Бино ба маълумоти бархе сарчашмаҳо писари вазири дифоъи Тоҷикистон ба яке аз симатҳои муҳим дар ин вазоратхона муаррифӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки баҳси тайини наздикони мансабдорон ба вазифаҳои масъул ахиран беш аз ҳар вақти дигар доғтар аст.
Гуфта мешавад, Тоҳир Хайлуллоев, писари вазири дифоъ аз сӯи сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ба вазифа пешниҳод шудааст, аммо аз сӯи худи вазир ин пешниҳод то кунун пазируфта нашудааст.
Ба ҳар ҳол, аз Тоҳир Хайруллоев, ба унвони як низомии ҳирфаӣ, шоиста ва хатмкардаи донишкадаву академияи ҳарбӣ ёдоварӣ мешавад.
Ҳамеша фарзандони вазирон ва мақомоти сиёсӣ дар Тоҷикистон соҳиби вазифаҳои масъул будаанд, аммо ин баҳс замоне дигарбора доғ шуд, ки Файзулло Бобохонов, фарзанди додситони кулли собиқ ва додстони ноҳияи Ҳисор боздошт шуд ва раиси Оҷонси зидди фасоди Тоҷикистон, ба думболи он гуфт, ки додситони кулли собиқ ҳаққи тайини писари худ ба маснаби додситони ноҳияи Ҳисорро надошт.
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси зидди фасод Бобоҷон Бобохонов, додситони кули сорбиқро муттаҳам кард, ки дар тайини наздикони худ ба мансабҳои масъул дар низоми додситонии Тоҷикистон, аз имконоти худ суйистифода кардааст.
"Қонунгузорӣ манъ мекунад"
Оқои Саидов гуфт: "Бобохонов прокурори ҷумҳурӣ буданд, давоми чор панҷ соли охир фарзандаш прокурори яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ буд. Фақат як писараш не, духтараш, домодаш, бародараш ҳаст. Вақте, ки шахс мансаби давлатӣ дорад, на танҳо писараш, ҳатто хешу табори наздикаш низ наметавонад зердаcти вай бошад".
Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ мегӯяд, ки ба мақоми масъул тайин шудани писарон ва наздикони вазирону раисон бар асоси чанд қонуни ҷорӣ дар Тоҷикистон манмӯъ аст.
Ва дар воқеъ ҳар вазире, ки агар хоста бошад наздикони худро ба мақомҳои хос дар ниҳоди зери раҳбарии худ тайин кунад, мухолифи қонун амал мекунад.
Оқои Талбаков мегӯяд: "Як чанд қонун аст, ки пеши роҳи ҳамин хел амалҳоро бояд гирад. Қонун бар бораи Оҷонси назорати молиявӣ ва коррупсия, Қонуни хидмати давлатӣ ва як қатор санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии дигар аз сӯи ҳукумат дар ин замина вуҷуд дорад".
Оқои Талбаков афзуд, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон воқеъан шеваи фарзандсолорӣ ҳоким аст, вале сарнавишти додситони кули собиқ бояд барои ҳама сабақ бошад.
"Фарҳанги номатлуб"
Ба бовари ӯ, ин шева бар асари риоя нашудани ҷонунҳои кишвар роиҷ ва ба фарҳанги номатлуб табдил ёфтааст. Ва ниҳодҳои зидахл низ ин зуҳуротро то кунун нодида гирфита буданд.
Дар ҳамин ҳол, Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик низ шеваи фарзандсолориро як нуқси ҷомеаи Тоҷикистон унвон кард ва гуфт:
Оқои Имомов гуфт: "Кодекси меҳанти Тоҷикистон низ ин чизро манъ мекунад. Лекин кор аз сатҳи боло ривоҷ ёфтааст. Ва нисбати як кас гуфтан, ки ин риоя накарду дигарон риоя карданд, ин чандон дуруст нест. Даҳҳо ва садҳо чунин нафарон вуҷуд доранд".
Коршиносон мегӯянд, ки ин амал, яъне тайини фарзандон ба мансабҳо, боиси коҳиши эътимоди мардум ба давлат ва латма хурдани эътибори байналмилалии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Ба ҳамин тартиб, баҳси фарзандсолорӣ ва тайини фарзандон ба мақомҳои хос тавассути падарон дар Тоҷикистон идома дорад. Ва ба як ибора гуфта мешавад, тайини писар тавассути падар ба мансаби хос ба қонунҳои Тоҷикистон ва ахлоқи ҷомеаи маданӣ мухолиф аст.
Аммо ин нараз низ матраҳ аст, ки агар фарзанде солеҳ ва шоиста бошад, пас ҷавонии ӯ гаравгони мансаби падар нахоҳад шуд?
Он ҳам дар ҳоле, ки умри умри вазирии бархе падарон дар Тоҷикистон ба умри истиқлоли кишвар баробар аст.