Талошҳои Эрон барои эҳёи Роҳи Абрешим

Эрон иҷрои чандин тарҳи бузургеро оғоз кардааст, ки ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим, як масири таърихии тиҷоратӣ нигаронида шуда, ҳадаф аз онҳо густариши нуфузи минтақаии Эрон дар муқобили талошҳои Ғарб ба муҳосираи он аст.
Коршиносон мегӯянд, бунёди шабакаи роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан, нақбу пулҳо ва бозсозии гаронқимати бандарҳо як талоши ҳамоҳангшудаи эҳёи нақши суннатии кишвар ба ҳайси минтақаи тиҷоратист.

Барномаи Эрон аз тарҳи байнулмилалии эҳёи 6 ҳазор километр Роҳи Абрешим, ки Ғарб аз он пуштибонӣ мекунад, ҷудост. Эрон қарордоди ТРАНСЕКА ё Долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиёро, ки Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мекунад, имзо накардааст. Ин тарҳ дар ҳоле омода мешуд, ки Эрон зимни барномаи ҳастаияш зери фишори байнулмилалӣ қарор дошт ва ахиран бастаи чаҳорум ва сангини таҳримҳои зидди Теҳрон ҷорӣ шудаанд.

Дар ивази ин як силсила созишномаҳои дуҷониба байни Эрон ва ҳамсоягонаш ба имзо расидаанд, ки бар пояи онҳо, шабакаи роҳҳо Русия ва Чинро бо бандарҳои Эрон дар Халиҷи Форс пайванд хоҳад кард. Ноиб-президенти Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ, дар моҳи июл гуфт, барои ин пайванд Эрон роҳҳои дохилии худро ба сатҳи роҳҳои байнулмилалӣ мебардорад ва шабакаи нав фосилаи байни Аврупо ва Чинро, ки ҳоло аз тариқи роҳҳои обӣ ду моҳ вақт мегирад, то 11 рӯз кӯтоҳ хоҳад кард.

Роҳ ба Чин тавассути Тоҷикистон

Қарор аст, ин роҳ аз Ҳурмузгон ба воситаи Қазвину Рашт ба Ҳироти Афғонистон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон расад. Бахше аз ин роҳ бо роҳҳое пайванд мешаванд, ки Иёлоти Муттаҳида, Арабистони Саудӣ ва Ҷопон дар Афғонистон месозанд. Масалан, роҳи байни Ҳирот ва Қандаҳорро дар ҷануби Афғонистон, Амрико тарҳрезӣ кардааст. Сватне Корнел, мудири мутолиот дар Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва корманди Барномаи Эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим мегӯяд, Эрон ва Амрико дар ин ҷо бидуни ҳеҷ гуна тамосу робита тақрибан кори ҳамсонеро анҷом медиҳанд.

Ба ақидаи Корнел, Эрон бисёр мехоҳад, бо Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон пайвандҳои мустаҳкаме дошта бошад ва шабакаи роҳҳо ба ҳамгироии минтақаи форсизабонон ва таҳкими равобити иқтисодии он кӯмак кунад:

"Агар ин як стратегия бошад, ҳадафаш пайванди Эрон ба Осиёи Марказию Афғонистон ва ҳамгироии манотиқи форсизабонони Эрон, шимоли Афғонистон ва Тоҷикистон аст. Ба ғайр аз ин муносибатҳои махсуси Эрону Туркманистон дар миён аст, ки хеле прагматикианд ва умуман ба ягон муштаракоти идеологӣ ё дигар асос наёфтаанд, балки сирфан манофеи муштараки прагматикианд, аз ҷумла судури гази Туркманистон ба шимоли Эрон."


Талошҳои Эрон барои табдил шудан ба долони нақлиётӣ

Ҳумон Паймонӣ, раиси бахши амнияти энержӣ ва геополитика дар Пажӯҳишгоҳи миллии энержии Сингапур мутмаин аст, ки Эрон мехоҳад, худро дар маркази роҳи тиҷоратии Аврупо ва Осиё қарор диҳад.

"Мақсади Эрон аз ширкат дар ин тарҳҳо табдил шудан ба як гузаргоҳи тиҷорати байнулмилалӣ дар байни Осиё ва Аврупост. Он ҳам асосан ба воситаи Туркия ё Қафқоз. Ба ин хотир Эрон барои беҳбуди роҳҳои худ хеле кор кардааст. Махсусан иншоот ва зербинои ҳамлу нақл дар шимоли кишвар комилан навсозӣ шуданд ва шоҳроҳҳои нав сохта шуд. Эрон ҳамчунин барои густариши роҳи оҳан сармояҳои бузурге ба харҷ дод."

Ба ақидаи Паймонӣ, муносибатҳои гирифтаи Эрон ва Иёлоти Муттаҳида ба ин тарҳҳои ҷоҳталабонаи Ҷумҳурии Исломӣ халал намерасонанд, зеро аввалан талошҳои Эрон ба Русия ва Чин бастагӣ хоҳанд дошт ва сониян, аз мавқеъи ҷуғрофиёи худи Эрон маншаъ мегирад. Иттифоқан, Русия ва Чин низ ба ин кӯшишҳои Теҳрон мухолифате нишон намедиҳанд.

Никлас Свенстром, коршинос аз Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мегӯяд, сабаб дар он аст, ки минтақа дорои захираҳои саршори нафту газ аст ва ҳама, ҳатто Ҳиндустон низ мехоҳанд, ба ин захираҳо дастрасӣ дошта бошанд. Ба сурати куллӣ орзуи Ғарб барои дар инзивоъ гузоштани Эрон ин ҷо натиҷаи баръакс медиҳад. Ҳамзамон ба афзоиши фишор талошҳои Эрон барои табдил шудан ба як долони нақлиётӣ ва тиҷоратӣ бештару бештар мешавад.