Обама: Артишро то охири моҳ аз Ироқ берун меорем

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, гуфт, ихроҷи нерӯҳои ИМА аз Ироқ аз рӯи ҷадвали замонии таъйиншуда сурат хоҳад гирифт. Бо вуҷуди ин вай ҳушдор дод ки қурбониҳои амрикоиҳо идома хоҳад ёфт.
Зимни суханрониаш дар ҳамоиши собиқадорони маълули амрикоӣ дар аёлати Ҷорҷия Обама гуфт:

“Ҳамоно баъд аз омадан ба Кохи сафед ман дар бораи стротежии нави мо дар қиболи Ироқ ва интиқоли масъулияти пурра ба ӯҳдаи ироқиҳо эълом намудам. Ман возеҳ гуфтам, ки то 31 августи соли 2010 маъмурияти ҷангии Амрико дар Ироқ ба поён мерасад. Ва мо айнан ин корро анҷом дода истодаем, тавре ки ваъда додем ва аз рӯи ҷадвали замонии мушаххасшуда.”

Бил Бартон, сухангӯи Кохи сафед, ба хабарнигорон гуфт, ки мазмуни паём чунин аст, ки агар президент чизеро ваъда кунад, ӯ тааҳудоташро иҷро хоҳад кард.

Хурӯҷи даҳҳо ҳазор нерӯи ИМА аз Ироқ

То охири моҳи августи соли ҷорӣ даҳҳо ҳазор сарбози амрикоӣ Ироқро тарк хоҳанд кард
То охири моҳи ҷорӣ дар Ироқ ҳамагӣ 50 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ боқӣ хоҳанд монд. Ин дар ҳолест, ки замони ба сари қудрат омадани Обама январи соли 2009 дар он кишвар 144 ҳазор нерӯи Амрико мустақар буд. Бар асоси барнома охирин сарбози амрикоӣ Ироқро бояд охирҳои соли 2011 тарк кунад.

Зимни суханрониаш Обама таъкид дошт, ки амрикоиҳо идораи садҳо пойгоҳҳои низомӣ ва миллионҳо адад муҳимотро ба ироқиҳо супориданд ва ин бузургтарин чунин амалиёти лашкаркашӣ дар тӯли даҳсолаҳо будааст.

Раҳбари Амрико афзуд, ки артиши кишвараш танҳо баъд аз истиқрори низом ва шикасти Ал-Қоида дар Ироқ онро тарк мегӯяд. Ӯ бори дигар гуфт, ки вазъи имрӯзаи амниятии Ироқ беҳтарин дар тӯли солҳои охир аст:

“Хушунат дар Ироқ дар поинтарин сатҳаш дар тӯли солҳои наздик аст. Моҳи оянда мо маъмурияти низомии худро аз амалиёти ҷангӣ ба кумакрасонӣ ва тамрини неруҳои амниятии Ироқ тағйир медиҳем.”

Вазъи Ироқ ноором боқӣ мемонад

Аммо омори охир ки аз ҷониби вазоратҳои дифоъ, умури дохилӣ, умури хориҷи ва беҳдошти Ироқ ба нашр расидаст, вазъро тамоман дигар гуна тасвир мекунад. Мизони хушунатҳои саросарӣ дар кишвар дар ду соли охир ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт, аммо ҳукумат мегӯяд, ки талафот миёни аҳолии мулкӣ ба сатҳи баландтаринаш расидааст. Танҳо дар моҳи июл 532 нафар ғайринизомиён ба ҳалокат расидаанд.

Обама гуфт, ки 50 000 афсару сарбозе, ки дар Ироқ хоҳанд монд, машғули тамрини нирӯҳои амниятии Ироқ, роҳандозии амалиётҳои зиддитеррористӣ ва таъмини амнияти барномаҳои Амрико хоҳанд шуд.

Ӯ афзуд, ки алоқамандии Амрико ба Ироқ аз кӯшишҳои низомӣ, ки онҳоро артиш ба зимма дошт, ба кӯшишҳои ғайринизомӣ тағйр меёбад ва ин кӯшишҳо акнун бар дӯши дипломатҳо хоҳад буд. Аммо дар як ҷабҳа Обама наметавонад гӯяд, ки ба комёбӣ ноил шуд ва ин ҳам ташкили ҳукумати Ироқ.

Бо гузашти чаҳор моҳ баъд аз интихобот дар он кишвар то ҳол эътилофи сиёсии ҳукмрон ташкил нашуд ва ироқиҳо натавонистанд нахуствазирашонро таъин кунанд.

Обама: Дар Афғонистон бо чолишҳо рӯбарӯем

Раҳбари Амрико дар ин суханрониаш инчунин дар бораи Афғонистон ёдовар шуда гуфт, ки вазъ дар онҷо чандон хуб нест.
Бо вуҷуди шубҳаҳо дар тавони Амрико барои пирӯзӣ дар ҷанги Афғонистон Обама эълом намуд:

“Мо дар Афғонистон бо чолишҳои бузург рӯбарӯем, аммо муҳим аст, то ки мардуми Амрико бидонанд, ки мо пешрафт карда истодаем ва мо ба ҳадафҳои возеҳ ва қобили расидани тамаркуз мекунем.”


Ӯ хотиррасон кард, ки Афғонистон паноҳгоҳ барои он террористоне буд, ки ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 ба Амрикоро тарҳрезӣ карда буданд ва агар чораҳои зарурӣ дида нашавад, Ал-Қоида дар он кишвар имконоти боз ҳам бузургтар касб хоҳад кард ва ба ин иҷозат додан мумкин нест.