Додгоҳи таҷдиди назар шикояти даъвогии 18 нафари муттаҳам ба узвияти созмони мамнӯъи "Ҷамоаи таблиғ"-ро, ки моҳи майи имсол аз сӯйи додгоҳи вилояти Хатлон ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуда буданд, қонеъ накард ва бетағйир боқӣ монд.
Ҳайати мушовараи Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикояти даъвогии маҳкумшудаҳоро зимни як ҷаласаи сайёр, дар бинои муассисаи тафтишотии (СИЗО)-и шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди баррасӣ қарор дод.
18 нафари маҳкумшуда аз ҷамъияти 36-нафараи муттаҳамон ба узвият дар ҳаракати расман мамнӯъ эъломшудаи "Ҷамоаи таблиғ", аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, ҷазои маҳрумият аз озодиро, ки ахиран додгоҳи вилояти Хатлон ба онҳо таъин кардааст, ба ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне пардохти ҷарима ё корҳои иҷбории ислоҳӣ иваз кунад.
Ва аммо он гуна, ки аз додгоҳи вилояти Хатлон ба радиои Озодӣ хабар доданд, ҳайати мушовараи Додгоҳи Олии кишвар ҳукми додгоҳи вилояти Хатлонро, ки 17 нафари муттаҳамро аз 5 то 6,5 сол ва 15 нафари дигарро ба мӯҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда, нисбат ба 4 тани дигар ҷазои шартиро раво дониста буд, қонунӣ ва дуруст шуморид.
Таблиғиҳо даъвои бегуноҳӣ мекунанд
Нурулло Ашӯров, вакили мудофеъи маҳкумшуда Носир Раҳимов, ки аз пешвоҳои "Ҷамоаи таблиғ" дар минтақаи Қӯрғонтеппа шинохта мешуд, дар як тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, сарфи назар аз ин ки вай дар шикояти кассатсиониаш ба Додгоҳи Олӣ далелҳое собиткунанда ба ҳукми ноодилонаи додгоҳи вилояти Хатлон нисбат ба нафари таҳти ҳимояташ овардааст, додгоҳи таҷдиди назар ҳам баҳои ғайримунсифона ба ин парванда додааст.
Ҷаноби Ашӯров афзуд, қариб ҳама маҳкумшудагон бори аввал дар курсии айбдории додгоҳ нишастаанд ва ҳеҷ ҷинояти сангин содир накардаанд, биноан онҳо омода буданд, ки бо пардохти ҷарима ба суди давлат, аз зиндон раҳо ёбанд:
"Бисёре аз афроди маҳкумшуда 25 ҳазор сомонӣ маблағи ҷарима супурда, квитансияашро аз бонкҳо рӯйи даст доштанд ва дар мурофиа ба раисикунанда аз Суди Олӣ нишон доданд.
Онҳо умед доштанд, ки Суди зинаи болоӣ инро ба назар гирифта, ҷазояшонро сабук мекунад. Баъзе хешовандони маҳкумшудаҳо дар дасташон бо худ охирин маблағашонро гирифта омада буданд ва гуфтанд, ки тайёрем ҳамин ҳоло рафта ҷарима супорем, танҳо ҷазои онҳоро сабук кунанду аз зиндон раҳоӣ бахшанд.
Мо ҳам бо нафари таҳти ҳимоятамон дар шикояти кассатсионии худ зикр карда будем, ки омодаем то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима супорем бар ивази раҳоӣ аз зиндон. Аммо Носир Раҳимовро роҳбари гурӯҳ шинохта, ҷазояшро, ки 6,5 сол таъин шуда буд, мисли дигарон беқаноат мононданд..."
Вакили мудофеъ, Нурулло Ашӯров афзуд, ҳамакнун бисёре аз афроди маҳкумшуда бо ҷурми узвият дар "Ҷамоаи таблиғ" ба нишони нобоварӣ ба мустақилияти додгоҳҳо, аз идомаи мубориза барои озодии худ даст кашида, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят нахоҳанд бурд.
Вале ҷаноби Ашӯров аз қавли нафарони таҳти ҳимояташ гуфт, онҳо худро бегуноҳ мешуморанд ва бар ин назаранд, ки ҳеҷ амали хилофи қонунро анҷом надодаанд.
Масъулони созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам чунин иддао доранд, ки "Ҷамоаи таблиғ" аслан ба мазҳаби Ҳанафӣ – мазҳаби расмии мусалмонони Тоҷикистон мухолиф набуда, ба амнияти кишвар низ хатарзо нест.
Ҷамоати таблиғ -гурӯҳи «хатарзо»
Дар ҳамин ҳол, Муҳаббат Азизова, раиси додгоҳи вилояти Хатлон, дар робита ба "Ҷамоаи таблиғ", ки дар соли 2006-ум фаъолияташ расман мамнӯъ эълон шудааст, гуфт, ҷонибдорон ва аъзои созмони мазкур дар мадрасаҳои вижаи хориҷӣ таҳсил дида, ҳадафи ниҳоии ин ташаккул тағйир додани сохти конститутсионии давлат мебошад:
"Аз рӯйи маводҳои кор, ҳамин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо гуноҳи узвият дар "Ҷамоаи таблиғ" аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, гарчанде, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пурра таъмин набудагӣ оилаҳо, якчанд маротиба бо ҳамин корҳо ба ҷумҳурии исломии Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон сафар кардаанд.
Ва дар он ҷо бо намояндаҳои ҳамин созмони ғайриқонунии "Ҷамоаи таблиғ" вохӯрда, дар бораи дигар кардан, ё ин ки як навъ сохтани давлати исломӣ сухан рондаанд, на дар бораи тоату ибодату ба Худо наздик будан. Кору равияи онҳо бисёртар ба сохт ва сиёсати давлат равона карда шудааст..."
«Ҷамоаи таблиғ» тибқи ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2006, дар баробари созмонҳои дигар, аз қабили «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон», «Ҳаракати Толибон», «Бародарҳои мусулмон», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Тоҷикистони озод» ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ унвон шуда, фаъолияти ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардидааст.
Беш аз 35 пайрави маҳкумшудаи «Ҷамоаи таблиғ», ки ҷавонтаринашон 18 ва бузургсолтаринашон 63 сол доштааст, дар авоили соли 2009-ум дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Бохтар боздошт шудаанд.
Онҳо, ба иддаои додситонӣ, барои ташкили фаъолияти "Ҷамоаи таблиғ" ва омўзиши ғояҳои он дар масҷиду мадрасаҳои вижаи Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон таҳсил дидаанд.
Муҳокимаи додгоҳии онҳо тӯли панҷ моҳ (аз моҳи декабри соли 2009 то майи соли 2010) дар толори муассисаи ислоҳии шаҳри Қўрғонтеппа пушти дарҳои баста сурат гирифт ва ҳамаи онҳо аз сӯйи додгоҳи Хатлон муттаҳам шинохта шуданд.