Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба ширкати варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур бахшида шудааст.
Дар ин бора Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ва Наргис Набиева, раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон, нақл мекунанд.
Дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 14-ум то 26-уми август дар Сингапур баргузор мешаванд, Тоҷикистонро
шаш варзишгари ҷавони тоҷик намояндагӣ хоҳанд кард. Инҳо Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг (мураббиаш Абдурозиқ Олимов), Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ, мураббиаш Дилшод Назаров), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг, мураббиаш Амирхон Муродов), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр, мураббиаш Галина Карамишева), Кристина Зайниддинова (камонварӣ, мураббиаш Махфират Алиева) ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг, мураббиаш Ҷамшед Абдуҷабборов) мебошанд.
Сипас мо бо Баҳодур Қодиров, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Олимпиадаи наврасон дар Сингапур, ва устоди ӯ Абдурозиқ Олимов, мураббии варзидаи гуштии озод, таэквондочӣ Шукрона Шарифова, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, ва мураббиаш Ҷамшед Абдуҷабборов ҳамсӯҳбат мешавем.
Дар ин барнома, инчунин, дар бораи дастовардҳои нави варзишгарони маъруфи тоҷик - гуштигир Расул Боқиев ва муштзан МавзунаЧориева - иттилоъ медиҳем.
Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.