Як ҳафта дар оинаи матбуот

Нашрияҳо чопи Душанбе ин ҳафта мавзуъҳо ва руйдодҳоеро чун баргашти шоири овозадор устод Бозор Собир ба Ватан, даргузашти ҳунарманди маҳбубу маъруф Зафар Нозим, натиҷаи аудити корхонаи ТАЛКО ва корупсия дар бархе мақомоти давлатӣ, ки боиси нигаронии ҷомеъа ва аҳли назар гаштааст, дар сармақолаҳои худ мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд.
Нашрияи мустқили «Миллат» зери сарлавҳаи «»Солженитсини мо омад» зимни хабари бозгашти шоири овозадори тоҷик, устод Бозор Собир, руҷуъе ба сарнавишт ва кору пайкор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар карда аз ҷумла навиштааст:

"Сарнавишти Бозор Собир ба сарнавишти нависандаи рус Солженистсин хеле шабеҳ аст. Ҳарду ҳам таҳти фишор тарки ватан карданд. Ҳар ду ҳам дар дидаву дили мардум ҷо гирифтаанд, ҳарчанд зимомдорон бархурди хуше ба эшон надоштанду надоранд. Аммо навҳаи бархурди зимомдорони вақти Руссия бо нависанда метавонад намуна барои зимомдорони тоҷик дар муносибат бо Бозор Собир бошад? Билохира сарфи назар аз дигарандешӣ ва мавқеи сиёсиву иҷтимоииаш Солженистсин аз ҷониби президенти вақти Русиия, Владимир Путин ба Маскав даъват шуд. Ва баъди чанде вафот кардаву дар ватанаш ба хок рафт".

Ҳамин нашрия дар мақолаи дигари таҳлилии худ, бо номи «Ин чӣ сиёсат аст?», дар масъали татбиқи забони давлатӣ ва нодидагирифтанҳо аз ҷониби бархе созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сафорати Амрико дар Тоҷикистон-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст.
Ин нашрия аз ҷумла навиштааст: "Ба таваҷҷуҳи вазири корҳои хориҷа ҷаноби Ҳамроҳхон Зарифӣ, сафири ИМА дар Тоҷикистон, ҷаноби Кеннет Гросс ва раиси кумитаи забон ва истилоҳот-ҷаноби Додихудо Саймуддинов".

Оё чаро шаҳрвандони Тоҷикистон,онҳое, ки тоҷики асиланд ва забони модарии худро хуб медонанд, ба созмонҳои байнулмиллӣ барои ҳамкорӣ даъват намешаванд? Ва оё онҳое, ки забони давлатиро балад нестанд ҳуқуқи маънавии ҳамкорӣ ва намояндагиро дар ташкилотҳои байналмиллӣ доранд?

Нашрия «Озодагон» дар сӯгвории ҳунарманди овозадори тоҷик Зафар Нозим, дар мақолае бо номи «Булбули тоҷик даргузашт», оид ба нақшу ҷойгоҳи ин хунёгари мумтоз дар рушди санъату ҳунари миллӣ ва мактаби хуби ҳунарии аз худ бар ҷой гузоштаи ӯ изҳори назар карда, Зафар Нозимро аз санъаткороне донистааст, ки барои тамоми манотиқи Тоҷикистон яксон азизу маҳбуб буд ва садояш қалбҳоро ба шӯр овардаву ба ҳам қаринтар мекард.

Ҳамин нашрия дар мақолаи дигари худ, ки «Раҳмонов, фурсати рафтан фаро расид» ном дорад, бо ишора ба чанде аз сару садоҳои ахире, ки дар атрофи Вазорати маорифи Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, навиштааст: «Дар як ҳафтаи ахир роҳбарияти се ниҳоди калидии ҳукумати Тоҷикистон, аз фаъолияти Вазорати маориф ба гунаҳои мухталиф изҳори ташвиш кардаанд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ- вазири корҳои хориҷаи Тоҷикисон мегӯяд, аз 35 донишҷуйи аълохон, танҳо як нафар аз озмуни вазорат барои кор гузаштааст.
Шариф Раҳимзода- раиси бонки миллӣ мегӯяд, дар бонкҳо ҷои кори холӣ ҳаст, аммо дониши донишҷӯ ба талаботи бонк ҷавобгӯ нест.

Ва болотар аз ҳама Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва корупсияи Тоҷикистон, вазорати маорифро фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ хонд.

Пас аз ин ҳама , суол медиҳад ин нашрия, оё вақти он нарасидааст, ки ҳукумат дафтари аъмоли 5 солаи вазирии Абдуҷаббор Раҳмоновро варақгардон намуда кафшҳои ҷаноби вазирро пеши пояш гузорад?

Чуноне гуфтем, аксари нашрияҳои чопи Душанбе натиҷаи аудити корхонаи азим ва муҳими кишвар, ТАЛКО-ро дар саҳфаҳои худ нашр кардаанд.

Ҳамзамон бархе аз ин нашрияҳо натиҷаҳои ин санҷиш ва шафофияти фаъолияту даромади он ва таъсири мавблағҳои аз ҳисоби фуруши алюминиюм ба будҷаи давлатро зери суол бурдаанд.


Нашрияи «Фараж» дар як мақолаи таҳлилии худ бо номи шоиронаи «Фиғон к-ин лулиёни шухи ширникори шаҳрошӯб» дар бораи зиндагӣ, расму оин ва одатҳову боварҳои лулиҳо ва ё ба таъбири маъмул, ҷугиҳои муқими Тоҷикистон маводи ҷолибе ба нашр расонидааст.

Ин нашриия дар мавриди тамоюли замонавишавии лулиҳои Тоҷикистон сӯҳбат карда, машғулиятҳои нави онҳоро, ки берун аз ҷаҳорчӯбаи одатҳои онҳост, баршумурдааст.

Дар ин мақола омадааст, мушкилоти иқтисодии ҷомеъаи Тоҷикистон ҳатто ҷугиҳоро, ки барояшон даст кашидан аз одатҳои аждодӣ, ба монади талабандагӣ як амри иҷронашаванда маҳсуб мешуд, водор кардааст, ки тарки одат кунанд ва ба чанде кору касбҳои даромаднок рӯ оранд»

Ва хабари дигаре, ки дар ин ҳафта боиси нигаронии хонанандгон ва васоити ахбори умум гашт, ин эҳтмоли ба нашр нарасидани чанде аз нашрияҳои чопи Душанбе чун «Озодагон» , «Миллат», «СССР» ва «Боргоҳи сухан» буд.

Ва мушкили фанниро сабаби чоп нашудани ин нашриҳо донистанд, ки бархе аз коршиносон ин сабабро баҳонае беш надонистанд.

Нашрияи «Нигоҳ» бо баррасии ҳамин масъала пардохта, вокуниши чанде аз соҳибназаронро гирд овардаву аз қавли онҳо аз ҷумла навиштааст: "мақомоти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки рӯзномаҳои мустақилро банданд ва ё иҷозаи чоп надиҳанд. Онҳо медонанд, ки агар расман чопи ин рӯзномаҳоро манъ кунанд, бар зарари худи онҳо ва зидди қонуҳои ҷории кишвар ва қонуни матбуот хоҳад буд".

Ва зимнан, нашрияҳои мазкур субҳи имрӯз, яъне 5 август ба дасти хонанда расиданд