Кишварҳо ва созмонҳои кумакрасони хориҷӣ дар як ҳамоиш дар Бишкек ваъда додаанд, ки барои эҳёи Қирғизистон баъд аз таҳаввулоти сиёсӣ ва хушунатҳои байниқавмӣ, ки боиси марги садҳо нафар ва беҷошавии даҳҳо ҳазор сокини ин кишвар шуд, беш аз як миллиард доллар ихтисос хоҳанд дод.
Зимни конфронси кумакрасонон дар Бишкек намояндагони 14 кишвар ва 15 созмони байналмилалӣ дар посух ба даъвати ҳукумати муваққатии Қирғизистон 1,1 миллиард доллари амрикои кумак ваъда додаанд.
Роза Отунбоева, раисиҷумҳури кишвар, дар ин конфронс ба ҷамъомадагон муроҷиат карда гуфт: “Дар тӯли ин рӯзҳои вахим мо дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ, дӯстон ва шариконамонро ҳис мекардем. Ба вижа СММ ва шариконаш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуданд, ки ба минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон 96 миллион доллар ёрии башардӯстона ихтисос дода шавад. Бархе аз давлатҳои Ғарб ва созмонҳои байналмилалӣ ба ин даъват аллакай посух додаанд. Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври бесобиқа ҳоло ба чунин кумак ниёз дорад. Мо омодаем масъулияти пурраи ин ёриро ба зиммаи худ бигирем ва мо тазмин медиҳем, ки ин кумак ба нафъи мардуми кишвар сарф хоҳад шуд.”
Соли инқилобу хушунат
Ҳукумати кунунии Бишкек баъд аз фирори Қурмонбек Боқиев, президенти қаблӣ, дар натиҷаи исёни мардум дар миёнаҳои моҳи апрел ба сари қудрат омад. Дар натиҷаи инқилоб наздик ба 100 нафар кушта шуд.
Баъд аз ивазшавии ҳукумат дар минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон хушунатҳои байниқавми ба амал омадаанд ки дар натиҷааш дуввумин бузургтарин шаҳри кишвар Ӯш қариб тахриб гашт.
Хушунатҳо инчунин дар Ҷалалободи ҳамсоя низ ба амл омада буд. Бектур Асанов волии вилояти Ҷалалобод ба радиёи Озодӣ гуфт ки бино ба тахминҳо хисороти умумӣ дастикам 600 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Дар пешорӯи конфронс ҳукумат омори хисороти чанд ҳафтаи ошубҳоро ба нашр расонд. Дар ин гузориш ба вижа омадааст, ки “дар илова бар хисоротӣ иҷтимоӣ назири он, ки наздик ба 375 ҳазор нафар аз ҷойҳои зисташон фирор кардаанд ва то айни ҳол 75 ҳазор касашон ба ҷойҳои истиқоматашон барнагаштанд, дар натиҷаи ҳодисаҳои июни соли 2010 бахши маишӣ қариб тамоман дар коми оташ сухта сохтмонҳои ҳукуматӣ вайрон гаштаааст.”
Ҳатто дар вақтҳои беҳтарин Қирғизистон аз нодорӣ азият мекашид ва ҳодисаҳои фалокатбори моҳҳои охир вазъи иқтисодии бе ин ҳам заифи кишварро боз ҳам сангинтар кардааст. Ҳукумат пешгуӣ намуд, ки иқтисодӣ миллӣ дар соли 2010 ба 3,5 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Боқиев 450 миллион долларро бо худ бурд?
Русия баъд аз ошкор шудани он, ки қисми бузурги бахши якуми ин вом баробар ба 450 миллион доллар аз ҷониби фарзанди президент Боқиев Максим ва ҳамдастонаш ба кишварҳои севвум интиқол ёфтааст, кумакашро ба Бишкек қатъ карда буд.
Теодор Аҳлерс, мудири бахши стратегияи ва фаъолияти Бонки ҷаҳонӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, дар посух ба саволи радиои Озодӣ дар бораи он, ки то чӣ андоза бовар дорад, ки ҳукумати муваққати Қирғизистон ёрии байналмилалиро миёни мардум тақсим хоҳад кард гуфт:
“Мо маҷбурем бо он ҳукумате, ки имруз мавҷуд аст, ҳамкорӣ кунем. Ин ҳукумат талош кардааст, таҷрибаҳои ҳукумати қаблиро қатъ кунад. Ҳукумати қаблӣ аз қудрати мардум ва пулҳои давлатӣ сӯйистифода карда буд.”
