Ҳабси амволи писари Бобохонов

Амволи марбут ба Файзулло Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон ҳабс шудааст. Телевизиони давлатӣ хабар додааст, ки манзил ва заминҳи муталлиқ ба ӯ дар Душанбе, Ҳисор, Қурғонтеппа, Рӯдакӣ ва мошинҳои ӯ ба ҳабс гирифта шудааст.
Бино ба хабари ТВТ Файзулло Бобохонов, аз ҷумла 2 манзил дар Душанбе, 2 манзили нимсохт дар Ҳисор ва Қурғонтеппа, ду қитъа замин дар ноҳияи Рӯдакӣ ва як боғ дар ноҳияи Ҳисор додаштааст, ки аз сӯи мақомоти марбута банд ё ҳабс шудаанд.

Инчунин се мошини марбут ба ӯ, ду мошини тамғаи "Лексус" ва як мошини тамғаи "Тойота камрӣ" низ ба ҳабс гирфита шудааст.

Файзулло Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, ки дар гузашта вазифаи додситони ноҳияи Ҳисорро бар ӯҳда дошт, бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шуд.


Бобохонов: Дар таъмини суботу осудагӣ саҳм гузоштам

Худи Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон 7 моҳ ба ин сӯ бознишаста аст. Ахиран писари ӯ, Файзулло Бобохонов бо иттиҳоми ришаваситонӣ боздошт шуд. Ожонсии корупсияи Тоҷикистон гуфтааст, ки худи Бобоҷон Бобохонов низ дар симати додситони кул аз вазифа суйистифода кардааст. Посухҳои Бобоҷон Бобохонов ба суолҳои хабарнигори мо Ҳарамгули Қодир.

- Ҷаноби Бобохонов, имрӯз ба чӣ кор машғулед?

Бобоҷон Бобохонов: Баъди ба нафақа баромадан саломатиам чандон хуб нест.Нисбати қазияи писарам нороҳатам.

- Қазияи писаратон чигуна сурат гирифт?

Бобоҷон Бобохонов: Баъди 1 моҳи ба нафақа баромаданам, писарамро, ки додситони ноҳияи Ҳисор буд аз кор озод карданд ва ба кадрҳои додситонӣ гузарониданд. Давоми чанд моҳи охир дар кадрҳои додситонӣ буд. Ахиран нисбаташ парванда кушоданд, ҳоло маълум нест, ки натиҷаи тафтиш чӣ мешавад.

- Ҳоло писратон куҷост, манзурам озод ҳасту парванда рафта истодааст?

Бобоҷон Бобохонов: Не озод нест, ки 15 -16 рӯз аст, ки боздошт шудааст ва то анҷом ёфтани тафтиш, чизе намедонем.

- Гуфта мешавад, ки дар вақти дар вазифаи додситони кул буданатон, хилофи қонун писар, духтар ва бародаратонро ба мақомоти додситонӣ ба кор гирифтед, ҳоло барои ин бояд ҷавоб мегӯед?

Бобоҷон Бобохонов: Фарзандони ман ҳамин ихтисосро хатм кардаанд. Духтарам дар додситонии кул кор накардааст. Вай дар кадрҳои додситонии кул дар руйхат буд ва ба додситонии шаҳри Душанбе интиқол дода шуд. Додситонии шаҳри Душанбе ӯро ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ интиқол доданд. Ду-се рӯз кор кард накард, ки масъалаи шавҳар карданаш баромад ва бо ҳамин хонашин шуд. Гузориш навишт, ки фарзандор шудааст ва ба тарбияи фарзанд машғул аст. Бародарам ҳоло ҳам дар Суғд ёвар ва ё муфаттиши додситонӣ кор мекунад.

- Таҷриба чанд соли охир нишон дод, ки вақте шахсиятҳо ба нафақа мераванд дигар «кофтукоб»и онҳо ба истилоҳ оғоз мешавад. Маъмулан нисбати фаъолиятҳои вақти кори парвандаҳо кушода мешаванд?

Бобоҷон Бобохонов: Ман аз соли 1973 дар системаи додситонӣ сар карда аз муффатиши одӣ то Додситони кул кор кардам. Барои тинҷиву осудагии диёр саҳм гузоштам. Ҳатто, вақте, ки вазъ дар Хатлон ҳасос буд ман онҷо кор кардам, вақти қумондонҳо буд.

Вақти митинги соли 1996, барои ором кардани он ба Суғд рафтам. Онҷо додситони вилоят таъин карданд, кор кардем барои мардум, миллат ва ҳукумати қонун саҳми калон гузоштем. Баъди он, ки нооромиҳо дар Душанбе сар шуд, инҷо оварданд. То ба имрӯз хидмат кардем.

- Ба ҳар сурат дар давоми 10 соли Додситони кул буданатон, чандин парвандаи нафароне, мисли Маҳмадрӯзи Искандаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва чанд нафар афроди дигар, ки ҳоло маҳбуси сиёсӣ муаррифӣ шуданд, ба давраи роҳбари шумо рост меоянд.

Бобоҷон Бобохонов: Дар Тоҷикистон ягон маҳбуси сиёсӣ нест. Онҳо маҳбуси сиёсӣ нестанд.

- Пас бо кадом гуноҳ паси панҷара рафтанд?

Бобоҷон Бобохонов: Бо гуноҳи ғорат кардани моликияти иҷтимоӣ.