Ахиран ҳукумати Тоҷикистон, бо пешниҳоди конҳои маъдан ба ширкатҳои хориҷӣ, усули нави ҷалби сармоя ба иқтисоди кишварро рӯи даст гирифтааст. Тоҷикистон қасд дорад, бо истифода аз ин усул роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Эронро бунёд кунад.
Роҳи оҳани Қошғар – Ҳирот аз Чин шурӯъ шуда ва дар Эрон ба поён мерасад, вале ҳудуди 400 километри он ба қаламрави Тоҷикистон марбут мешавад, ки ин кишвар тавони молии сохтмони онро надорад. Ба ин далел, ҳамакнун пешниҳоди конҳои маъдан ба ширкати хориҷии сармоягузор дар ин лоиҳа, яке аз вариантҳои асосӣ маҳсуб мешавад.
Бо як тир чанд нишон
Тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон саввумин лоиҳаи инвестисиониест, ки давлат мехоҳад дар ивази сохтмони он ба ширкатҳои сармоягузор яке аз конҳои маъдани кӯҳиро пешниҳод кунад. Ин лоиҳа бахше аз роҳи оҳани Қошғар – Ҳирот аст, ки дар маҷмӯъ 1 ҳазору 972 км – ро ташкил медиҳад.
Қисмати тоҷикистонии он 392 километр аст, вале амалӣ шудани он барои Душанбе мақоли «ба як тир чанд нишон» метавон задро дорад. Зеро иҷрои ин лоиҳа на танҳо Тоҷикистонро аз тариқи роҳи қатор бо Афғонистон, балки аз як сӯ бо Қирғизистону Чин ва аз сӯи дигар бо Афғонистону Эрон мепайвандад.
Аз ҳама асосӣ ин роҳи алтернативӣ дар муқобили монеъаҳоест, ки Узбакистон дар муддати даҳсолаи ахир, ба хусус дар чанд моҳи ахир дар роҳи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст.
Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон дар мавриди шеваи маблағгузории ин тарҳ мегӯяд: «Ҳоло шеваи маблағгузорӣ ду намуд пешниҳод шудааст, ки яке маблағгузории кредитӣ аз ҳисоби қарзҳое, ки Чин барои сохтмони роҳҳо мекунад ва дигар пешниҳоди кони ангишт ба ширкати сармоягузор. Ширкат маблағ пардохт мекунад ва дар ивазаш коркарди конро ба амал хоҳад овард»
"Чораи дигар надорем"
Аммо ба эҳтимоли зиёд, ҷониби Тоҷикистон пешниҳоди конро дар иҷрои ин лоиҳа бартар медонад. Давлатмурод Ҷумаев, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ҳарчанд истифода аз ин усули ҳамкорӣ омили кам шудани конҳои маъдан дар қаламрави кишвар хоҳад шуд, аммо ҳукумат ҷузъ ин роҳ дигар чорае надорад:
«Мо дигар чора надорем, чунки қарзи хориҷии мо маҷмӯи маҳсулоти дохилиро гузаштааст. Дигар гирифтани қарз ба манфиат нест. Аммо бояд ин роҳҳо сохта шавад ва иқтисоди кишварро бо ҳар роҳ рушд додан даркор. Барои ҳамин, чунин конҳоро пешниҳоди сармоягузорон кардан даркор ва аз вазъият берун бояд шуд. Албатта то ҷое маъданҳои кӯҳӣ кам хоҳад шуд, ки ҷанбаи манфии кор аст, вале чӣ кор кунем!».
Аммо Худойбердӣ Холиқназаров, аз маркази мутолеоти стратегӣ, ниҳоди вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мутмаин аст, ки пешниҳоди конҳои маъдан дар ивази иҷрои тарҳҳои стратегӣ барои иқтисоди кишвар муассир аст, «ин шеваи хуб аст. Зеро ширкатҳо мутмаин хоҳанд шуд, ки сармояашон барабас нахоҳад рафт.Аз сӯи дигар ҳам роҳ месозанд ва ҳам ангиштро истихроҷ хоҳанд кард. Манфиат дутарафа аст. Лоиҳаҳо иҷро мешаванд ва дар канори он мардуми маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд».
