Узбакистон маҳдудияти ворид шудани шаҳрвандони то 15-солаи Тоҷикистон ба қаламрави худро лағв кардааст. Қаблан ин кишвар ба манзури ҷилавгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии бемории фалаҷи атфол убуру мурури шаҳрвандони Тоҷикистонро маҳдуд карда буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷониби Узбакистон бо ирсоли як нота гуфтааст, ки бинобар беҳбуди вазъи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон низоми шадиди рафтуомади шаҳрвандони тоҷикро бекор кардааст.
Шуюъи бемории фалаҷи атфол дар баҳори имсол дар Тоҷикистон боиси он шуд, ки Русия ворид шудани кӯдакони то 6-солаи Тоҷикистонро ба қаламрави худ манъ намуд. Бар изофаи ин «Роспотребнадзор» воридоти меваи хушки Тоҷикистонро низ ба қаламрави Русия ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз эҳтимоли густариши фалаҷи атфол мамнӯъ кард.
Дар натиҷаи ин иқдом боғдорон ва соҳибкорони Тоҷикистон, ки ба Русия меваи хушк содир мекунанд, зиёни фаровоне диданд.
Ин иқдоми мақомоти Русия боиси вокуниши ҷониби Тоҷикистон гашт ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостори лағви ин қарор шуд.
Қабл аз ин Русия низ маҳдудияти ворид шудани кӯдакони тоҷик ба қаламрави худ ва инчунин воридоти меваи хушки Тоҷикистонро иҷоза дода буд.
Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ба шарофати эмгузаронии саросарӣ аз 12-уми июн ба ин тараф дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба фалаҷи атфол ё полиомелит кашф нашудааст.
Дар Тоҷикистон 206 бемор ташхис шуд, ки 12 нафари онҳо ба ҳалокат расидааст.