Интернет марз намешиносад

Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ марзҳоро шикаста, масофаҳоро наздиктар намуда, барои табодули фарҳангу таҷриба, рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкории ҷавонони дунё дар самтҳои мухталиф мусоидат мекунанд, мегӯянд истифодабарандагони фаъоли чунин сомонаҳо.
Зеро сомонаҳои назири «Facebook», «Мой Мир», «Однокласcники», саҳифаҳои хабариву таҳлилии бонуфузу боэътимод ва блогистонҳо ба истифодабарандагони хеш имконоти фаровони ибрози назар дар мавзӯҳои доғи рӯз, табодули маълумоти ҷолиби фарҳангӣ, тақсими наворҳои видеоӣ, тарона, акс, гузоришу китобҳои хонданибоб ва амсоли инҳоро барои ҷавонон фароҳам меорад.

Сафо Юсуфбеков-масъули сомонаи Aralash.tj
Интернет ҷавононро ба ҳам наздик мекунад


Дар баробари ин, ҳама таввасути шабакаҳои мазкур, осон пайдо намудани нафарони ҳамақида, онҳое ки муштаракоти зиёд доранд ва метавонанд бо ҷавонон дар мавзӯҳои барояшон ҷолиб гуфтугӯ намоянд, ҳамсолони моро ба ин сомонаҳои интернетӣ наздиктар месозанд.

Рамазони Темур, ҷавони 20 солаи тоҷик, ки чор забони хориҷиро медонад, мегӯяд вай аз фаъолони «Facebook» аст ва ин саҳифаро ба хотири афзун кардани шумори дӯстонаш аз кишварҳои Аврупову Амрико истифода карда, дар баробари ин ба онҳое, ки ба Тоҷикистон меоянд, хизматрасонии тарҷумониро барояшон пешниҳод мекунад:

«Ман дар давлатҳои мухталифи олам дӯстони зиёд дорам, ба мисли Италия, Фаронса, Испания, Чех ва ғайраҳо. Ба онҳо оид ба хабарҳои зиндагии худ пайваста хабар медиҳам ва онҳо ба ман. Шумораи телефони мобиламро ҳам дар ин саҳифа гузоштаам ва ҳар нафаре, ки ба Тоҷикистон ояд ва агар барояшон кӯмаки тарҷумон ва роҳбалад лозим шавад бо ман дар тамос мешаванд».

Як гурӯҳи дигари наврасон пайвастагии худро ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар он мебинанд, ки дар онҷо имкони сӯҳбат дар мавзӯҳои шахсӣ ва аммо барои ҷомеъаи сунатии Тоҷикистон пӯшидаро доранд ва метавонанд оиди баъзе масъалаҳо аз дӯстони вертуалиашон маслиҳатҳо бипурсанд.

Интернет дар ҳоли рушд аст

Қиёмиддин Қиёмов, ҷавони 18 сола дар саҳифаи «Мой Мир» и худ дӯстонашро аз беш аз 7 кишвар ҷамъ овардааст. Вай меафзод, ҷавонони тоҷик дар ҳоли рушд қарор доранд ва барои расидан ба зиндагии беҳтар кӯшиш мекунанд, аммо бидуни интернет ба ин ҳама даст ёфтан хеле сахт аст. Қиёмиддин меафзояд, бо сӯҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавонон донишҳои забони хориҷиашонро сайқал дода, ҷаҳонбинии худро дар мавзӯҳои мухталиф васеъ мекунанд:

«Дар онҷо фаҳмидан мумкин аст, ки дӯстони шумо дар бораи чӣ сӯҳбат мекунанд. Конфронс ва ҷамъиятҳои мухталифи интернетӣ ташкил шудаанд, ки метавонед ба он аъзо шавед ва андешаҳоятонро дар мавзӯҳои гуногун иброз доред. Барои мисол, ҳоло моҳи шарифи Рамазон оғоз шудааст. Дар саҳифаи «Мой Мир» ҷамъияти мусалмонон созмон ёфтааст ва дар онҷо мо оид ба зарурати рӯзадорӣ, оид ба масъалаҳои дигари динӣ баҳс мекунем. Ҳоло мавсими дохилшавӣ ба донишгоҳ аст, дар ин хусус ҳам сӯҳбат мекунем. Ба ҳамдигар оид ба саволу ҷавоби имтиҳонот ва тарзи роҳҳои муроҷиат ба кумисиони апелятсиониро мегӯем».

