Ҳамоиши Теҳрон: Ҷаласаи суханҳо ё амалҳо?

Таъсиси Кумиссиюни байнидавлатии сеҷониба ва Шӯрои вазирони умури хориҷии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ду ниҳоди нав барои густаришу ҳамкориҳои муштарак, аз тавофуқоти муҳими натиҷаи чаҳорумин нишасти сарони се кишвари форсизабон дар Теҳрон аст.
Раисони ҷумҳур иҷрои тарҳҳои марбут ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ, ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ ва ҳатто имкони додуситад бо пули ягона, роҳандозии шабакаи телевизиони муштараки форсизабон байни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро як амри зарурӣ дар муносибот ва ҳамкориҳои сеҷонибаи кишварҳояшон арзёбӣ карданд.

Ба ин тартиб тасмим шуд, то вазирони хориҷии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар ҷиҳати ҳар чӣ зудтар амалӣ шудани ин тасмимот иқдомотеро рӯи даст бигиранд. Албатта маҳсули нишасти Теҳрон дар муқоиса ба ҷаласаҳои қаблии сарони се кишвари форсизабони минтақа рӯшантар аст, аммо то куҷо тавофуқоти ба даст омада амалӣ хоҳанд шуд?

Нақшаҳои бузург ва имконоти нокофӣ


Парвиз Муллоҷонов, коршиноси маосли сиёсӣ дар ин бора гуфт, «хеле мушкил аст, чун ин гуна тарҳҳои бузург, маблағи бузургро талаб мекунад. Дар шароити феълӣ на Тоҷикистон, на Афғонистон ва ҳатто то ҷое Эрон ин имконро надорад. Аз сӯи дигар вазъи ноороми Афғонистон монеи иҷрои ин гуна тарҳҳо хоҳад шуд».

Бо ин ҳам дар шароити феълӣ аз миёни кишварҳо танҳо умед ба Эрон аст. Ҳатто президенти Тоҷикистон шухиомез, аммо ба таври ошкор ва таҳдор аз Эрон хост, то аз ироаи кумаки амалӣ ба Тоҷикистон ва Афғонистон парҳез накунад, «мо ду кишварем. Агар ба шарте ҳар сол 1 миллиард долларӣ кумак кунед ва ё 500 миллион долларӣ ба мо хеле хуб мешавад. Худованд баракаташро барои Шумо зиёд мекунад».

Аммо бархе аз соҳибназарони тоҷик бар ин боваранд, ки таҷрибаи ҳамкории Эрон бо Тоҷикистон дар муддати даҳсолаи ахир нишон медиҳад, ки Теҳрон дар муносибат бо «бародарони ҳамхуну ҳамзабонаш», ба хусус Тоҷикистон, самимӣ нест.

Тарҳҳои нотамоми Эрон дар Тоҷикистон

Нақби Истиқлол чор сол пеш бо ширкати президенти Эрон расман ифтитоҳ шуд, вале кори он то ҳол нотамом аст
Сафари Абдулаҳад, коршинос ва устоди бахши байналмилалии Донишгоҳи миллӣ дар Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, «аз лиҳози ҳамкорӣ Чин дар иқтисоди Тоҷикистон нақши фаъолтаре дорад ва тарҳҳои муҳимеро дар заминаи роҳу нақб ва хатҳои интиқоли неруи барқ амалӣ кард. Аммо Эрон бо вуҷуди кишвари абарқудрат ва дорои муштаракоти таърихӣ ва фарҳангӣ будан то ҳол як тарҳро низ дар муддати 20 соли ахир дар Тоҷикистон амалӣ накардааст. Ҳамон ду тарҳ, нақби Истиқлол ва неругоҳи Сангтӯда–2» аст аз Эрон, вале чанд сол боз тамом нашудаанд. Агар ба ин масъала аз нуқтаи назар ба фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон ва тавофуқоту тасмимоти дуҷониба баҳо диҳем, Эрон ба унвони кишвари ваъдагар мемонад».

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ Чин то кунун ҳудуди 2 миллиард доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда ва танҳо дар давоми соли гузашта гардиши колои миёни Тоҷикистон ва Чин ба 1,5 миллиард доллар расидааст. Вале оморҳо ҳокист, ки мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Эрон рӯ ба коҳиш буда ва дар соли 2009 дар қиёс ба як соли пеш ҳудуди 100 миллион доллар, тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки дар соли 1991 истиқлоли Тоҷикистонро эътироф кард ва ба гуфтаи масъулон ва соҳибназарон дар истиқрори сулҳ ва оштии миллии ин кишвар нақши муносибе дорад. Аммо бо вуҷуди ҳузур дар иқтисоди Тоҷикистон, дар муддати бештар аз даҳ соли ахир ҳеҷ тарҳи муҳимеро мавриди иҷро нагузоштааст.