Чиниҳо пешсафиро аз даст доданӣ нестанд
Аз сӯи дигар, дар ҳоле, ки ба гуфтаи мақомоти вазорати нақлиёт ва коммуникатсия яке аз ширкатҳои чинӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ эълон кардааст ва он ҳам маблағи 2 миллиард доллар пас метавон гуфт, ки чиниҳо ҳатман дар ивази дарёфти коне иҷрои ин тарҳро анҷом хоҳанд дод.
Зеро аз як сӯ, ширкатҳои чинӣ дар сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон таҷриба доранд ва аз тарафи дигар ҳамакнун бархе аз тарҳҳоро аз тариқи «бартер» иҷро мекунанд. Ба хусус метавон аз ширкати ТВЕА ном бурд, ки ҳоло ба сохтмони неругоҳи ҳароратии 220 меговат дар шаҳри Душанбе машғул аст.
Ва ё ин ширкат тааҳҳуд кардааст, ки сохтмони неругоҳи барқӣ - обии Нуробод, дар шарқи Тоҷикистонро бо ҳамин шева, яъне дар ивази кони маъдан хоҳад сохт.
Ин ширкати чиноӣ ҳанӯз дар аввали сол тарҳи комили ин неругоҳро ба вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон пешниҳод карда буданд.
Аммо ҳамакнун ин муҳим аст, ки коне, ки ширкати сармоягузор соҳиб хоҳад шуд, дар оянда моликияти ин ширкат боқӣ хоҳад монд ва ё Тоҷикистон онро бозпас хоҳад гирифт ё хайр?
Зеро бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки ширкатҳои чинӣ бар иловаи мушорикат дар иҷрои тарҳҳои сохтмонии роҳҳои Тоҷикистон чандин конҳои шағалу рег дар атрофи Душанберо дар ихтиёр доранд ва ин гуна ҳузури фазоянда сару садоҳои мухталиферо марбут ба ин ки ин конҳо моли чиниҳо шудаанд, ба бор овардааст.
Масъулони Саридораи геологияи тоҷик ин гуна иддаъоҳоро рад мекунад ва мегӯянд, бар асоси қавонини кишвар конҳои маъдан низ дар канори обу хоки ин диёр моликияти давлат маҳсуб мешаванд.
Усули нави сармоягузорӣ
Афзун бар ин, Худойбердӣ Холиқназаров, як масъули Маркази мутолеоти стратегии Тоҷикистон таъкид кард, ки ин гуна конҳо ба муддати 49 сол ба ширкати хориҷӣ дода мешавад: «Конҳо ҳамеша моликияти Тоҷикистон хоҳанд буд. Ин гуна усул барои муддатест. Масалан, дар Чин як кон барои ширкати хориҷӣ барои 49 сол дода мешавад ва пас аз он моликияти Чин боқӣ хоҳад монд. Дар Тоҷикистон низ ҳамин тавр хоҳад шуд. Яъне ҳеҷ вақт хоки Тоҷикистон аз хориҷӣ нахоҳад буд».
Ин дар ҳолест, ки чанд соли пеш, 1000 метри мураббаъ аз қаламрави Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон ба Чин дода шуда буд ва то ҳанӯз ин иқдом сару садоҳоеро дар матбуот ва ҷомеа ба бор овардааст.
Аммо ҳамакнун, ки ҳукумат мехоҳад барои мушорикати фаъоли ширкатҳо ва кишварҳои хориҷӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар фазои нави сармоягузорӣ, он ҳам дар дигар кишварҳо пазируфта шудааст, истифода кунад, пас соҳибназарон таъкид доранд, то аз ин усул бояд ба манфиати Тоҷикистон кор гирифта шавад. Зеро ба гуфтаи ин соҳибназарон «пӯшаймонӣ дар ниҳоят суд нахоҳад дошт».