Навсозии маҳаллаҳои узбакнишини Ӯш
Аммо баёнияҳои ҳукумати Бишкек на ҳамеша бо сиёсатҳои мақомдорони ҷануби кишвар ҳамоҳангсоз аст. Мелис Мирзоахматов, шаҳрдори Ӯш, ба радиои Озодӣ дар бораи тарҳаш барои бозсозии шаҳри Ӯш нақл кард. Вай ба вижа гуфт, ки дар ҷои маҳаллаҳои тахрибшуда, ки ағлабияти аҳолиашонро ӯзбакҳо ташкил медоданд, хонаҳои бисёрқабата бунёд хоҳад шуд. Дар ин манзилҳо, гуфт шаҳрдор, қирғизҳову ӯзбакҳо ба сар хоҳанд бурд. Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир миёни ин ду гурӯҳ ихтилофҳои зиёд вуҷуд дорад.
Аҳлерс гуфт, ки кумакрасонон дар бораи тарҳи баҳсбарангези шаҳрдори Ӯш огаҳ буданд ва нигаронии худро баён намуданд. Аҳлерс афзуд, ки ҳукумати марказӣ ваъда дод, ки мардумро аз хонаҳои шахсиашон бо зӯрӣ берун нахоҳанд кард ва ҳукумат моликияти шахсии мардумро эҳтиром мекунад. Кумакрасонон ба вижа қайд карданд, ки ба хоҳишмандон бояд иҷозат дода шавад манзилҳояшонро аз сар бисозанд.
Роза Отунбоева дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ шаҳрдори Ӯшро шахси баҳсбарангез номида гуфт, ки қасд дорад рӯзҳои наздик аз шаҳри Ӯш дидан кунад.
Роза Отунбоева, раисиҷумҳури кишвар, дар ин конфронс ба ҷамъомадагон муроҷиат карда гуфт: “Дар тӯли ин рӯзҳои вахим мо дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ, дӯстон ва шариконамонро ҳис мекардем. Ба вижа СММ ва шариконаш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуданд, ки ба минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон 96 миллион доллар ёрии башардӯстона ихтисос дода шавад. Бархе аз давлатҳои Ғарб ва созмонҳои байналмилалӣ ба ин даъват аллакай посух додаанд. Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври бесобиқа ҳоло ба чунин кумак ниёз дорад. Мо омодаем масъулияти пурраи ин ёриро ба зиммаи худ бигирем ва мо тазмин медиҳем, ки ин кумак ба нафъи мардуми кишвар сарф хоҳад шуд.”
Соли инқилобу хушунат
Ҳукумати кунунии Бишкек баъд аз фирори Қурмонбек Боқиев, президенти қаблӣ, дар натиҷаи исёни мардум дар миёнаҳои моҳи апрел ба сари қудрат омад. Дар натиҷаи инқилоб наздик ба 100 нафар кушта шуд.
Баъд аз ивазшавии ҳукумат дар минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон хушунатҳои байниқавми ба амал омадаанд ки дар натиҷааш дуввумин бузургтарин шаҳри кишвар Ӯш қариб тахриб гашт.
Хушунатҳо инчунин дар Ҷалалободи ҳамсоя низ ба амл омада буд. Бектур Асанов волии вилояти Ҷалалобод ба радиёи Озодӣ гуфт ки бино ба тахминҳо хисороти умумӣ дастикам 600 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Дар пешорӯи конфронс ҳукумат омори хисороти чанд ҳафтаи ошубҳоро ба нашр расонд. Дар ин гузориш ба вижа омадааст, ки “дар илова бар хисоротӣ иҷтимоӣ назири он, ки наздик ба 375 ҳазор нафар аз ҷойҳои зисташон фирор кардаанд ва то айни ҳол 75 ҳазор касашон ба ҷойҳои истиқоматашон барнагаштанд, дар натиҷаи ҳодисаҳои июни соли 2010 бахши маишӣ қариб тамоман дар коми оташ сухта сохтмонҳои ҳукуматӣ вайрон гаштаааст.”
Ҳатто дар вақтҳои беҳтарин Қирғизистон аз нодорӣ азият мекашид ва ҳодисаҳои фалокатбори моҳҳои охир вазъи иқтисодии бе ин ҳам заифи кишварро боз ҳам сангинтар кардааст. Ҳукумат пешгуӣ намуд, ки иқтисодӣ миллӣ дар соли 2010 ба 3,5 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Боқиев 450 миллион долларро бо худ бурд?
Мақомоти Бишкек мегӯянд, президенти собиқ Қурмонбек Боқиев садҳо миллион доллари кумак ба ин кишварро бо фарзандонаш ба берун аз кишвар бурдааст
Дар конфронс гуфта шуд, ки сармояи ваъдашуда бояд таҳти шартҳои мушаххаси сахтгирона истифода шавад. Кумакрасонон таҷрибаи барбод додани кумакҳои қаблиро аз ҷониби Бишкек дар назар доштанд. Як мисоли охир воми 2 миллиарддолларии Русия ба Қирғизистон мебошад.Русия баъд аз ошкор шудани он, ки қисми бузурги бахши якуми ин вом баробар ба 450 миллион доллар аз ҷониби фарзанди президент Боқиев Максим ва ҳамдастонаш ба кишварҳои севвум интиқол ёфтааст, кумакашро ба Бишкек қатъ карда буд.