Ҷомеашиносон мегӯянд, ҳифз кардани муносиботи ҳамсоядорӣ аз беҳтарин арзишҳои фарҳанги мардуми тоҷик аст, ки барои муттаҳид шудан ва нисбат ба ҳамдигар бетафовут набудани инсонҳо кӯмак мекунад.
Дар зиндагии мардуми тоҷик, низ ҳамсоя нақши муассир ва фаъол дорад ва маъмулан рӯзҳои хурсандӣ ва сахти худро бо ҳам мебинанд. Ҳамсояи хуб аз хеши наздик беҳтар аст, мегӯянд онҳо ва дар аксари ҳолат муносибати дӯстонаашон то ҷое мерасад, ки ба қавле, бе ҳамдигар об аз гулӯяшон намегузарад.
Мусоҳибони гузориши мо мегӯянд, қаҳри будан бо ҳамсоя зиндагиашонро тангу тор мекунад ва аз ин рӯ аксари онҳо кӯшиш мекунанд бо ҳамсояҳо муносибатҳои беҳтарини инсониро ба роҳ монанд.
Ҳамсоядорӣ низ дипломатия аст, аммо дар доираи оилаҳо ва маҳал. Бо доштани муносибатҳои хуби ҳамсоядорӣ дар рӯзҳои сахт аз онҳо кӯмакҳои молӣ ва маънавиро метавон интизор буд, мегӯянд соҳибхоназанҳое, ки таҷрибаи ҳудудан 20-солаи ҳамсоядорӣ доранд.
Аксарият ҳамин гуфтаҳоро, ки «Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст», дастгирӣ мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад