Кӯчаву хиёбонҳои Ӯш дубора пур аз мошин шуда, тарабхонаҳои шаҳр аз нав дари худро ба рӯи мизоҷон боз мекунанд ва дар бархе гӯшаҳо мардум ба эъмори дубораи манзилҳои сӯхтаи худ шурӯъ кардаанд.
Аммо аз бархе канораҳои дигари шаҳр ба машом ҳамчунон бӯи дуд мерасад, аз қубурҳои канда ҳамоно об ҷорист ва мардуми зиёде то ҳол дар хаймаҳо ва зери овори манзилҳои собиқи худ ба сар мебаранд.
Дар даргириҳои моҳи июн байни қирғизҳову узбакҳо беш аз 300 нафар кушта ва садҳо манзилу дӯконҳо тахриб шуданд. Ҳукумат мегӯяд, ҷиҳати эъмори эътимоди миёни ин ду қавм тамоми кори лозимро хоҳад кард. Аммо бо гузашти якуним моҳ аломатҳои оштӣ байни қирғизҳову узбакҳо дар ин шаҳри захмӣ хеле кам мушоҳида мешавад.
Баръакс шоеъоту иддаъои мавҷуда боиси ҳатто дар муқоиса бо рӯзҳои аввали баъди даргириҳо боз ҳам амиқтар шудани шикоф байни ин ду қавм шудааст.
Ағлаби қурбониёни рӯёрӯиҳои моҳи июн ва ҳам аксари беҷошудагон узбакҳо буданд, ки садҳо ҳазораш аз марз гузашта, ва дар урдугоҳҳои паноҳандагон дар Узбакистон паноҳ бурданд. Онҳо мегуфтанд, ҳадафи ҳамлаи нирӯҳои пулис ва воҳидҳои низомии Қирғизистон қарор гирифтаанд.
Матбуот бо узбакҳо мусоҳиба намекунад?
Вале матбуоти таҳти назорати давлат узбакҳоро дар сар задани хушунатҳо айбдор мекунад. Ин ҳол ба оташи танишҳо равған рехта, узбакҳоро ҳамчунон берун аз кӯчаву хиёбон ва асири манзилҳои худ кардааст. Ин ба навбаи худ дар миёни қирғизҳо тарс аз узбакҳоро ҳам эҷод кардааст.
Як шоҳиди хориҷӣ, ки рӯйдодҳои ахир дар ҷануби Қирғизистонро ба чашми худ дидааст, бидуни бурдани ном аз тарси амнияташ гуфт, дар мусоҳибаҳои телевизион ҳатто як узбакро ҳам намебинад, ки сӯҳбат кунад:
“Як зане, ки бо ман сӯҳбат кард, гуфт, дар телевизион манзили худро дидааст, ки як зани қирғиз дар ҳавлии манзили ӯ истода, мегуфт, ки ин манзили ман аст ва 40 узбак омада, онро ба коми оташ кашиданд. Воқеъият ин аст, ки беш аз 90 дарсад хонаҳои сӯхта аз узбакҳо буд, вале то кунун як мусоҳиба ҳам бо узбакҳо нашр нашудааст”.
Бо вуҷуди оғози эъмори муҷаддади бархе манозил, хушунатҳо ҳанӯз идома дорад. Нерӯҳои амниятӣ мунтазам ба поккории манотиқи узбакнишин мепардозанд ва сокинон мегӯянд, ки мардони ҷавонро латукӯб ва боздошт мекунанд, то аз хешовандон ва дӯстони онҳо пул биситонанд.
Дар ҷустуҷӯи наздикон
Узбакҳо сарнавишти пайвандони худро аз дафтарҳои маҳаллии Хадамоти амнияти миллӣ ҷӯё мешаванд. Як зан 5 ҳафта боз дари ин идоротро мекӯбад, то хабари шавҳари гумшудаашро пайдо кунад.
Як мӯйсафед мунтазири шунидани хабар дар бораи ду фарзандаш буда ва як зани кӯдакдор мехоҳад бидонад, ки бо шавҳари ӯ чӣ шуд?
Дар фосилаи кӯтоҳе аз сохтмони ҳукумати вилоят издиҳоми қирғизҳоро мебинем, ки дар кӯча хаймаву юрт зада, аксҳои пайвандони гумшудаи худро овехтаанд.
Ин мардуми ғамзада мегӯяд, онҳоро узбакҳо гаравгон гирифтаанд. Ҳамин иддао тавҷеҳи амалиётҳои пайдарпайест, ки нирӯҳои амниятӣ болои минтақаҳои узбакнишин анҷом медиҳанд.
Гуфтугӯе ба хотири оштӣ матраҳ нест. Дар маркази Ӯш як гурӯҳ ҷавонони авбошнамои қирғиз узбакҳоро ба оғози хушунатҳои моҳи июн айбдор мекунад. Яке аз онҳо мақомотро айбдор мекунад, ки барои ҷилавгирӣ аз ин хушунатҳо коре накард ва мегӯяд, дар ин сурат, онҳо худ барои дифоъ аз худ ва замини худ ба по хоҳанд хест.
Узбакҳо ба Русия мераванд
Дар минтақаи узбакнишини Шарқ, Карим ном нафаре мегӯяд, аксари ҷавонони узбак ба Русия мераванд. Ӯ умедвораст, ки пулиси ғайримусаллаҳи САҲА, ки моҳи август хоҳад омад, тартиботро барқарор хоҳад кард. Карим мегӯяд, ки онҳо рӯи созмонҳои байналмилалӣ ҳисоб мекунанд ва шояд аз дасти ин пулис кӯмаке бирасад.
Шакар Диҳанова, сокини як рустои хурди қирғизнишин, ки аксари манозилаш ба коми оташ рафтааст, мегӯяд, сохтмони хонаашро тоза қабл аз рӯйдодҳои моҳи июн анҷом дода буд, вале дар ҷараёни даргириҳо узбакҳо хонаи ӯро оташ заданд.
Мақомот дар Бишкек мегӯянд, хушунатҳои моҳи июнро нирӯҳое оташ доданд, ки дар ба ҳам задани суботи ҳукумати муваққат манфиатдор буданд. Онҳо мегӯянд, интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ, ки дар сентябр ё авоили октябр хоҳад гузашт, заминаи низоми нави демократии парлумониро фароҳам оварда, пуле ба сӯи эъмори субот дар Қирғизистон хоҳад шуд.
Аммо идомаи афзоиши танишҳо ва аломатҳои ночизи назорати давлат бар нирӯҳои маҳаллии амниятӣ ҳокии нигарониҳои ҷиддӣ пиромуни эҳтимоли мавҷи нави хушунатҳост. Хушунатҳое, ки метавонад дар ниҳоят тамоми Қирғизистонро дар гирдоби беназмӣ ғарқ кунад.