Ба зиндагии худ ҷило бидеҳ, чунин аст шиори саҳифаи Aralash.tj, сомонаи дилхушии ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳудуди 3000 ҷавонро дар дохили худ сарҷамъ меорад. Ин сомона ба торнигори умумии ҷавонон шабоҳат дорад, ки дар он ҳар як аъзо метавонад хабарҳои ҷолиб, мусиқӣ, филм ва ё усули таҳияи ғизои дӯстдоштаашро пешниҳод созад. Сафо Юсуфбеков масъули Aralash.tj мегӯяд, ба ҷавонон пеш аз ҳама хабарҳо, тамошои видео ва клипҳои гуногун писанд аст:

«Ман фикр мекунам, ки феълан бидуни интернет зиндагӣ кардан ғайри имкон аст. Зиёданд нафароне, ки ҳадди ақал дар як рӯз як маротиба вориди шабкаҳои иҷтимои мешаванд. Фикр мекунам ин хеле муҳим аст. Ин сомонаҳо ҷавононро муттаҳид месозад. Масалан, мо баъзан якҷо бо истифодабарандагони «Аралаш» ба тамошои кино меравем, аз наздик ошно мешавем. Дар сомонаи мо аввал баъзеҳо дуруст шарҳ навишта наметавонистанд ва ё суханони қабеҳ ирсол мекарданд, аммо ҳоло фарҳанги иштироки онҳо дар баҳсҳо низ боло рафтааст. Нисбати ҳамдигар хайрхоҳ шудаанд».

Талъат Нӯъмонов-раҳбари маркази иттилоотӣ ва комуникатсионӣ
Марзҳои рахнакардаи шабакаи анкабутӣ


Ба гуфти Талъат Нӯъмонов, раҳбари маркази итилоъотӣ ва комуникатсионӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ҷавонон имкони гирифтани идеяҳои тозаро медиҳад. Аммо бо ин вуҷуд дар ин сомонаҳо низ андешаҳои нодуруст ва хусусияти тундгарои дошта низ имкони васеъи роҳ ёфтанро доранд, ки бархурд ба онҳо аз савияи дониш ва тафаккури шахс вобаста аст. Вале дар маҷмӯъ фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои дар амал тадбиқ намудани меъёрҳои ҷомеъаи демократӣ кӯмак мекунанд, афзуд Талъат Нӯъмонов:

«Ин шабкаҳо метавонад ҷавононро ба фикрҳои нав таккон диҳад ва ҷавонон дар ин сомонаҳо метавонанд ин идеяҳояшонро бифурӯшанд. Пӯшида будани ҷомеъа кори хуб нест, вақте доду гирифт, мулоқот аст, вақте ки ҷавонон андешаҳои худро баён мекунанд дар ин вақт фикрҳои тоза низ пайдо мешаванд».

Аслан ҳадаф аз фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ фароҳам овардани майдони баҳс, баёни андеша, вокуниш ба ин ё он ҳодисаву падидаи иҷтимоӣ ва сиёсат аст, аммо ҷавонони тоҷик маъмулан барои вақтгузаронӣ аз онҳо истифода мекунанд, мегӯяд рӯзноманигорӣ тоҷик Шамсияи Қосим. Вай меафзояд, аммо хушҳолкунанда ин аст, ки ахиран ҷавонони мо аз доираи сомонаҳои русӣ берун мераванд ва ба саҳифаҳои байнулмилалии иҷтимоӣ бештар ворид мешаванд:

«Имрӯз ҷавонон алоқаманданд, ки забони хориҷӣ биомӯзанд, ба хориҷи кишвар бираванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ василаи хубе ҳаст барои амалӣ намудани ин ҳама. Барои мисол агар мехоҳанд ба хориҷи кишвар раванд, метавонанд аз ҷавонони онҷо дар бораи шароит, имконот ва мушкилоти хоси минтақа иттилоъ бигиранд».

Гуфта мешавад, ҷаҳон яктост ва Тоҷикистон низ як бахши он аст. Ҷавонони тоҷик низ дӯстони зиёд доранд ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои дарки беҳтари зиндагӣ мусоидат мекунанд. Шамсияи Қосим меафзояд, хеле хуб мебуд, агар аз ин имконоти муосир ҷавонони деҳоти кишвар низ, ки ба компютер ва интернет дастрасии густурда надоранд, бархурдор мебуданд ва зиндагиашонро рангинтар месохтанд.