Эътирозҳо аз истиқрори мушакҳои Русия дар Абхозистон

Коршиносон мушакҳои навъи S-300-и сохти Русияро беҳамто унвон мекунанд

Раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Катрин Эштон дар пайи эълони хабари истиқрори мушакҳои Русия дар минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон аз Маскав даъват кард, то ӯҳдадориҳояш дар мавриди оташбасро муроот кунад.
Хонум Эштон гуфт, Иттиҳоди Аврупо аз тасмими Маскав барои истиқрори мушакҳо дар Абхозистон, ки бе ризоияти Гурҷистон сурат гирифтааст, сахт нигарон аст. Ӯ истиқрори ин таслиҳотро мухолифи шароити оташбаси соли 2008 байни Русияву Гурҷистон номид ва гуфт, ки ин иқдом хатари амиқтар шудани танишҳо дар минтақаро дар пай хоҳад дошт.

Рӯзи чоршанбе фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия генерал Александр Зелин эълон кард, ки кишвараш дар минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ 300 адад мушаки навъи S-300-и дифои ҳавоиро мустақар кардааст.

Ҷаноби Зелин гуфтааст, нерӯҳои мушакӣ як ҷо бо системи дифои зиддиҳавоии артиши Абхозистон фаъолият мекунанд, то дифои зидди ҳамлаи ҳавоии ҳавопаймоҳоро дар қаламравҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ таъмин намоянд.

Вай ҳамчунин гуфт, дар қаламрави Осетияи Ҷанубӣ навъҳои дигари таҷҳизоти дифои ҳавоӣ мустақар шудааст.

Ин иқдоми Маскав боиси нигаронии шадиди Гурҷистон ва кишварҳои Ғарб шудааст. Гурҷистон, ки ҳамчунон Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро қаламрави худ медонад. Русия ҳарду ин қаламравро баъди ҷанги кӯтоҳе бо Гурҷистон дар соли 2008 ба ҳайси кишварҳои мустақил эътироф кард.

Хабари истиқрори мушакҳои зиддиҳавоии сохти Русия дар Абхозистон пас аз сафари ғайриинтизори раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Абхозистон пахш шуд.

Дмитрий Медведев дар солрӯзи ҷанги Русияву Гурҷистон вориди Абхозистон шуд. Вай бо раҳбари Абхозистон Сергей Багапш мулоқоте анҷом дода ва аз садде, ки дар пойтахти ин ҷумҳурӣ - шаҳри Сухумӣ дар соҳили баҳри Сиёҳ сохта шудааст, дидан кард.

Ӯ ба Абхозистон равобити комили сиёсиву иқтисодӣ ва амниятиро ваъда дод. Сафари раисиҷумҳури Русия ба Абхозистонро давлати Гурҷистон мавриди интиқод қарор дод.

Дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли 2008 Русия истиқлолияти ҳам Абхозистон ва ҳам Осетияи ҷанубӣ - минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистонро эътироф кард. То ҳол танҳо 3 кишвари дигар дар ин амр ба Маскав пайравӣ кардаанд, вале кишварҳои Ғарб ин иқдомро маҳкум мекунанд.