарсади пурсидашудагон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҷонибдори ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар соҳаи энержӣ ҳастанд.
Пурсидашудагон гуфтаанд, тарҳҳои муштарак, ба монанди "Сангтӯда -1" бояд дар оянда низ идома ёбанд.
Қаҳрамон Бақозода, сарвари Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Зеркало» мегӯяд, дар ин назарсанҷӣ 600 нафар дар 60 кӯчаҳои Душанбе пурсида шудаанд. Оқои Бақозода гуфт, пурсидашудагон аз 18 сола боло ва 53 дарсадашон ҷавононанд:
«20 - 30 дарсадро аз рӯи методологияи тадқиқот мониторинг карда дидем, яъне ба дуруст будани ахборе, ки мо ҷамъ кардем, кафолат медиҳем».
Ҳамчунин тибқи ин назарсанҷӣ, 93% эътимоди худро ба касбияти энергетикҳои рус баён дошта, 86% дарсад аҳамияти нерӯгоҳи "Сангтӯда -1"-ро барои иқтисоди Тоҷикистон мусбат арзёбӣ кардаанд. 90% ба қарзи чандмиллионаи «Барқи тоҷик» пеши ширкати «Нерӯгоҳи Сангтӯда -1» назари манфӣ доранд ва нигаронанд, ки адами маблағ ба сатҳи амнияти нерӯгоҳ таъсири манфӣ мерасонад.
Ин назарсанҷӣ аз сӯи маркази матбуотии нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" замоне паҳн шуд, ки равобити Тоҷикистону Русия дар заминаи як идда масоили иқтисодиву сиёсӣ ба сардӣ гароидааст. Тарҳҳои энержӣ, ки 90 дар сади мухотабҳои "Зеркало" мехоҳанд Русияро бахши онҳо бубинанд, аз ҳамин масоили печида дар равобити ду кишвар аст.
Коршиносон мегӯянд, нерӯгоҳи Роғун ин тарҳи сарнавиштсоз барои Тоҷикистонро Русия аз ибтидои солҳои 90, ба қавле, «таги чашм» карда, аммо на бунёд кард ва на гузоштааст, ки дигарон бунёд кунанд. Ин дудилагӣ ва "имрӯзу пагоҳ" гуфтанҳои Русия билохира мақомоти кишварро ба воқеъияти ширкати Маскав дар ин тарҳ машкук кард ва қарор шуд, ки Роғунро Тоҷикистон бо нируи худ бунёд мекунад. Дар пасманзари ин ҳама масоили печида хушбинии мардум аз ҳамкорӣ бо Русия ғайриинтизор ва ғайримантиқӣ ба назар мерасад.
"Онҳо манфиати худро доранд, мо манифати худро"
Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, эътимоди мардуми Тоҷикистон бештар заминаи таърихӣ ва иҷтимоӣ дорад, на ҷамбаи воқеъӣ ва на манофеи миллӣ:
«Дар қиёс бо солҳои Шӯравӣ фарқи зиёд ба миён омадааст. Пеш аз ҳама манофеъи мову Русия бо ҳам мувофиқат намекунанд. Онҳо манфиати худро доранд, мо манфиати худро. Манфиатҳои давлативу миллӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Бо назардошти инҳо на фақат бо Русия, балки бо тамоми кишварҳо Тоҷикистон муносибат мекунад. Боварии мардумро бояд эҳтиром кард, аммо воқеиятҳои дигар ҳастанд, ки сари онҳо андеша мебояд»
Оқои Сафаров нерӯгоҳи "Сангтӯда -1" -ро мисол овард, ки тарҳи муштараки ду кишвар аст, аммо ба нафъи Русия кор мекунад ва ҳоло Тоҷикистон аз он ҳудуди 27 миллион доллар қарздор аст.
Коршиносон дар боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон низ «изи» Маскавро мебинанд, ки дар ҳамкорӣ бо Тошканд мехоҳад ба пакети назоратии саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғуну пойгоҳи низомии Айнӣ даст ёбад.
"Муносибатамон бад нест"
Аммо Алексей Степанов, сухангӯи сафорати Русия овозаҳои мавҷуд дар бораи сардии равобити ду кишварро такзиб карда, онҳоро маҳсули тахаюли шаккоконе унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ, комилан хато мекунанд:
«Эътимоди мардум, ки ҳатто назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, қабл аз ҳама инро таъйид мекунанд, ки раҳбарони ду кишвар, ҳукуматҳо роҳи дурустро пеш гирифтаанд. Яъне мардум ин сиёсатро дастгирӣ мекунанд. Аз ин хотир ҳамкориҳо тавре буд, ҳамон тавр рушд хоҳад кард».
Зимнан, мақомоти Русия равобити иқтисодии ду кишварро дар ҳоли рушд ва афзоиши гардиши молро дар панҷ моҳи аввали соли равон 329 миллион доллар гуфтаанд. Ин рақам дар солҳои гузашта ба беш аз як миллиард баробар буд. Чанде пеш Русия содироти меваи хушки Тоҷикистонро ба иллати ба гуфтаи онҳо "хуруҷи бемории фалаҷ" дар кишвар манъ кард ва ба хисоротеро ба ширкатҳои мевафурушии Тоҷикистон ворид намуд.
Гуфта мешавад бинобар хатми сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда 1 Русия сармоягузорҳиҳои худро дар соҳаи энержии Тоҷикистон кофиш додааст. Коршиносон мегӯянд, дар чунин ҳол гумон аст, ки имсол гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон аз марзи порсола — яъне 1 миллиард доллар убур кунад.