Намояндагони расонаҳои хабарӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, ки пешнависи қонуни нави матбуоти Тоҷикистон мутобиқ ба шароити матбуоти замони муосир таҳия нашудааст ва аз қонуни феълии матбуот чандон тафовути зиёде надорад.
Ба қавли бархе аз журналистону ҳуқуқшиносони тоҷик таҳиякунандагони тарҳи нав афроде мебошанд, ки дар замони шуравӣ фаъолияти журналистӣ кардаанд ва дар он бештар ба арзишҳои ҷомеаи шуравӣ аҳамият дода шудааст.
Фаррӯхшоҳ Ҷунайдов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, тарҳи нави Қонуни матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба ин шакл наметавонад хостаҳои ҷомеаи журналистии тоҷикро, ки 20 сол боз интизори он буданд, бароварда созад.
Ӯ дар зимн аз кӯшишҳои пай дар паи рӯзноманигорн ва созмонҳои журналистӣ ёдовар шуд, ки дар даҳ соли ахир чандин бор дар робита ба ин қонун тағиру пешинҳодҳои худро ба порлумони кишвар ироа намудаанд, аммо ба эътибор гирифта нашудааст.
Фаррухшо Ҷунайдов афзуд: «Беш аз 10 сол аст дар бораи тағири тарҳи ҳамин қонун баҳсу гуфтугӯ ва пешниҳодҳо шунида мешавад. Соли 2001 бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон як тарҳи ҷадиди ҳамин қонун, ки баҳои хуби бисёр институтҳои байналмиллалиро гиирфта буд, пешниҳод шуд, мутаасифона он вақт аз ҷониби парлумон дстгиирӣ нашуд. Дигар кӯшиш ин дар соли 2005 буд, мутаасифона, ин ҳам то ҳукумат рафту дигар барнагашт, тарҳи дигари қонуни матбуот 2 сол пеш дар доираи анҷумани расонаҳои мустаъқили Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки тақдири он ҳам то ҳол норӯшан боқӣ монд. Аммо чанде аз нуқтаҳои ҳамин тарҳҳои пешниҳодшударо мо дар ин пешнависи қонун мушоҳида кардем».
Нуктаҳои муҳим
Муҳимтарин нукта дар тарҳи ислоҳи Қонуни матбуот, ин аст, ки мақомоти масъули давлатӣ муваззаф хоҳанд шуд ба тамоми дархосту пурсиши хабарнигорон дар зарфи се рӯз посухи расмӣ бидиҳанд. То ин замон ин муҳлат то 30 рӯз, яъне як моҳ, муқаррар шуда буд.
Аммо Ҷумъабой Толибов, хабарнигори тоҷик мегӯяд, доир ба сарпечии мансабдорони давлатӣ аз додани иттилоъ ба хабарнигор дар пешнависи қоуни матубот ҳам ягон ҷазои мушаххас пешбинӣ нашудааст.
Ба пешниҳоди ӯ, дар қонуни нави матбуоти кишвар бояд, барои боло бурдани масъулияти соҳибмансабон дар муносибат бо хабарнигор як боби ҷадиде ворид карда шавад.
Ҷумъабой Толибов мегӯяд: «Масалан то ҳозир дар тамоми қонунгузориҳо навишта шудааст, ки барои надодани иттилоъ рӯзноманигор метавонад, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад, вале дар ягон қонунгузоррии ҷорӣ мушаххас карда нашудааст, ки нисбати вай оҳибмансаб чӣ чораҳое дида мешавад».
Хабарнигорони тоҷик ҳамчунин ба мухолифати бархе аз бандҳои лоиҳаи нави Қонуни матбуот бо дигар моддаву қонунҳои кишвар таъкид ва бештар ба нукоти мубҳам ва норушани ин тарҳ ишора карданд, ки зарурат ба таҳрир доранд.
Зарарути ислоҳи тарҳи қонун
Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони тоҷик бо ишора ба бобе дар робита ба ҷаримабандӣ ва басташавии нашрияҳо гуфт:
«Дар моддаи 36 товони зарари маънавӣ, ҳарчанд ин кори бисёр ҳам мушкил аст, аммо товони маънавӣ бояд ба баста шудани нашрияҳо нарасонад. Ман бисёр хоҳиш дорам, ки махсусан дар ҳамин маврид ва дигар марвидҳое, ки баройи фаъолияти озодонаи мо муосидат мекунанд, фикру андешаҳои худро пешниҳод кунем».
Ба ин тартиб, намояндагони расонаҳои хабарии Тоҷикистон барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ва рафъи мушкилоти фаровоне назири баҳсҳои додгоҳии нашрияҳо, мушкили дарёфти муҷаввизи фаъолияти расонаҳои мустаъқил ва барои беҳтар шудани вазъи озодии баён, дар лоиҳаи пешнависи қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» пешниҳод намуданд.
Як моҳ то қабули қонун
Онҳо ҳамчунин имкон доранд то ҳудудан як моҳи дигар, яъне то замони бозгашти парлумон аз муррахасӣ назару андешаҳои худро ба таври хаттӣ, тариқи расонаҳо ва ё созмонҳои журналистӣ пешниҳод намоянд.
Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» 14-уми декабри соли 1990 замоне, ки ҳанӯз ҳокимияти Шӯравӣ пойбарҷо буд, ба тасвиб расида, то ин замон ҳафт дафъа ба он тағйироту иловаҳо ворид шудааст.