Дар ҳоле гармои шадид дар Руссия бедод мекунад, мардум дар минтақаи Ёқутистон воқеъ дар Сибири шарқӣ, ки сардтарин ҷои дунё шинохта шудааст, аз дамои ғайри маъмул ба таври дастҷамъӣ ба яхпораҳои Булус паноҳ мебаранд.
Дар боғи ҳайвоноти Ёқутистон нигаҳбонон ба рӯи ҳайвонот оби сард мепошанд. Мақомот дар иддае аз минтақаҳои аврупоии Русия вазъияти фавқулъода эълон намуданд. Дар бархе ҷойҳо аз гармии хуршед ҳосил талаф шуда, сабаби сӯхтор дар ҷангалзорҳо шудааст.