Узбакистон овози Фирӯза Ҷуманиёзоваро ҳабс кард

Фирӯза Ҷуманиёзова, ҳунарманди узбакистонӣ, дар Тоҷикистон низ маъруф аст

Вазорати фарҳанги Узбакистон Фирӯза Ҷуманиёзова, овозхони ҷавони ин кишварро аз сароидан маҳрум кардааст. Ин тасмим дар пайи он гирифта шудааст, ки Фирӯза бидуни иҷозатнома ба Тоҷикистон сафар карда, консерт баргузор намудааст.
Фирӯза Ҷуманиёзова, ният дошт бо иҷрои ду суруди дигари тоҷикӣ - «Духтаракҳои ғармӣ» ва «Биё–Биё» хотири мухлисону ҳаводоронашро дар Тоҷикистон дар тирамоҳи соли ҷорӣ болида созад.

Манъи сурудхонӣ барои консерт дар Душанбе

Вай ин орзуяшро дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар моҳе пеш пас аз баргузории консерти «таърихӣ» барояш дар Тоҷикистон баён карда буд. Маҳз ҳамин сафар, ки 13 то 16-уми июл дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе сурат гирифт, мунҷар ба он шуд, ки муассисаи давлатии «Ӯзбекнаво», мутталлиқ ба вазорати фарҳанги Узбакистон садои Фирӯзаро на танҳо дар радио ва телевизион ва тӯю маҳфилҳои мардумӣ , ҳатто барои сафари ҳунарӣ ба хориҷи кишвар манъ кард.



Хабари маҳрум шудани Фирӯза аз сурудхонӣ дар сомонаи муассисаи «Узбекнаво» расман нашр шуда ва масъулони ин ниҳод низ онро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ «бидуни иҷозатнома баргузор кардани консерт дар Тоҷикистон» унвон карданд. Бад-ин тартиб дар сурати ошкор шудани сурудхонии Фирӯза вай муҷозот хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Зӯҳро, модари Фирӯза, ки низ эҷодкор аст, дар сӯҳбати телефони ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ду моҳе пеш садои духтараш дар радио ва телевизион манъ шудааст, «мо машғули эҷодем. Аммо ду моҳ боз ба радио ва телевизион Фирӯзаро роҳ намедиҳанд. Телевизион меравем, вале мегӯянд, сурудхонии Фирӯза манъ аст. Ҳайронем ва намедонем чи сиррест. Ин суолест, ки вазорати фарҳанг ҷавобашро медонад. Мо бошем танҳо суруд мехонем ва эъҷод мекунем».

Маъруфияти Фирӯза Ҷуманиёзова дар Тоҷикистон

Сурудҳои тоҷикии Фирӯза Ҷуманиёзова пас аз сафарҳояш ба Тоҷикистон шӯҳрат пайдо карданд. Албатта Фирӯза бештар дар миёни мардуми узбактабори Тоҷикистон маҳбубият дорад. Ба хусус дар миёни мардуми манотиқи назди марзии Тоҷикистон бо Узбакистон, ки ба шабакаҳои радио ва телевизионии Узбакистон дастрасӣ доранд, сурудҳои ин овозхони ҷавонро гӯш мекунанд.

Нахустин сафари расмии ҳунариии Фирӯза Ҷуманиёзова ба Тоҷикистон ду сол пеш сурат гирифта буд, ки ширкати «Интертаронамедиа», воқеъ дар вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар баргузории ин консертро бар ӯҳда дошт. Заррина Болтуева, як масъули ширкати «Интертаронамедиа», мегӯяд, то омадан ба Тоҷикистон Фирӯза камтар маъруф буд, вале пас аз баргузории ин консерт мухлисону ҳаводоронаш бештар гардид.

Зарина Болтуева, аз ширкати «Интертаронамедиа»-и Тоҷикистон иқдоми ахири муассисаи «Узбекнаво» -и вазорати фарҳанги Узбакистонро халали ҷиддӣ дар муносиботи мардумони тоҷику узбак ва густаришу тақвияти равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни ҳар ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ кард:

«Ин иқдоми ғайриқонунист. Вақте як нафар овозхон наметавонад сурудҳояшро ба мухлисонаш ва ҳаводоронаш пешкаш кунад ва барои болида гардондани мухлисонаш ба назди онҳо сафар кунад. Дар Тоҷикистон ин гуна амал нест. Танҳо дар Узбакистон аст, ки амали нодуруст аст».

Таассуфи ҳаводорони сурудҳои Фирӯза

Хабари маҳрумияти Фирӯза Ҷуманиёзова барои сурудхониро мухлисону ҳаводоронаш дар Тоҷикистон низ бо таассуф қабул карданд ва яке аз онҳо мегӯяд, «воқеан мояи таассуф аст, ки як овозхон барои сурудхонӣ муҷозот мешавад. Дар охирин консерташ Фирӯза чизе нагуфта ва нахондааст, ки боиси қаҳри ҳукуматдорони Узбакистон шавад».

Фирӯза нахустин овозхоне дар Узбакистон нест, ки қурбони сиёсатҳои мақомдорони кишвараш мешавад ва, ба истилоҳ, роҳи ҳунариаш на танҳо дар дохил, балки ба хориҷ низ баста мегардад. То кунун Юлдуз Усмонова ва Севинч, ҳунармандони ҷавон, сароядагони сурудҳои эстрадӣ, ки борҳо дар Тоҷикистон будаанд, ба сарнавишти Фирӯза мувоҷеҳ шудаанд.

Юлдуз дар чанд соле қабл пас аз консерте дар Туркманистон ҳукми маҳрумият аз сароиданро аз сӯи мақомоти кишвараш – Узбакистон гирифта буд. Вале барои Фирӯза Тоҷикистон «дастак» шуд. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, чунин ба назар мерасад, ки Узбакистон ҳунару мусиқиро низ ба сиёсат мекашад ва мухолифаташ ба Тоҷикистонро аз ин тариқ нишон доданист.

Аммо суоле, ки беҷавоб хоҳад монд, ин аст, ки идомаи сиёсатбозиҳои фарҳангии Тошканд чӣ пайомаде хоҳад дошт? Танҳо ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Фирӯза ва дигар овозхонон на ба таври расмӣ, балки пинҳонӣ ба хориҷи кишвар хоҳанд рафт ва суруд хоҳанд хонд. Вале пас аз монеагузории ахири «Узбекнаво» маълум аст, ки мухлисону ҳаводорони Фирӯза Ҷуманиёзова сурудҳои нави тоҷикиашро дар саҳни толори «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе нахоҳанд шунид.