Барои аввалин бор дар Тоҷикистон марказе бо номи «Суперкелинчак» таъсис дода шудааст, ки ба духтарон дарси кадбонуӣ медиҳад. Аз рӯзҳои аввали фаъолият ин марказ хоҳишмандони зиёд пайдо кардааст.
Азиза Эгамова, яке аз масъулони маркази «Суперкелинчак» мегӯяд, бо назардошти он, ки ин шабу рӯз волидайн, бахусус модарон, банди рӯзгоранд ва барои кадбонуи хуб шудани духтаронашон чандон аҳамият намедиҳанд, онҳо ин масъулиятро ба дӯши худ гирифтаанд.
Ба гуфтаи хонум Азиза, ин марказ духтаронро барои зиндагӣ дар хонаводаи шавҳар ва таҳаммулли мушкилоти мухталиф, ки ҳар оилаи ҷавон маъмулан бо он мувоҷеҳ мешавад, омода мекунад.
Тӯли ду моҳ барои хоҳишмандон, нафароне, ки мехоҳанд чун арӯси хуб тарбият бигиранд, хонадорӣ, ошпазӣ, ороиши мую рӯй, кӯмаки аввалини тиббӣ ва ҳатто таъмирҳои хурд, ки ҳар соҳибхоназан метавонад аз ӯҳдаи он барояд, омӯзонида мешавад.
Дарси таҳаммул дар оиладорӣ
Хонум Азиза мегӯяд, «дар Тоҷикистон чанд соли ахир оилаҳои ҷавон зиёд аз ҳам ҷудо мешаванд. Агар як сабабаш дар кадбонуи хуб набудани арӯс бошад, аз сӯи дигар таҳаммул надоштани духтарону писарон аст. Мо ин ҷо ба духтарон меомӯзем, ки онҳо набояд аз рӯи эҳсос рафтор кунанд. Бо мулоҳиза бошанд, иззату эҳтироми шавҳар ва пайвандони вайро ба ҷо оранд.»
Азиза Эгамова аз таҷрибаи рӯзгори худ меафзояд, мувофиқи фарҳанги шарқӣ, зан бояд ҳамеша тавре рафтор кунад, ки писанди шаваҳар ва хушдомани худ бошад. Масалан, ба ҳангоме, ки шаваҳар аз кор бармегардад, зан бояд хӯроки гарму лаззизро ба наздаш биёрад, ба ҳарфҳояш ботамкинона гӯш бидиҳад, беҳуда асабӣ накунад, зиёд сухан нагӯяд, корҳои хонаро ба зудӣ иҷро кунад ва дар баробари ҳамаи ин ҳамеша сару либос ва мӯю рӯяш ба тартиб бошад. Дар ин сурат метавон гуфт, ки барои шавҳараш беҳтарин ҳамсар ва барои хушдоман беҳтарин арӯс аст.
Гуфта мешавад, дар хушбахт ва ё бадбахт шудани оилаҳо дар Тоҷикистон нақши хушдоман низ бузург аст. Ва бар тибқи пурсишҳои анҷомдодаи бархе аз созмонҳо, бештари ҳодисаҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон бинобар нофаҳмӣ миёни арӯс ва хушдоман сурат мегирад. Бар тибқи оморҳои расмӣ, танҳо дар ним соли ахир бештар аз севвуним ҳазор оила аз ҳам пошидааст, ки ин арқом нисбати солҳои гузашта ба маротиб бештар аст.
Суперкелинчакҳои оянда
Азизаи 14-сола ҳам мехоҳад, дар оянда барои шавҳар ва хушдомани худ беҳтарин арӯс бошад. Ва барои расидан ба ин мақсад ӯ имсол ҳатто аз баҳри гузаронидан таътил дар фароғатгоҳ гузаштаву ҳафтае 3 маротиба дар маркази омодакунии арӯсҳои хуб дарс мегирад. Азиза мегӯяд, дар баробари он, ки аллакай чандин ҳунарҳоро аз худ кардааст, ҳамчунин тарзи рафтор ва гуфторро бо шавҳари оянда ва хонаводаи вай омӯхтааст.
Дилошӯби 16-сола ва яке аз дигар тарбиятгирандагони маркази «Супрекелинчак», бар ин аст, ки арӯсшаванда бояд қабл аз шавҳар кардан ба зиндагии мустқилона омода бошад. Ва ҳамчунин ӯ ҳоло фаҳмидааст, ки калиди хушбахтии оилавӣ дар хонадор ва таҳаммулпазир будани арӯс аст.
Роҳ ба қалби шавҳар
Дар маркази омода кардани арӯсҳои оянда ҷавондухтарон бар ивази 750 сомонӣ наздики 150 доллар тай муддати ду моҳ ҳафтае се маротиба таълим мегиранд. Чун мегӯянд, роҳ ба қалби шавҳар тариқи меъда аст, аз ин рӯ диққати асосӣ барои ошпазии духтарон дода мешавад ва тайи дуввуним соат онҳо 8 навъи таомҳои мухталифро омода мекунанд.
Таъсиси чунин марказҳоро бархе аз коршиносон дар шароити феълӣ сари вақтӣ ва муфид медонанд. Аз ҷумла Мунира Иноятова, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, ба ҳамин монанд марказҳо дар кишварҳои дигар кайҳо боз фаъолият мебаранд ва дар Тоҷикистон низ зарурати амал кардани онҳо ба миён омадааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Мунира, феълан волидайн танҳо дар андешаи ҳарчи тезтар ба шавҳар додани духтаронанд, аммо барои ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо фикре ҳам намекунанд.
Масъулини маркази «Суперкелинчак» мегӯянд, дар баробари духтарон ҷавонписарон ва домодҳои оянда низ аз онҳо дархост кардаанд, ки барояшон ҳамчунин давраҳои омӯзиширо доир кунанд. То ки онҳо низ битавонанд барои мустаҳкамии хонаводаашон мусоидат кунанд.