Раҳмон: "Таҳқиқи Роғун бояд шубҳаеро боқӣ намонад"

Экспертизаи фаннӣ ва зистмуҳитиву иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун аз мавзуъҳои меҳвари гуфтугӯи Теодор Алерс, мудиромили Бонки ҷаҳонӣ дар умури амалиёти стратеги дар минтақаи Европа ва Осиёи Марказӣ ва Моту Канишӣ, мудиромили минтақаи Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе буд.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ раисиҷумҳурро дар ҷараёни натиҷаи фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди тарҳрезии барномаи фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун қарор доданд, ки бо тақозои Узбакистон баргузор хоҳад шуд.

Президент Раҳмон дар ҷараёни ин гуфтугӯ таъкид кард, ки экспертизаи фаннӣ ва зистмуҳитии ин нерӯгоҳ бояд дар сатҳе баргузор шавад, ки ҳеҷ шакку шубҳа дар бехатарии он ба муҳити зист ва низоми тақсими об дар минтақа аз сӯи ҳамсояҳо боқӣ намонад.

Ду намояндаи баландпояи Бонки ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки барои иҷрои ин барнома беҳтарин мутахассисони саршиноси ҷаҳонро ҷалб хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки аз 10 ширкати хориҷии муддаӣ дар тарҳрезии барномаи фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун се ширкат ба даври дуюми музояда роҳ ёфтааст.

Дар ниҳоят Бонки ҷаҳонӣ аз ин се - ду ширкатро барои тарҳрезии барномаи фаннӣ ва зистмуҳитиву иҷтимоии нерӯгоҳи Роғун интихоб мекунад.

Узбакистон мухолифи Роғун нест, агар ...

Нерӯгоҳи Роғун дар ин маҳал сохта мешавад
Дар ҳамин ҳол Зафарҷон Раҳимҷонов, корманди сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон гуфт, ки Узбакистон ҳеҷ вақт мухолифи сохтмони Роғун набуд ва нест дар сурате, ки тарҳи фаннӣ ва зистмуҳитии ин нерӯгоҳ аз сӯи эксперт ва ё коршиносони байналмилалӣ бетараф сурат бигирад. Вай афзуд, танҳо ба ҳамин мақсад, Ӯзбакистон чанд талаби амниятӣ ва бехатарии ин неругоҳ ва обанборро пешниҳод кардааст.

Ҷаноби Раҳимҷонов гуфт, ки ин нерӯгоҳ бояд бар асоси экспертизаи байналмилалӣ аз сӯи ширкатҳои ҳирфаии энержӣ сохта шавад, на бо роҳи ҳашар, ки амнияти ин нерӯгоҳро хатчадор месозад ва мавриди нигаронӣ қарор медиҳад.

Ҷаноби Раҳимҷонов гуфт, агар сохтмони ин нерӯгоҳ бар асоси пешниҳодҳои бехатарии Узбакистон сурат бигирад, Узбакистон омода аст дар консерсиюми байналмилалӣ ҷиҳати сохтмони ин нерӯгоҳ саҳм бигирад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси минтақа, ин изҳори назари корманди сафорати Узбакистон дар Душанберо ба нафъи Тоҷикистон хонд:

«Ҳамсояҳои мо аксар маврид суханони дуруст мегӯянд. Вале дар ҳоли расидан ба мувофиқа бо баҳонае назарашонро тағйир медиҳанд. Вале рӯиҳамрафта ин изҳорот як гом ба ақаб дар пофишориҳои Узбакистон аст».

Гиреҳ дар дасти ҳар ду раисҷумҳур аст

Абдулғанӣ Муҳаммадазимов
Аммо Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси анҷумани сиёсатмадорони Тоҷикистон, ба ин моилшавии Узбакистон эътимод надорад. Ҷаноби Маҳмадазимов мушкилоти аслӣ дар ин заминаро масъалаи амнияти нерӯгоҳ намедонад, балки ба эътиқоди вай ин мавзӯъ бештар ангезаи сиёсӣ дорад. Ҷаноби Маҳмадазимов афзуд:

«Мушкили аслӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун адами эътимод миёни раисони ҷумҳури Тоҷикстон ва Узбакистон аст».


Дар ҳамин ҳол, бархеи дигар аз коршиносон дар мавриди пофишории Узбакистон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ба фишори Русия ба Узбакистон ишора мекунанд.

Роғун - мушкили фаротар аз минтақа


Ба ин далел, ки дар замони шуравӣ 70 дарсади корҳои сохтмонӣ аз сӯи давлати шуравӣ дар нерӯгоҳи Роғун анҷом шуда буд.

Русия ба унвони меросхурӣ шӯравӣ иддао дорад, ки 70 дарсади корҳои анҷомшуда моликияти Русия аст. Ба ин далел Русия мехоҳад то Тоҷикистон 70 ило 75 дарсади саҳҳоми ин нерӯгоҳро дар ихтиёри Русия қарор диҳад ва Русия ин нерӯгоҳро бисозад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ, бо дарназар гирифтани таваҷҷӯҳи Амрико ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва наздикшавии Амрико ва Русия дар масоили мубрами сиёсӣ дар ҷаҳон, тағйир дар сиёсати Русия дар ин заминаро рад накард ва гуфт:

«Шояд ба далели наздикшавии мавқеи Амрико ва Русия ва ба илова таваҷҷуҳи Узбакистон ба Амрико дар ин авохир ҳамчунин тағйирот дар мавқеи Русия рух дода бошад. Вале ба эътимод гуфтани ин ҳарфҳо мушкил аст».

Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди бархи дигари коршиносон, сохтмони нерӯгоҳи Роғун як бахши барномаи умдаи Амрико дар таъмини субот дар Афғонистон ва Покистон аст. Узбакистон эҳсос кардааст, ки бо мухолифат бо Тоҷикистон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо Амрико мухолифат мекунад.