Дар ҳоле, ки Теҳрон аз аввалинҳоест, ки барои бунёди нахустин неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон Сангтӯда камари ҳиммат баста буд ва маблағи қарзиеро дар оғози даҳаи 1990 тахсис дод, вале баъдтар дар пайи музокирот бо Русия ин неругоҳ ба ду тақсим шуд ва бо сармояи Русия неругоҳи Сангтӯда – 1 бо зарфияти 675 мегавот дар соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Вале корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Сангтӯда – 2, ки сармоягузори аслии он давлати Эрон аст, ҳамчунон идома дорад.

Ҳамчунин Эрон эҳдоси нақби Анзоб, дар шимоли Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва бо вуҷуди расман баҳрабардорӣ шудани он дар чаҳор соли пеш, ки бо ҳузури Раҳмон ва Аҳмадинажод сурат гирифта буд, ин тарҳ то ҳол ба таври комил сохта нашудааст. Афзун бар ин Эрон эълом карда буд, ки сохтмони нақби Чормағзак, дар ҷануби Тоҷикистонро низ анҷом медиҳад, вале баъдтар Чин сармоягузории онро бар дӯш гирифт ва тибқи хабарҳо ширкати China Roud дар ояндаи наздик онро бунёд хохад кард.

Аксарияти кумакҳои молии Эрон ҳарсола ба кишварҳо ва созмонҳои арабӣ, аз қаюили Ҳизбуллоҳи Лубнон ироа мешавад
Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос муҳимтар аз Тоҷикистон?


Ҳусейни Ориён, коршиноси масоили Эрон низ бар ин аст, ки кумакҳои Теҳрон ба Тоҷикистон дар муқоиса ба кумакҳояш ба кишварҳо ва созмонҳои дигар хеле ночиз аст, «хеле ҷои таассуф аст, ки кумакҳои Эрон ба Тоҷикистон хеле ночиз аст. Дар ҳоле, ки Эрон дар пешбурди баъзе аз аҳдофи сиёсии худ ба созмонҳое, мисли Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос мекунад, агар барои Тоҷикистон ва кишварҳои форсизабон мекард, хеле беҳтар мебуд».

Аммо Артём Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав ба ин масъала назари дигар дорад, «ман ҳеҷ гуна ихтилоф миёни ҳамкории Эрон бо Ҳизбуллоҳ ва муносибат бо Тоҷикистонро намебинам. Маълум аст, ки Теҳрон кайҳо боз аз содир кардани идеяҳои инқилоби исломӣ даст кашидааст ва бештар дар пайи эҳё ва густариши мероси таърихиву фарҳангӣ ва фарҳангӣ аст. Махфӣ ҳам нест, ки Теҳрон то ҷое дар ин замина бо Анкара, ки талоши амалӣ кардани идеяи лоиҳаи туркиро дорад, рақобат меварзад».

Албатта бархе аз коршиносони минтақа бар ин назаранд, ки ба эҳтимоли зиёд Эрон алоқаи кумаки воқеӣ кардан ба Тоҷикистон ва Афғонистонро дорад, вале ҳузури кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ, албатта Русия ва Амрико дар назар аст, монеи ин кор хоҳад буд.

Худи таъкиди Маҳмуди Аҳмадинажод низ то ҷое ба ин нукта аст, «Бовари мо аз аввал ин аст, ки мушкилоти минтақаи мо, масоили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ин масъала роҳи ҳалли фарҳангӣ, таърихӣ ва инсонӣ дорад, ки дар минтақаи мо решадор аст.Ҳузури дигарон дар минтақаи мо ба ҳалли масоил кумак накард, балки масоилро печидатар кард ва мушкилоти фаровонеро барои миллатҳои минтақа иҷод кард. Бовари мо ин аст, ки масоили минтақа дар минтақа ҳаллу фасл бишавад ва ин шуданист. Албатта мо мутмаин ҳастем, ки бадхоҳони мо дар ниҳоят суде нахоҳанд бардошт».

Халалҳо дар роҳи Иттиҳоди форсизабонон

Бархе аз таҳлилгарон низ ин вазъро халале дар таъсиси Иттиҳоди форсизабонони минтақа, ки дар саргаҳи он Эрон қарор хоҳад дошт арзёбӣ мекунанд. Аммо аз сӯи дигар ин таҳлилгарон Узбакистонро низ аз мухолифони ашадии ин тарҳ мехонанд. Ин дар ҳолест, ки дар ин авохир равобити Тоҷикистон бо Узбакистон ва ҳамчунин бо Русия ба сардӣ гароидааст. Дар ҳоле, ки Русия тайи даҳсолаи ахир аз шарикони стратегии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аммо бо ин ҳама ба хотири он ки Эрон ҳузури худро дар минтақа аз даст надиҳад, беҳтар аст, то он гуна, ки президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ба бародарони эронӣ хитоб кард, «аз фурсати муносиб барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистону Афғонистон истифода кунед, вагарна дер хоҳад шуд».

Ба қавле дигар бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Тоҷикистон «сиёсати дарҳои кушода» -ро ихтиёр кардааст ва Эронро лозим аст, то интизор нашавад, ки кай дигарон мераванду ҷойи онҳоро хоҳад гирифт.