Кӯлоб: Нархи хар се баробар афзоиш ёфт

Дар бозорҳои фурӯши чорпо дар минтақаи Кӯлоб нархи хар, ҳайвоне, ки аслан дар корҳои хоҷагидорӣ истифода мешавад, дар як моҳи ахир ба маротиб боло рафтааст. Дар ҳоле, ки моҳе пеш ин ҳайвони хонагӣ дар бозорҳои маҳаллӣ 100 то 150 сомонӣ қимат дошт, ҳамакнун нархи он аз 150 то 450 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамроқул Бозоров, марде, ки ба фурӯши хар машғул аст, мегӯяд, мушкилоти беобӣ дар гармои тобистон, нархи харро боло бурдааст, зеро дар шаҳру навоҳии Кӯлоб аксари мардум танҳо тариқи хар ба хонаҳои худ оби ошомиданӣ меоранд.

Ҳамроқул мегӯяд: «Яку якбора нархаш боло рафт. Сабаби асосиаш беобӣ аст. Бензин ҳам қимат аст ва мардум дигар наметавонанд, мошини обкашониро киро кунанд. Аз ин рӯ эҳтиёҷи мардум ба хар хеле зиёд шудааст. Имрӯз мушоҳида кунӣ, ҳатто дар маркази шаҳр ҳам сокинонро мебинӣ, ки бо хар об мекашанд».

Камбуди оби ошомиданӣ дар Кӯлоб


Феълан сокинони аксар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб аз камбуди оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Асалмоҳ Раҷабова, як сокини маҳаллаи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳар тобистон кори онҳо аз мавзеҳои дур тариқи хару арроба обкашонист.

Ӯ инчунин афзуд, ки «ин тобистон аз ҳамаи тобистонҳои дигар шаҳр беобтар омад. Обамон умуман сар намекунад».

Хадича, сокини дигари маҳаллаи Хати Роҳ мегӯяд, борҳо ҳаммаҳаллаҳояшон баҳри ҳали мушкилоти об ба ҳукумати маҳаллӣ нома навиштаанд, вале ҳанӯз ҳам ин мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст.

Танқисӣ аз оби ошомиданӣ ҳатто дар хонаҳои баландошёнаи маркази шаҳр низ мушоҳида мешавад. Идимоҳ Давлатова, сокини хиёбони марказии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, як моҳи ахир мавридҳое мешавад, ки ҳафтаҳо ба маҳалаашон оби ошомиданӣ намеояд.

Ӯ гуфт: «Дигар кӯдаконро гирифта, бо хару арроба то деҳаи Корез, ки 5-6 километр дур аст, барои об меравем. Дар ҳамин моҳи Рамазон ба кӯдакону калонсолон ҷабр шудааст».

Системаи обёрии шаҳри Кулоб бозсозӣ мешавад

Норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолест, ки давоми ду соли ахир аз ҷониби Бонки ҷахонӣ ва бонки Аврупоӣ барои ҳали мушкилоти таъмини оби нӯшокӣ дар Кӯлоб беш аз се миллион доллар ҷудо гардидааст. Пирмад Зарипов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бо ин маблағи ҷудошуда хатҳои интиқоли оби нӯшоки ба кули таҷдид хоҳанд шуд. Ба қавли Зарипов, аллакай дар як маҳаллаи шаҳр бозсозии қубурҳои обгузар анҷом шудааст ва ҳоло дар чаҳор маҳаллаи дигар азнавсозӣ ҷараён дорад.

Масъулини идораи обрасонии Кӯлоб мегӯянд, онҳо дар як шабонарӯз аҳолии шаҳрро то 50 ҳазор куб бо оби нӯшокӣ таъмин мекунанд, вале бинобар сабаби фарсуда будани қубурҳои обрасонӣ ва исрофкорӣ аз ҷониби аҳолӣ ба аксар маҳаллаҳо об намеравад.

Аммо Исмон Ризмонов, сардори идораи обрасонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, бо сарф шудани маблағи ҷудошудаи ин ду бонк, мушкили об дар Кӯлоб ба пуррагӣ ҳали худро пайдо хоҳад кард.

Ӯ мегӯяд: «Аллакай дар баъзе маҳаллаҳо, ки таъмир рафта истодааст, мушкил ҳал шудааст, вале бо боварӣ гуфта метавонам, ки бо аз худкунии ин маблағ мушкили оби Кӯлоб ҳали худро пайдо хоҳад кард».

Тибқи барномаи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоӣ, бозсозии хатҳои интиқоли оби нӯшокӣ дар Кӯлоб бояд то аввоили соли 2011 анҷом шавад ва мушкили таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ сад дар сад ҳали худро пайдо кунад.

Хатҳои интиқоли оби нушокӣ дар шаҳри Кӯлоб 40 сол қабл бунёд шуда, ба гуфтаи масъулин феълан корношоям гардидаанд.
Кӯлоб аз саввумин калонтарин шаҳри Тоҷикистон буда, наздики 100 ҳазор аҳолӣ дорад.