Задухӯрди хунин дар Саидияи Ироқ

Вазорати умури дохилаи Ироқ мегӯяд, рӯзи шанбе бар асари даргириҳо дар як минтақаи суннинишин дар ҷануби Бағдод 4 афсари пулис кушта ва 10 тани дигар захмӣ шуданд.
Даргириҳо субҳи шанбе дар Саидия, ки дар бадтарин солҳои ҷанги Ироқ як пойгоҳи Ал-Қоида маҳсуб мешуд, рух дод.
Як мард мошини гумшудаашро дар манзиле дар Саидия дида, ба пулис хабар медиҳад. Вале ходимони пулис вақте ба ин манзил расиданд, таҳти тирборон қарор гирифтанд.