«Кассабозӣ», «Бозии ҳалол» ва дигар амалиёти пулӣ, ки ҳанӯз чанд даҳсола қабл байни кормандони идораву муассисаҳо маъмул буданд, ба тадриҷ аз байн рафтанд.
Муҳақиқон сабаби умри кӯтоҳи чунин бозиҳоро ба коҳиши нобоварии иштирокдорони он нисбат ба ҳамдигар медонанд. Зеро ҳамеша корчаллонҳое ёфт мешуданд, ки бо сӯистифода аз боварии дигарон аз чунин маблағҳо бозорашонро гарм мекарданд ва бештари саҳмгузорон бо дастони холӣ мемонданд.
Шакли дигари маблағгузорӣ
Аммо дар Бадахшон, аз нав ин бозиҳо ба шакли дигар дар маҳаллаҳои шаҳр ва деҳот арзи вуҷуд мекунанд. Бо ибтикори Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи куҳистонӣ, Бунёди Оғохон дар маҳаллаҳои шаҳр ва 127 деҳот, гурӯҳҳои амонатгузорӣ ҷомеаасос ташкил ёфта, ҳадафи онҳо хизматрасонии амонатии молиявӣ ва беҳбуд бахшидани даромаднокии сокинон унвон мешавад.
Ин гурӯҳҳо пас аз омӯзиш, соҳиби сандуқҳои оҳанини махсус, дафтарчаҳои ҳисоб ва мӯҳр мегарданд.
Ба гуфтаи роҳбари барномаи Гурӯҳҳои амонатгузори ҷомеаасос Муяассар Ёрмамадов, афроди амонатгузор ба таври ихтиёрӣ дар ҳудуди то 25 нафар дар гурӯҳ ҷамъ мешаванд ва дар тули як сол маблағ амонат мегузоранд.
Пас аз ин, ҳар аъзо муттаносибан аз рӯи саҳмияи гузоштаааш метавонад аз хизматрасонии амонатӣ истифода кунад ва аз даромади он фоида бигирад. Роҳбари барнома гуфт, ки чунин хизматрасонии амонатасоси молиявӣ дар бархе аз ноҳияҳои Хатлон ва Рашт низ густариш меёбад.
Ба гуфтаи Бобҷон Бобҷонов, садори гуруҳи амоннатгузории маҳалли Тем, алҳол ба хотири эҳтиёҷоти кучак ва қарзи андак, шаҳрвандон маҷбур ҳастанд, ки рӯзҳои зиёд ба хотири ба расмият даровардани қарз дари бонкҳоро охурча кунанд.
Вай гуфт, ки аммо аъзои гурӯҳи амонатгузор дар асоси боварӣ метавонад дар зудтарин фурсат аз хизматрасонии молияви истифода кунад.
Зеро дастрасӣ ба хизматрасон дар гурӯҳҳо осонтар аст. Бобҷон гуфт, ҳолате буд, ки нозири барқ аз шаҳрванд пародохти фаврии 200 сомонӣ ҳаққи истифодаи барқро талаб карда, таҳдид намуд, ки дар ғайри он сими интиқоли барқро мебуранд. Вай гуфт, ки мушкилоти чунин корафтодаро гурӯҳ дар муддати 15 дақиқа ҳал кард, ҳол он ки барои гирифтани чунин маблағ аз бонк ин нафар ҳадди ҳақал ду ё се руз саргардон мешуд.
Ғуломшо, як ронандаи атомашинаи мусофирбар гуфт, ки вай ва ҳамкасбонаш низ дар мавридиҳои шикастан ва барои ба таври оҷил харид намудани қисмҳои эҳтиётӣ ба амоннатгузорон дар маҳал муроҷиат кардаанд.
Мардум ҳанӯз ба бонкҳо эътимод дорад, аммо...
Ба гуфтаи коршинос Мирзо Ҷонмамадов, агарчанде эътимод ба бонкҳои амонатӣ бармегардад, аммо ҳодисаҳои ба бод рафтани пули амонат дар бонкҳо бар асри таҳаввулоти сиёсӣ ҳануз аз ёди мардум нарафтааст.
Вай афзуд, ки аммо бештари шаҳрвандон, ба хусус сокинон деҳот барои гузоштани амонат пули кам доранд ва ширкат дар хизматрасонии молиявии гуруҳҳои амонатгузор дар маҳаллҳо роҳи осонтари дастраси ба амонат ва истифодаву фоида аз он аст, зеро маблағ дар сандуқ нахобида бо фаъолияти аъзо дар гардиш аст.
Вале Муяссар Ёрмамадов муътақид ҳаст, ки гурӯҳҳои амонатгузори ҷомеаасос барои бонкҳо рақиб намебошанд, балки барои бонкҳо мизоҷони бошуурро, ки чӣ тавр қарз гирифтан ва истифодаи самароноки пулро медонанд, тайёр мекунанд.