Додгоҳи сангини “алмосҳои чиркин”

Наоми Кемпбелл

Наомӣ Кемпбелл, супермодел ё колбаднамунаи машҳури зебоии занона, рӯзи панҷшанбе дар муҳокимаи раҳбари пешини Либерия, Чарлес Тейлор дар Ҳейг бар пояи иттиҳоме, ки ӯ дар соли 1997 аз президенти собиқ алмос ё алмосҳоро ба ҳадя гирифтааст, гузориш дод.
Ба иттиҳоми додситон, Тейлор алмосҳоро ҷиҳати сармоягузорӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Сиера Леоне истифода кардааст.

Суппермодели Британиявӣ Наоми Кемпбелл дар муҳокимаи ҷиноёти ҷангии Чарлес Тейлор гуфт, баъзе сангҳои "чиркин"- ро аз Чарлес Тейлор ба ҳадя гирифтааст.

Алмос дар хизмати ҷиноят

Кемпбелл дар мурофиъаи Ҳейг гуфт, ки ӯ баъдан фаҳмидааст, ки ин сангҳо алмос будаанд ва ба президенти собиқи Либерия таъалуқ доштаанд.

Гуфта мешавад, ки Кемпбелл алмосҳоро соли 1997 баъди як шабнишинӣ дар Африқои Ҷанубӣ ба ҳадя гирифта буд.

Додситони мурофиъаи Тейлор ба ин назар аст, ки агар ин иттиҳом ҳақиқат дошта бошад, ин шаҳодате хоҳад буд, ки Тейлор алмоси хомро дар харидории силоҳу лавозимоти ҷангӣ барои шӯришгарони кишвари ҳамсояи Сиера Леоне истифода кардааст.

Дар робита ба низоъи Либерия ва Сиера Леоне, ки дар он 250 000 инсон кушта шудаанд, Тейлор дар 11 мавриди ҷинояти ҷанг муттаҳам шудааст.

Кемпбелл изҳори нодонӣ мекунад

Наоми Кемпбелл ба китоби муқаддаси насрониҳо Инҷил ё Библия савганд хӯрд ва гуфт:

"Ман тантанавор бо Библия савганд мехӯрам, ки ҳақиқатро бигӯям. Ҳақиқати комилро, танҳо ҳақиқат, на чизи дигар"

Додситони мурофеъа Бренда Ҳоллис аз Наоми Кемпбелл як чанд суол кард, ки оё суппермодели 40 сола, соли 1997 дар Африқои Ҷануъбӣ чӣ кор мекард?

Кемпбелл гуфт, ки дар баъзе маъракаҳое иштирок дошт, ки "Бунёди Кӯдакон"-и Нелсон Манделла тарҳрезӣ карда буд.

Ӯ гуфт, баъди шабнишинӣ дар хонаи президенти онвақти Африқои Ҷанубӣ Нелсон Манделла, ки дар он Кемпбелл ва Тейлор низ иштирок доштанд, касе дари ҳуҷраи ӯро кӯфт ва аз хоб бедораш кард. Суппермодел дарро боз кард ва ду мардеро дид. Онҳо халтачаеро ба дасти ӯ доданд.

Наоми Кемпбел гуфт: "Ман дар он чанд санги хеле хурд ва зоҳиран чиркинро дидам."

"Алмосҳои хунолуд" - ҳадяи Тейлор

Наоми Кемпбелл гуфт, ӯ алмос будани сангҳоро дарҳол нафаҳмид. Аммо афзуд, субҳи дигар ҳангоми чойи саҳар бо ёвари собиқаш Карл Вайт ва ҳунарманди синамо Миа Фарров кадоме ба Наомӣ гуфтааст, ки ин "алмосҳои хунолуд" эҳтимолан ҳадяи Тейлор аст.

Додгустар Ҷулиа Себутинде аз Кемпбелл шарҳи бештар талаб кард:

" Хонум Кемпбел шумо гуфтед, ки ҳамтоҳои шумо Миа Фарров ва Карол Вайт гуфтанд, ки ин метавонад Тейлор бошад ё ба эҳтимоли қавӣ Тейлор буд. Шумо дар ин бора чӣ назар доштед?."

"Ман танҳо тахмин задам, ки ӯ Тейлор буд" - гуфт Наоми Кемпбелл ва афзуд " ман дар бораи Чарлес Тейлор чизе намедонам, қаблан низ аз Тейлор чизе нашунида будам.

Дар бораи кишвари Либерия қаблан низ чизе нашунида будам. Ман аз истилоҳи "алмосҳои хунин" низ бехабар будам. Ман танҳо тахмин задам, ки ин Тейлор буд".


Суппермодел гуфт, ки алмосҳоро ба як дӯсташ дод ва умедвор буд, ки ӯ сангҳоро барои корҳои хайрия фурӯшад.

Қиссаи Кемпбел дар ҳоле рӯ зад, ки додситони мурофиъаи Тейлор мехоҳад собит кунад, ки Тейлор сангҳоро ҳафтае қабл аз созиши сулҳ бо худ дошт. Аммо вакили мудофеъи Тейлор гуфтааст, ки шаҳодати Кемпбел дар асоси тахминҳо сохта шудааст.

Тейлор барои наслкушӣ муҳокима мешавад

Чарлес Тейлор, ки аз соли 1996 то соли 2003 президенти Либерия буд, ҳоло дар зиндон, дар Ҳейг ба сар мебарад. Ӯ дар содир кардани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият дар ҷараёни ҷанги Сиера Леоне дар соли 1992- 2002 муттаҳам шудааст.