Ҳомид Карзай сангсор дар Қундузро маҳкум кард

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, сангсор шудани як марду зани ҷавон аз сӯи Толибон дар вилояти Қундуз, дар шимоли ин кишварро маҳкум кардааст. Ӯ ин кушторро ҷинояти нобахшиданӣ унвон кард.
Ин марду зани ҷавон ба зино муттаҳам ва дар деҳае дар вилояти Қундуз сангсор шудаанд, ки ин деҳа таҳти идораи Толибон аст. Ин нахустин сангсор пас аз барканории Толибон аз қудрат дар нуҳ соли ахир аст ва ин иқдомро созмонҳои байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар ва уламои шинохтаи дохилӣ ва хориҷӣ шадидан маҳкум карданд.

Карзай ин кушторро ҷинояти нобахшиданӣ унвон кард. Ӯ гуфт, маҳкум шудани ду ҷавони афғон аз ҷониби гурӯҳи силоҳбадаст бидуни муҳокимаи мунсифонаи додгоҳ хилофи қонуни кишвар ва Ислом аст.

Бино ба гузоришҳо, зану марди 20-соларо, ки чанд ҳафта қабл аз деҳаашон фирор карда буданд, Толибон боздошт карданд ва дар шӯрои муллоҳои маҳалӣ онҳоро ба қатл маҳкум намуданд.

Баҳси қонуни шариат дар Афғонистон

Муҷозот таваҷҷӯҳро ба баҳс атрофи маънои қонуни шариат дар Афғонистон ҷалб кард. Ин баҳс ҳафтаи гузашта баъд аз нишасти 350 олими Ислом, ки дар Кобул баргузор шуд, сар зада буд. Дар ин нишаст уламои кишвар даъват намуданд, ки бояд қоидаҳои сахтгиронаи шариати исломӣ ҷорӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки дар Қонуни асосии Афғонистон гуфта мешавад, ки ҳамаи қонунҳо бояд бо шариат мувофиқ бошад.

Дар қонуни асосии Афғонистон Ислом дини давлатӣ эълон шудааст. Ҳамзамон дар қонуни асосии кишвар риояи Декларатсияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар аҳдномаҳои байналмилалӣ дар робита ба ҳуқуқи инсон тазмин дода мешавад.

Дар сӯҳбат бо бахши афғонии радиои Озодӣ Мавлавӣ Абдулносир, руҳонии саршинос аз деҳаи Дашти Арча, ки ин фоҷеа рух дода буд, сангсорро маҳкум кард. Мавлавӣ, ки бино бар гуфтаҳояш, дар бораи ин муҷозот дараке надошт, эълом намуд, ки содир кардани чунин ҳукм дар асл иштибоҳ буд.

Мавлавӣ Сидиқуллоҳ Муслим, масъули Додгоҳи олии Афғонистон, миёни шариат ва ҳуқуқҳои инсон ягон ихтилофро намебинад. Ӯ ба радиои Озодӣ гуфт, шариат тавофуқи уламои Ислом ва истидлолро мепазирад ва танҳо ниҳодҳои ҳукуматӣ метавонанд қонуни исломиро иҷро кунанд.

Профессори Ал-Азҳар: Толибон ҳаққи ҳукм кардан надоранд

Профессор Ҳомид Муҳаммад Абу Толиб, собиқ раҳбари факултаи шариати донишгоҳи Ал-Азҳари Миср, бо ин назар мувофиқ аст. Ӯ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, афроди мусаллаҳ ҳақ надорад, касеро муҳокима кунад, ё муҷозоти исломиро ба ҷо орад, ҳатто агар гуноҳи ин ашхос собит бошад.

Абу Толиб афзуд, ки дастурамали кайфарии исломӣ танҳо дар он кишвари исломӣ мавриди иҷро қарор мегирад, ки вазъи он устувор бошад ва амнияти шаҳрвандон ва моликияташон таъмин шавад.

Толибон ва дигар гурӯҳҳои ошӯбгари Афғонистон мехоҳанд, исломи тахайюлӣ бунёд кунанд. Аммо он намунаи давлате, ки онҳо таъсис дода буданд ва ҳоло мехоҳанд онро барқарор кунанд, бештар на бар пояи ширкати довталабонаи шаҳрвандон, балки дар пояи тарсу ваҳм таъсис шуда буд. Аксарияти уламои Ислом ин тарзи давлатдориро қатъиян рад мекунанд.