Нишолло аз ғизоҳои ширину маъмул дар моҳи шарифи Рамазон ва зеби хони тақрибан ҳамаи хонаводаҳои Тоҷикистон аст. Мегӯянд ҳар кас, ки рӯзаи худ бо нишолло бандад ва бо нишолло кушояд, дар тӯли рӯз аз гуруснагӣ ранҷи зиёд намекашад.
Нишолло аз шакару об, сафедии тухм, решаи рустанӣ ва хушбуйҳо таҳия мешавад. Таркиби ин ғизои миллӣ хеле бой аст ва аз ин рӯ ҳатто миқдори хеле ками он ба ҷисми рӯзадор қувват мебахшад.
Наворгири радиои «Озодӣ» имрӯз шоҳиди таҳия шудани нишолло дар назди як нафар аз устоҳои собиқадори таҳиягари нишолло буд:
Наворгири радиои «Озодӣ» имрӯз шоҳиди таҳия шудани нишолло дар назди як нафар аз устоҳои собиқадори таҳиягари нишолло буд:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад