Шикояти фарзандони Мирзо Зиёев қонеъ нашуд

Бино ба иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии шикояти даъвогии фарзандони Мирзо Зиёев, аз сӯи се додраси Додгоҳи Олӣ доир шуд. Ҳайати додрасони мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукуми додгоҳ нисбат ба Муҳаммадризо Зиёев ва Саидаҳмад Зиёеро, ки ба 28 ва 30 соли зиндон маҳкум шуда буданд, бетағйир гузошт.
Ба қавли иҷрокунандаи вазифаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Анвар Юсуфов, пас аз натиҷаи баррасии шиокяти даъвогӣ, ҳукми қаблии додгоҳ дар марвиди фарзандони Мирзо Зиёев ба марҳилаи иҷро даромад.

Қаблан Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як муҳокимаи паси дарҳои баста писарони вазири пешини ҳолатҳои изтирорӣ ва собиқ фармондеҳи кулли нерӯҳои Иттиҳоди оппозитсюни тоҷик, Мирзо Зиёевро дар ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, нигаҳдошти силоҳу муҳимот ва талоши ғасби қудрату тағйири низом муҷрим дониста ва ба 28 ва 30 соли зиндон маҳкум намуда буд.

Ҳаводиси соли гузаштаи Тавилдара

11 июли соли 2009 бар асари як иттифоқи то кунун мармуз, Мирзо Зиёев, фармондеҳи нерӯҳои кулли собиқ ИНОТ ва вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон дар шарқи кишвар кушта шуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ӯ аз тири ҳамсилоҳони худаш кушта шуд.

Бино ба фарзияи расмии мақомоти Тоҷикистон Мирзо Зиёев, вазири пешини ҳукумат ба гурӯҳи мусаллаҳи ғайри қонунии Неъмат Азизов дар ин минтақа робита дошта ва онро роҳнамоӣ мекардааст. Ва бинобар ин, аз сӯи мақомот боздошт мешавад. Мақомот мегӯянд, ӯ вақте, ки мехост, Неъмат Азизовро барои таслим шудан ва канор гузоштани силоҳ ташвиқ кунад, аз тири ҳамсилоҳони пешини худ кушта шуд. Ин фарзияи расмист.

Дар поёни моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли 2009 воҳидҳои низомии вазоратҳои дифоъ ва умури дохила ва кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба шарқи кишвар ҳаракат мекарданд ва рафтуомад дар масири Душанбе - Хоруғ барои мусофирон қатъ шуд.

Мақомоти расмӣ дар ибтидо ҳар гуна хабар роҷеъ ба ҳаводиси Тавилдараро такзиб мекарданд ва ҳаракати нерӯҳо ва таҷаммӯъи ҷузвутомҳои низомиро як ҳаракати барномавии нерӯҳо унвон намуданд.

Шабаҳи Мулло Абдулло дар Тавилдара


Расонаҳои хабарӣ дар он шабу рӯз, аз вуруди ҷангиёни Мулло Абдулло, яке аз фармондеҳони мухолифини собиқ, ки дар Покистон ва Афғонистон ба сар мебурд, хабар медоданд. Ин хабар ҳамчунон то поёни ҳаводис таъйид нашуд. Ва ба думболи шикасти ин гурӯҳи мусаллаҳ дар Тавилдара низ изи пое аз гурӯҳи Мулло Абдулло ба чашм наёмад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаргиз ҳузури Мулло Абдуллоро дар шарқи Тоҷикистон таъйид накарданд. Вале ба думболи ҳаводиси Тавилдара дар пайи пои ӯ баромаданд ва ёрони собиқашро таъқиб мекарданд.

Мулло Абдулло, ки дар Тоҷикистон ба ҷароими мухталиф муттаҳам мебошад, дар соли 2001-ум Тоҷикистонро ба қасди Афғонистон тарк кард ва баъдан аз пайвастани ӯ ба ҷумбиши Толибон ва аз алоқаи гурӯҳи ӯ бо Ал-Қоида низ борҳо гузориш расидааст.

Ҳанӯз ҳам сарнавишти ин фармондеҳи мухолифини собиқ, ки аъзои гурӯҳи ӯ дар куштори се ходими СММ дар шарқи Тоҷикистон низ муттаҳам ва муҷозот шудаанд, номаълум аст.

“Кӯкнор – 2009”

Ба думболи дар миёнаҳои май соли 2009 аз тири аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Неъмат Азизов кушта шудани як афсари вазорати дифоъ, ташаннуҷи бештари авзоъ ва афзоиши нигарониҳои мардуми маҳаллӣ, мақомот аз ҳузури унсурҳои ҷиноие, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд, эълон карданд.

