209 куштаи садамаҳои нақлиётӣ дар ҳафт моҳ

Вазорати корхои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои ин кишвар 852 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари он 209 нафар кушта шуда, 943 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Тибқи охирин гузоришҳои расида,ҷасади 9 нафар, ки гуфта мешавад бошандагони ноҳияи Ванҷ будаанд, дар маҳали кӯҳи Спеям, воқеъ дар гарданаи Хобу Рубот, дар имтидоди шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ пайдо шудаанд. Худрави навъи "Тангем" ки гуфта мешавад дар рӯзи 27 июн дар ин маҳал ба чуқурии дара сарозер шуда нопадид гашта буд, танҳо рӯзи 14 август пайдо шудааст.Дар ҷумлаи кушташудагон ду кӯдак низ будааст.

Саид Ҷурахонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сабабҳои афзоиш ёфтани садамаҳо аз як сӯ бетаҷрибагии ронандагон ва беэҳтиётии пиёдагардон бошад, аз сӯи дигар ба маротиб зиёд шудани шумори мошинҳо аст:

«Дар шаҳри Душанбе нисбати чанд соли пеш шумораи мошинҳо 7 маротиба зиёд шудааст. Танҳо дар моҳи июл 179 садама рух додааст ва 45 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштааст. Садамаҳо бештар дар шоҳроҳҳои Душанбе, Хатлон ва Суғд рух додаанд».

Саид Ҷурахонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Тадбирҳои мақомот


Ҷаноби Ҷӯрахонов афзуд, ба хотири пешгирии садамаҳои нақлиётӣ мақомот аз тадбирҳои мушаххас кор мегиранд. Аз ҷумла кормандони мақомот чанд навори тарғиботиро таҳия кардаанд, ки қарор аст аз ҳафтаи оянда пахш шаванд.

Муовини вазири корҳои дохилӣ ин тадбирро беҳтарин василаи огаҳсозии мардум аз хатар ва коҳиш додани садамаҳову маргумир дар роҳҳо медонад.

Вай мегӯяд, агарчӣ сабаби аслии афзоиши садамаҳо камтаҷрибагии бисёре ронандагон ва афзоиши шумори мошинҳост, аммо ин далелро низ истисно намекунанд, ки дар бархе мавридҳо худи кормандони бозрасии автомобилӣ боиси садамаҳо ва бенизомиҳо дар роҳҳо мешаванд.

Шикояти ронандагон


Як ронандаи собиқадор, ки худро Ҷурабек муаррифӣ кард, гуфт: «Фаъолияти бисеёре аз кормандони ГАИ мисли солҳои пеш беғаразона нест. Дар ҷое, ки онҳо бошанд, ё роҳ банд мешавад, ё садама ҳам рух медиҳад. Аксаран ба пеши мошин ҷаҳида мебароняд ва ҳамеша дар фикри ситонидани пули ронандагонанд».

Коршиносон ҳамчунин тангиву пастсифатии роҳҳоро омили афзоиши садамаҳо медонанд. Онҳо мегӯянд, роҳҳои монишгард дар Тоҷикистон солҳост, ки таъмиру бозсозӣ нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки сол то сол молиёти роҳ боло меравад.