Дар 20-уми моҳи майи соли 2009 Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон амалиёти “Кӯкнор-2009”-ро, як амалиёти саросарӣ эълон кард ва сухангӯи ин вазорат гуфт: “Бино бар маълумотҳои фаврӣ дар навоҳии водии Рашт киштукори маводи нашъадор ба назар гирифта шудааст”.

Ва ҳамин тавр, ривояти расмии фиристодани нерӯҳои ҳарбӣ ба Тавилдара, аввал мубориза бо кишти кӯкнор ва баъдан бо гурӯҳҳое эълон шуд, ки мехостанд, роҳи қочоқи маводи мухаддирро тавассути шарқи Тоҷикистон ба ҷануби Қирғизистон зери назар қарор диҳанд.

Бино ба ахбори манобеъи расмӣ, ҳадафи ин гурӯҳ аз зери назар қарор додани роҳи қочоқи маводи мухаддир ба даст овардани фоидаи молӣ ва дар навбати дигар масрафи ин фоида ба манзури таъмини молии нерӯҳои мухолиф ва мусаллаҳи зидди давлат будааст.

Аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ ва раҳбари онҳо, ки Неъмат Азизов, аз фармондеҳони пешини мухолифи давлат унвон шуд, ҳаргиз роҷеъ ба аҳдоф ва барномаи худ бо матбуот ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбате накарда буданд.

Қатли Мирзо Зиёев

Мақомот ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ дар Тавилдараро рад мекарданд, аммо борҳо ба воситаҳои мухталиф вориди гуфтугӯ бо ин гурӯҳ шудаанд. Ин гурӯҳ иборат аз чанд нафар ҷангиёни пешини ИНОТ бо сардории фармондеҳи собиқ Неъмат Азизов буд.

Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи мухолифони собиқ борҳо паёми ҳукумат ба ин гурӯҳро оварда буд. Вале мушкил ҳамчунон боқӣ монд.

Рӯзи 8 -уми июли соли 2009 аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи нерӯҳои давлатӣ хабар дода шуд. Ин нахустин бархурди рӯбарӯи нерӯҳои давлат бо ин гурӯҳи мусаллаҳ буд. Ба думболи он, хабари пайвастани Мирзо Зиёев ба нерӯҳои мусаллаҳи бо сардории Неъмат Азизов тавассути расонаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон эълон шуд.

Талоши ин нерӯҳо барои тасарруфи маркази маъмурии ноҳияи Тавилдара ноком шуд. Ва рӯзи 11-уми июл хабари боздошт ва ё ба таъбири дигар таслими Мирзо Зиёев ба дасти нерӯҳои давлатӣ расид.

Вале рӯзи 12 -уми июл хабари қатли мармузи Мирзо Зиёев нашр шуд. Мақомоти расмӣ зимни баёнияе гуфтанд, ки Мирзо Зиёев мехост барои гуфтушунид ба назди Неъмат Азизов биравад ва ӯву гурӯҳашро барои таслим мутақоид кунад, вале аз тири ҳамсафони собиқи худ кушта шуд.

Фарзияҳо

Ин танҳо фарзияи расмӣ буд. Овози тарафи дигар ҳаргиз шунида нашуд, то назари худро бигӯяд, ки дар воқеъ ҷониби фармондеҳи пешини худ силоҳ кашид ва ӯро кушт?

Бо куштани шудани Мирзо Зиёев аксари нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ ба оҳистагӣ аз минтақа хориҷ мешуданд.

Аммо таъқиби Неъмат Азизов ва аъзои гурӯҳаш ҳамчунон идома дошт. Неъмат Азизов, ки дар амалиёти рӯзи 8-уми июл захмӣ шуда буд, то пои ҷон таслим нашуд.

Бародарони Неъмат Азизов, ки узви дастаи ӯ буданд, баъди маргаш, бо миёнҷигарии модарашон худро таслими нерӯҳои давлатӣ карданд.

Ҳаводиси соли гузаштаи Тавилдара то кунун таҳлили ҷиддии коршиносӣ нашуда ва баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низ нагирифтааст. Ба ин далел суолҳое дар зеҳнҳо ҳамчунон матраҳ аст, ки посух мехоҳанд.

Ҳаргиз собит нашуда ва марг низ ин фурсатро аз Мирзо Зиёев гирифт, ки иттиҳомоти алайҳашро рад кунад ва ё бигӯяд, ки қасдаш аз ҳамроҳӣ бо ин гурӯҳ дар воқеъ чӣ буд.

Чизе мусаллам аст, ин аст, ки Мирзо Зиёев аз замони барканорияш аз вазорат Тавилдараро мақари зисти худ қарор дода буд ва дар кунҷи дилаш, ба ҳар сурат, аз амнияти худ дар Душанбе нигаронӣ дошт.